https://sputnik.tj/20211022/vokunish-soleh-safar-pokiston-afghoniston-1043041403.html
Вокуниши тунди Амруллоҳ Солеҳ ба сафари мақомоти Покистон ба Афғонистон
Вокуниши тунди Амруллоҳ Солеҳ ба сафари мақомоти Покистон ба Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Президенти худхондаи Афғонистон ба сафари вазири умури хориҷии Покистон ба Кобул вокуниш сахт нишон дод.
2021-10-22T16:55+0500
2021-10-22T16:55+0500
2021-10-22T20:32+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
толибон
покистон
амруллоҳ солеҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042079159_0:0:2884:1623_1920x0_80_0_0_edc67a270537840e64152892d7748513.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, ноиби собиқ ва президенти худхондаи Афғонистон дар саҳифаи "Твиттер"-аш дар посух ба сафари мақомоти Покистон ба Кобул навиштааст, ки афзоши фақру сукути иқтисод натиҷаи дую ним моҳи фаъолияти "Толибон"* будааст."Натиҷаи дуву ним моҳи ишғоли Афғонистон тавассути Покистон, афзоиши 90 дарсади фақр, коҳиши 30 дарсади тавлиди нохолиси миллӣ, бардадории занон зери номи шариат, маҳдудияти расонаҳо ва озодии баён, басташавии бонкҳо ва хуруҷи табақаи мутавассити ҷомеа аз кишвар будааст", - навиштааст Солеҳ.Ҷаноби Солеҳ афзудааст: "Афғонистон барои фурӯ бурдан ба Покистон хеле бузург аст. Барои хотима додан ба ишғол ва ҳифзи шаъну шарафи мо танҳо вақт лозим аст".Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон дирӯз бо як сафари расмӣ бо дигар мақомоти амниятии Покистон вориди Кобул шуд.Ваъдаи Покистон ба Афғонистон: 30 миллион доллар кумак мекунемЗимни мулоқот Курайшӣ ба Девони Вазирони гурӯҳи “Толибон”* ваъда дод, ки Покистон зимнаи кумаки ҳудуди 30-миллиондоллариро фароҳам ва молиёти содироти меваи тозаву хушкро низ маоф мекунад.* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/06/1042079159_124:0:2855:2048_1920x0_80_0_0_f08e5a93cf36eab81c4dc260961c360e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вокуниш тунд амруллоҳ солеҳ сафар мақомот покистон афғонистон
вокуниш тунд амруллоҳ солеҳ сафар мақомот покистон афғонистон
Вокуниши тунди Амруллоҳ Солеҳ ба сафари мақомоти Покистон ба Афғонистон
16:55 22.10.2021 (Навсозишуда: 20:32 22.10.2021) Президенти худхондаи Афғонистон ба сафари вазири умури хориҷии Покистон ба Кобул вокуниш сахт нишон дод.
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Амруллоҳ Солеҳ, ноиби собиқ ва президенти худхондаи Афғонистон дар саҳифаи "Твиттер"-аш дар посух ба сафари мақомоти Покистон ба Кобул навиштааст, ки афзоши фақру сукути иқтисод натиҷаи дую ним моҳи фаъолияти "Толибон"* будааст.
"Натиҷаи дуву ним моҳи ишғоли Афғонистон тавассути Покистон, афзоиши 90 дарсади фақр, коҳиши 30 дарсади тавлиди нохолиси миллӣ, бардадории занон зери номи шариат, маҳдудияти расонаҳо ва озодии баён, басташавии бонкҳо ва хуруҷи табақаи мутавассити ҷомеа аз кишвар будааст", - навиштааст Солеҳ.
Ҷаноби Солеҳ афзудааст: "Афғонистон барои фурӯ бурдан ба Покистон хеле бузург аст. Барои хотима додан ба ишғол ва ҳифзи шаъну шарафи мо танҳо вақт лозим аст".
Изҳороти ӯ дар ҳоле садо дод, ки Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ, вазири умури хориҷии Покистон дирӯз бо як сафари расмӣ бо дигар мақомоти амниятии Покистон вориди Кобул шуд.
Зимни мулоқот Курайшӣ ба Девони Вазирони гурӯҳи “Толибон”* ваъда дод, ки Покистон зимнаи кумаки ҳудуди 30-миллиондоллариро фароҳам ва молиёти содироти меваи тозаву хушкро низ маоф мекунад.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон