https://sputnik.tj/20211022/talabi-zanoni-afghoniston-smm-tolibon-kursi-1043037531.html
Талаби занони Афғонистон аз СММ: Ба “Толибон”* курсӣ надиҳед
Талаби занони Афғонистон аз СММ: Ба “Толибон”* курсӣ надиҳед
Sputnik Тоҷикистон
Шуморе аз занони фаъол дар сиёсати Афғонистон аз СММ хостанд, ки дар ин Созмон ба “Толибон”* курси дода нашавад
2021-10-22T13:50+0500
2021-10-22T13:50+0500
2021-10-22T17:02+0500
афғонистон
смм
осиёи марказӣ
дархост
занон
гурӯҳи террористии "толибон"
хостор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042280320_0:0:3023:1700_1920x0_80_0_0_70548ae07e0786f9b2f39b061daa765d.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Фавзия Кӯфӣ, Ноҳид Фарид, Асила Вардак ва Аниса Шаҳид бо ҳузур дар Созмони Милал аз ин созмон хостанд, то курсии Афғонистон ба “Толибон”* дода нашавад."Созмони Милали Муттаҳид бояд курсии Афғонистонро ба шахсе диҳад, ки ба ҳуқуқи ҳама эҳтиром дошта бошад", - гуфт Фавзия Кӯфӣ, раҳбари Ҳизби мавҷу таҳаввул.Вай афзуд, ки кумак, пул ва эътироф ҳама абзорҳои таъсирбахше ҳастанд, ки ҷаҳон бояд барои эҳтироми ҳуқуқи занон ва эҳтироми ҳуқуқи башар дар Афғонистон истифода кунад.Ноҳид Фарид, узви собиқи Маҷлиси намояндагон гуфт: "Вақте “Толибон”* ба сари қудрат омад, ваъда дод, ки ба занон иҷозаи кор ва таҳсил медиҳад, аммо он ба ваъдаи худ то ҳол вафо накардааст".* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0f/1042280320_47:0:2778:2048_1920x0_80_0_0_c1dc5beb92977ee46c0a101166602d68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, смм, занон, хостор, дархост, курси
афғонистон, толибон, смм, занон, хостор, дархост, курси
Талаби занони Афғонистон аз СММ: Ба “Толибон”* курсӣ надиҳед
13:50 22.10.2021 (Навсозишуда: 17:02 22.10.2021) Шуморе аз занони фаъол дар сиёсати Афғонистон аз СММ хостаанд, дар ин созмон ба “Толибон”* курсӣ дода нашавад
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Фавзия Кӯфӣ, Ноҳид Фарид, Асила Вардак ва Аниса Шаҳид бо ҳузур дар Созмони Милал аз ин созмон хостанд, то курсии Афғонистон ба “Толибон”* дода нашавад.
"Созмони Милали Муттаҳид бояд курсии Афғонистонро ба шахсе диҳад, ки ба ҳуқуқи ҳама эҳтиром дошта бошад", - гуфт Фавзия Кӯфӣ, раҳбари Ҳизби мавҷу таҳаввул.
"Мо дар ин бора бисёр гуфтугӯ кардем, аммо нагузоред, ки касе ба ин курсӣ нишинад", - гуфт хонум Кӯфӣ ба хабарнигорон.
Вай афзуд, ки кумак, пул ва эътироф ҳама абзорҳои таъсирбахше ҳастанд, ки ҷаҳон бояд барои эҳтироми ҳуқуқи занон ва эҳтироми ҳуқуқи башар дар Афғонистон истифода кунад.
Ноҳид Фарид, узви собиқи Маҷлиси намояндагон гуфт: "Вақте “Толибон”* ба сари қудрат омад, ваъда дод, ки ба занон иҷозаи кор ва таҳсил медиҳад, аммо он ба ваъдаи худ то ҳол вафо накардааст".
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон