https://sputnik.tj/20211027/narkh-ord-bozor-tojikiston-garon-1043124805.html
Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон боз гарон шуд
Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон боз гарон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Арзиши орд маҳсулоти асосии ғизоӣ дар Тоҷикистон боло рафтааст. Нархи аз ҳама баланд дар навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони кишвар арзёбӣ мешавад
2021-10-27T16:02+0500
2021-10-27T16:02+0500
2021-10-27T17:39+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
воридот
гандум
орд
бозор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102983/87/1029838708_142:0:1779:921_1920x0_80_0_0_15955a9399acb9ee24b86f596cbb30a5.jpg
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Бино ба гуфти фурӯшандаҳо, қимати орд тайи рӯзҳои охир дар бозорҳои кишвар якбора 10-20 сомонӣ боло рафта, ба 270-310 сомонӣ баробар шудааст. Ғаниҷон Почоев, раиси Анҷумани соҳибкорони бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон болоравии нархи ордро тасдиқ намуд. Номбурда дар бораи сабаби боло бурдани нарх аз ҷониби ширкатҳои тавлидкунандаи орд изҳори бехабарӣ кард. Аммо манобеи наздик ба ширкатҳои тавлидкунандаи орд ва коркарди гандум дар Суғд мегӯянд, зиёдаравии кормандони нозироти андоз боиси тағйирёбии нархи маҳсулот гардидааст. “Кормандони идораҳои андоз фаъолияти осиёбҳоро санҷида, барои коркарди ҳар тонна гандум андоз муқаррар намудаанд. Вақте ки андоз зиёд шуд, он ба нархи маҳсулоти тавлидшаванда таъсир мерасонад”, - иброз намуд манбаъ. Дар ҳамин ҳол сокинони шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон низ дар бораи болоравии нархи орд дар макони зисташон хабар доданд. Бино ба таъкиди сокинон, ҳоло қимати як халта орд дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он ба 300 сомонӣ баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи қабл 1 халта орд ҳамагӣ 280-290 сомонӣ фурӯхта мешуд. Сокинони навоҳии ВМКБ мегӯянд, нархи орд дар ин минтақаи кишвар ба 310 сомонӣ дакка хӯрдааст. Вазорати рушди иқтисод ва савдо чанде қабл хабар дода буд, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ зиёда аз 25 ҳазор тонна орд ворид шудааст, ки ин шохис нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузашта 50 дарсад камтар аст. Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки гароншавии орд дар кишварро ба хушксолӣ ва камҳосилӣ дар кишварҳои содиркунандаи гандум рабт дорад.Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандуми мерӯёнад, боқимонда воридотӣ аст.Бар асоси охирин додаҳо, соли равон дар Тоҷикистон 684 ҳазору 419 тонна гандум истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 48 ҳазору 414 тонна зиёд мебошад.Тоҷикистон дар сол ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад. Дар ҳамин ҳол аксари ронандаҳои мошинҳои боркаш сабаби болоравии нархи маҳсулоти бозор, аз ҷумла ордро ба гароншавии қимати маводи сӯхт, бензину сӯзишвории дизелӣ (солярка) нисбат медиҳанд.
https://sputnik.tj/20211022/vazorat-kishovarzi-garon-narkh-ord-sharh-1043029134.html
https://sputnik.tj/20210929/raisi-dushanbe-kartoshka-sabzi-ord-zimiston-1042570081.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102983/87/1029838708_346:0:1574:921_1920x0_80_0_0_5e933984c6557aa84adfcb81c0389f97.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх орд бозор тоҷикистон гарон
нарх орд бозор тоҷикистон гарон
Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон боз гарон шуд
16:02 27.10.2021 (Навсозишуда: 17:39 27.10.2021) Арзиши орд, маҳсулоти асосии ғизоӣ дар Тоҷикистон афзудааст. Нархи аз ҳама бештар дар навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 27 окт – Sputnik. Бино ба гуфти фурӯшандаҳо, қимати орд тайи рӯзҳои охир дар бозорҳои кишвар якбора 10-20 сомонӣ боло рафта, ба 270-310 сомонӣ баробар шудааст.
Ғаниҷон Почоев, раиси Анҷумани соҳибкорони бозори “Панҷшанбе”-и Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон болоравии нархи ордро тасдиқ намуд.
“Ширкатҳое, ки ба тавлиди орд машғуланд, вақтҳои охир нархи маҳсулотро баланд намудаанд. Агар пештар як халта орд бо нархи 250 сомонӣ ба дасти фурӯшандаҳои бозор мерасид, ҳоло 265 сомонӣ шудааст. Фурӯшандаҳо дар навбати худ 5 сомонӣ ба он зам намуда, ба харидорон пешниҳод мекунанд”, - гуфт Почоев.
Номбурда дар бораи сабаби боло бурдани нарх аз ҷониби ширкатҳои тавлидкунандаи орд изҳори бехабарӣ кард.
Аммо манобеи наздик ба ширкатҳои тавлидкунандаи орд ва коркарди гандум дар Суғд мегӯянд, зиёдаравии кормандони нозироти андоз боиси тағйирёбии нархи маҳсулот гардидааст.
“Кормандони идораҳои андоз фаъолияти осиёбҳоро санҷида, барои коркарди ҳар тонна гандум андоз муқаррар намудаанд. Вақте ки андоз зиёд шуд, он ба нархи маҳсулоти тавлидшаванда таъсир мерасонад”, - иброз намуд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол сокинони шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Бадахшон низ дар бораи болоравии нархи орд дар макони зисташон хабар доданд.
Бино ба таъкиди сокинон, ҳоло қимати як халта орд дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он ба 300 сомонӣ баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи қабл 1 халта орд ҳамагӣ 280-290 сомонӣ фурӯхта мешуд.
Сокинони навоҳии ВМКБ мегӯянд, нархи орд дар ин минтақаи кишвар ба 310 сомонӣ дакка хӯрдааст.
“Нархи як халта орди навъи “Дастархон”, ки истеҳсоли ватанӣ аст, имрӯз дар бозори марказии ноҳия ба 310 сомонӣ баробар шудааст. Фурӯшандаҳо мегӯянд, ки бо нархи гарон ин маҳсулотро харидаанд”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон аз ВМКБ.
Вазорати рушди иқтисод ва савдо чанде қабл хабар дода буд, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ зиёда аз 25 ҳазор тонна орд ворид шудааст, ки ин шохис нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузашта 50 дарсад камтар аст.
Абдуқодир Ятимов, сармутахассиси Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бар ин назар аст, ки гароншавии орд дар кишварро ба хушксолӣ ва камҳосилӣ дар кишварҳои содиркунандаи гандум рабт дорад.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо ба ҳадди 50-60 фоизи талаботи ҷомеа гандуми мерӯёнад, боқимонда воридотӣ аст.
Бар асоси охирин додаҳо, соли равон дар Тоҷикистон 684 ҳазору 419 тонна гандум истеҳсол шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 48 ҳазору 414 тонна зиёд мебошад.
Тоҷикистон дар сол ба ду миллион тонна гандум ниёз дорад.
Дар ҳамин ҳол аксари ронандаҳои мошинҳои боркаш сабаби болоравии нархи маҳсулоти бозор, аз ҷумла ордро ба гароншавии қимати маводи сӯхт, бензину сӯзишвории дизелӣ (солярка) нисбат медиҳанд.