Нигаронкунанда: Болоравии рекордии нархи бензину сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik Цены на АЗС в Согдийской области
Цены на АЗС в Согдийской области  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2021
Обуна шудан
Қимати фурӯши бензин ва солярка асоситарин маводи сӯхт дар Тоҷикистон ба таври рекордӣ баланд шудааст
ДУШАНБЕ, 30 окт – Sputnik. Тайи даҳ рӯзи охир нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон беист ва ҳаррӯз ба ҳисоби то 20 дирамӣ баланд мешавад. Агар даҳ рӯз қабл нархи ин навъ маводи сӯхт ҳамагӣ 9, 8 сомонӣ ҳоло 11, 5 сомонӣ шудааст.
Бино ба тоблуи нархномаии ширкатҳо дар Суғд, ҳоло нархи як литр солярка 11, 5 сомонӣ, бензини навъи АИ 92 - 11, 2 сомонӣ, АИ 95 - 11, 5 сомонӣ баробар шудааст. Нархи гази моеъ то 7, 8 сомонӣ рақам зада мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи кишвар қимати чунин маводи сӯхт то ба 11, 6 ва 11, 8 сомонӣ баланд шудааст.
Гароншавии беисти нархи маводи сӯхт сокинонро аз он нигарон кардааст, ки чунин вазъ ба қиммати хизматрасонии нақлиётӣ ва арзиши молу маҳсулотӣ бозорӣ таъсири амиқ мерасонад.
Мука, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Нархи орд дар бозорҳои Тоҷикистон боз гарон шуд
Шамсиддин Каримов, як ронандаи микроавтобуси хатсайри Истаравшан – Хуҷанд мегӯяд, гароншавии маводи сӯхт ба кори онҳо таъсири ҷиддӣ мерасонад.
“Назар ба ду ҳафта пеш нархи солярка қариб 2 сомонӣ баланд шудааст. Агар 20 рӯз пеш 50 литр соляркаро бо нархи 475 – 476 сомонӣ мехаридем, ҳоло 575 сомонӣ шудааст, яъне 100 сомонӣ гаронтар шудааст”, - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Сокинон мегӯянд, афзоиши нархи маводи сӯхт дар кишвар боз ҳам зарба ба ҷайби мардуми оддӣ, хоса онҳое, ки ҷойи кору даромади собит надоранд мезанад.

Таъсири нархи маводи сӯхт ба нарху навои бозор

Дар пайи болоравии қиммати маводи сӯхт, нархи молу маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳо тағйир ёфтааст.
Бино ба мушоҳидаҳо ҳоло арзиши як литр равғани растанӣ дар бозорҳои марказии шаҳру навоҳии Суғд бо нархи 25 сомонӣ фурӯхта мешавад, як ҳафта пеш арзиши он 20 сомонӣ буд. Ва ё нархи як халта орд аз 250 сомонии чанд рӯз қабл то ба 275 – 280 сомонӣ баробар шудааст.
Работа АЗС в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.10.2021
Нархи сӯзишвории дизелӣ боз афзоиш ёфт: бо бензин баробар
Қиммати ин навъ маҳсулот дар бозорҳои шаҳру вилоятҳои Душанбе, Хатлон ва вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ин ҳам гаронтар арзёбӣ мешавад.
Коршиносони умумри иқтисодӣ мегуянд, маҳсулот дар бозорҳои кишвар умдатан кашонида сурат мегирад ва болоравии нархи маводи сӯхт ба нарху навои бозор низ таъсир мерасонад.
“Вақти нархи бензину солярка боло меравад, табиист ки нархи роҳкирои мошини бор ҳам тағйир меёбад, чун ҳеҷ вақт ронанда ба зарари худ кор намекунад. Вақте роҳкиро боло рафт, нархи бор ҳам боло меравад”, афзуд Шуҳрат Комилов иқтисодшинос.

Нархи аз пешгӯии ширкатҳо ҳам баланд

Чанд рӯз муқаддам масъулини “Газпромнефт”, яке аз ширкатҳои бузурги воридкунандаи маводи сӯхт ба Тоҷикистон афзоиши нархи сӯзишворӣ дар кишварро пешгӯӣ карда буд.
Масъулини "Газпромнефт" изҳор карда буданд, ки эҳтимол то охири моҳи октябр “арзиши як литр бензини АИ - 95 ба 11, 1 сомонӣ (0,98 доллар), АИ 92 ба 10, 9 сомонӣ (0,96 доллар) ва сӯхти дизелӣ ба 10, 5 сомонӣ (0,93 доллар) расад.
Встреча Посла Республики Таджикистан в Республике Казахстан Х. Ибодзода и Заместителя министра энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Ш. Худобахш с Заместителем министра энергетики Республики Казахстан А. Магаумовым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.10.2021
Тоҷикистон мехоҳад аз Қазоқистон маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ворид кунад
Аммо, тавре ҳоло дида мешавад, нархи як литр солярка 11, 5 - 11, 6 сомонӣ, бензини навъи АИ 92 - 11, 2 – 11, 4 сомонӣ, АИ 95 - 11, 5 – 11, 7 сомонӣ баробар шудааст.
Болоравии нархи ин мавод дар Тоҷикистон дар муқоиса ба аввали соли ҷорӣ 3, 8 то 4 сомонӣ ё 58 – 62 % гуфта мешавад.
Дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ қимати як литр гази моеъ 4, 5 сомонӣ, бензин ва сӯзишвории дизелӣ ҳудуди 7 сомонӣ буд.
Дар Ширкатҳои воридкунандаи маводи сӯхт сабаби болоравии нархро ба афзоиши арзиши маводи сӯхт дар кишварҳои содиркунанда, аз ҷумла Русия, Қазоқистон ва чанд давлати дигар рабт медиҳанд.
Тоҷикистон маводи сӯхт аз хориҷ, асосан аз Русия ва Қазоқистон ворид мешавад.
Лентаи хабарҳо
0