https://sputnik.tj/20211022/sherali-mirzo-tolibon-vaz-afghoniston-tund-1043043872.html
Шералӣ Мирзо дар бораи "Толибон"* ва вазъи Афғонистон тунд гуфт
Шералӣ Мирзо дар бораи "Толибон"* ва вазъи Афғонистон тунд гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо авзои Афғонистонро дар аҳди "Толибон"*, манфӣ арзёбӣ кард
2021-10-22T18:00+0500
2021-10-22T18:00+0500
2021-10-22T20:49+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
шералӣ мирзо
артиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102241/41/1022414142_0:0:2969:1671_1920x0_80_0_0_744e650a87b70e1470abf3f8168fc603.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон бо ҷалби ҳайтҳои низомии нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, иктишоф ва таъминоти кишварҳои СААД марҳилаи дуюми машқҳо оғоз шуд. Вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар назди низомиён суханронӣ кард. Вазир қайд кард, ки тасмим дар бораи баргузории маҷмуаи чорабиниҳои бузург дар заминаи якбора тезу тунд шудани вазъ дар кишвари ҳамсоя, ки бо хуруҷи қисмҳои эътилофи байналмилалӣ тағйироти назаррас ва фалокатборро аз сар гузаронидааст, гирифта шудааст. "Ҷунбиши "Толибон"*, ки қудратро дар Афғонистон бо зӯрӣ забт карда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҳукумати қонунӣ эътироф нашудааст, имрӯз наметавонад фаъолияти муътадили ҳамаи механизмҳои қудратро таъмин кунад, кафолати риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва бехатарии онҳо, ташкили ғизо, тиббӣ ва дигар намудҳои дастгирии иҷтимоию гуманитарии аҳолии кишварро бидиҳад ",- изҳор дошт вазир. Вай қайд кард, фаъолияти афзояндаи террористии "Давлати исломӣ"*, таъқибу куштори намояндагони ҳукумати пешин ва хидматчиёни давлатӣ, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯи мансубияти қавмӣ, мазҳабӣ ва гендерӣ нишон медиҳад, ки вазъ дар Афғонистон идоранашаванда боқӣ мемонад."Гурӯҳҳои террористие, ки дар Афғонистон пас аз ғасби қудрат фаъолият мекарданд, миқдори зиёди аслиҳа гирифтанд, мавқеъҳои худро ба таври назаррас мустаҳкам карданд, бо истифода аз вазъи мавҷуд, шароит фароҳам оварданд, то ба сакуе барои амалҳои минбаъда дар минтақа табдил ёбад", - гуфт Мирзо.Вазири дифои Тоҷикистон хулоса кард, ки бо дарназардошти гуногунҷабҳаи мушкилот, таҳдидҳо ва тамаркузи омилҳои нооромкунанда дар наздикии марзҳои ҷумҳурӣ ҷанбаҳои низомии муқовимат бо терроризм торафт муҳимтар мешаванд. * - ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211022/vokunish-soleh-safar-pokiston-afghoniston-1043041403.html
https://sputnik.tj/20211022/talabi-zanoni-afghoniston-smm-tolibon-kursi-1043037531.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102241/41/1022414142_220:0:2951:2048_1920x0_80_0_0_1772ade8b938dee40e46a6ec25101e1e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон*, шералӣ мирзо, афғонистон, амният
толибон*, шералӣ мирзо, афғонистон, амният
Шералӣ Мирзо дар бораи "Толибон"* ва вазъи Афғонистон тунд гуфт
18:00 22.10.2021 (Навсозишуда: 20:49 22.10.2021) Вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо авзои Афғонистони давраи "Толибон"*-ро манфӣ арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Дар тамрингоҳи Ҳарбмайдон бо ҷалби ҳайтҳои низомии нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, иктишоф ва таъминоти кишварҳои СААД марҳилаи дуюми машқҳо оғоз шуд. Вазири дифои Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дар назди низомиён суханронӣ кард.
Вазир қайд кард, ки тасмим дар бораи баргузории маҷмуаи чорабиниҳои бузург дар заминаи якбора тезу тунд шудани вазъ дар кишвари ҳамсоя, ки бо хуруҷи қисмҳои эътилофи байналмилалӣ тағйироти назаррас ва фалокатборро аз сар гузаронидааст, гирифта шудааст.
"Ҷунбиши "Толибон"*, ки қудратро дар Афғонистон бо зӯрӣ забт карда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ҳукумати қонунӣ эътироф нашудааст, имрӯз наметавонад фаъолияти муътадили ҳамаи механизмҳои қудратро таъмин кунад, кафолати риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва бехатарии онҳо, ташкили ғизо, тиббӣ ва дигар намудҳои дастгирии иҷтимоию гуманитарии аҳолии кишварро бидиҳад ",- изҳор дошт вазир.
Вай қайд кард, фаъолияти афзояндаи террористии "Давлати исломӣ"*, таъқибу куштори намояндагони ҳукумати пешин ва хидматчиёни давлатӣ, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон аз рӯи мансубияти қавмӣ, мазҳабӣ ва гендерӣ нишон медиҳад, ки вазъ дар Афғонистон идоранашаванда боқӣ мемонад.
"Гурӯҳҳои террористие, ки дар Афғонистон пас аз ғасби қудрат фаъолият мекарданд, миқдори зиёди аслиҳа гирифтанд, мавқеъҳои худро ба таври назаррас мустаҳкам карданд, бо истифода аз вазъи мавҷуд, шароит фароҳам оварданд, то ба сакуе барои амалҳои минбаъда дар минтақа табдил ёбад", - гуфт Мирзо.
Вазири дифои Тоҷикистон хулоса кард, ки бо дарназардошти гуногунҷабҳаи мушкилот, таҳдидҳо ва тамаркузи омилҳои нооромкунанда дар наздикии марзҳои ҷумҳурӣ ҷанбаҳои низомии муқовимат бо терроризм торафт муҳимтар мешаванд.
* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон