https://sputnik.tj/20211022/afghoniston-dukhtaron-maktab-makhfi-1043048472.html
Дар Афғонистон барои духтарон мактаби махфӣ боз шуд
Дар Афғонистон барои духтарон мактаби махфӣ боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Созмони хайриявие дар Афғонистон барои духтарон мактаби махфии онлайн боз кард
2021-10-22T21:00+0500
2021-10-22T21:00+0500
2021-10-22T21:14+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар ҷаҳон
смм
афғонистон
маориф
кобул
мактаб
онлайн
духтарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103111/99/1031119955_0:172:3030:1876_1920x0_80_0_0_1349442473fd8a157dba8197b7ee1ae9.jpg
ДУШАНБЕ, 22 окт— Sputnik. Созмони хайриявии "Learn Afghanistan" як мактаби махфии интернетиро барои духтарони аз 12-сола боло боз кардааст, хабар медиҳад рӯзномаи "Times". Ба навиштаи нашрия, созмон як барномаеро дар бораи илм, технология, муҳандисӣ ва математика тарҳрезӣ кардааст. Духтарон инчунин барномасозӣ ва таҳияи вебсайтро меомӯзанд. Тафсилот дар бораи он ки чӣ гуна мактаби онлайн кор мекунад, ба хотири амнияти кормандон ва донишҷӯён махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Ин барнома инчунин ба духтарон тарзи дарёфти маводи таълимиро меомӯзонад, то онҳо мустақилона дониши худро такмил диҳанд. Рӯзнома менависад, ки ин созмони хайриявӣ ҳамчунин барномаи дастгирии занони ҳомила ва модарони ҷавонро барои гирифтани ёрии ройгони тиббӣ оғоз кардааст. Пештар як фаъоли ҳуқуқи башари афғон ба РИА "Новости" гуфта буд, ки чӣ тавр вай дар манзили зисташ дар Кобул як мактаби зеризаминиро ташкил кардааст, то ба духтарон барои таҳсил кумак кунад. Сухангӯи "Толибон"* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба "Spiegel" гуфт, ки онҳо мухолифи таҳсили духтарон нестанд, аммо то ҳол муҳит ва нақлиёти бехатар барои духтаронро фароҳам накардаанд. Авоили моҳи август "Толибон"* ҳамалотро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дод ва 15 август вориди Кобул шуду рӯзи дигар эълом кард, ки ҷанг ба охир расид. Ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, тахлияи оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт. Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро қатъ карданд. Дар аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд, ки сарвараш Муҳаммад Ҳасан Охунд аст. Ӯ дар давраи ҳукмронии аввали "Толибон"* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211022/bilet-samt-tahdid-generali-rus-terrorist-afghon-1043044595.html
https://sputnik.tj/20211022/sherali-mirzo-tolibon-vaz-afghoniston-tund-1043043872.html
https://sputnik.tj/20211022/vokunish-soleh-safar-pokiston-afghoniston-1043041403.html
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103111/99/1031119955_151:0:2880:2047_1920x0_80_0_0_37477423152e6c2b543c61be7296d1f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, мактаб, махфӣ, духтарон
афғонистон, мактаб, махфӣ, духтарон
Дар Афғонистон барои духтарон мактаби махфӣ боз шуд
21:00 22.10.2021 (Навсозишуда: 21:14 22.10.2021) Созмони хайриявие дар Афғонистон барои духтарон мактаби махфии онлайн боз кард
ДУШАНБЕ, 22 окт— Sputnik. Созмони хайриявии "Learn Afghanistan" як мактаби махфии интернетиро барои духтарони аз 12-сола боло боз кардааст, хабар медиҳад рӯзномаи "Times".
"Мо ба 100 духтаре, ки ояндаи Афғонистон хоҳанд буд, таълим медиҳем. Онҳо якҷоя тариқи планшет кор мекунанд ва вазифаи хонагӣ мегиранд", - гуфт Паштана Дурронӣ, раҳбари созмони омӯзишии Афғонистон. Ба гуфти вай, дарсҳоро занони омӯзгор мегузаронанд.
Ба навиштаи нашрия, созмон як барномаеро дар бораи илм, технология, муҳандисӣ ва математика тарҳрезӣ кардааст.
Духтарон инчунин барномасозӣ ва таҳияи вебсайтро меомӯзанд. Тафсилот дар бораи он ки чӣ гуна мактаби онлайн кор мекунад, ба хотири амнияти кормандон ва донишҷӯён махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
Ин барнома инчунин ба духтарон тарзи дарёфти маводи таълимиро меомӯзонад, то онҳо мустақилона дониши худро такмил диҳанд.
"Ҳамаамон хеле нигарон ҳастем, махсусан дар робита ба дастрасии занон ба таҳсил. Аз ин рӯ ин барнома хеле муҳим аст", - гуфт Назифа Раҳматӣ, яке аз муаллимҳои барнома.
Рӯзнома менависад, ки ин созмони хайриявӣ ҳамчунин барномаи дастгирии занони ҳомила ва модарони ҷавонро барои гирифтани ёрии ройгони тиббӣ оғоз кардааст.
Пештар як фаъоли ҳуқуқи башари афғон ба РИА "Новости" гуфта буд, ки чӣ тавр вай дар манзили зисташ дар Кобул як мактаби зеризаминиро ташкил кардааст, то ба духтарон барои таҳсил кумак кунад.
Сухангӯи "Толибон"* Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ба "Spiegel" гуфт, ки онҳо мухолифи таҳсили духтарон нестанд, аммо то ҳол муҳит ва нақлиёти бехатар барои духтаронро фароҳам накардаанд.
Авоили моҳи август "Толибон"* ҳамалотро болои нерӯҳои давлатии Афғонистон афзоиш дод ва 15 август вориди Кобул шуду рӯзи дигар эълом кард, ки ҷанг ба охир расид.
Ду ҳафтаи охири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳимояи низомиёни ИМА қарор дошт, тахлияи оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекарданд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ аз фурудгоҳи Кобул баромада, ҳузури тақрибан 20-солаи артиши ИМА дар Афғонистонро қатъ карданд.
Дар аввали моҳи сентябр ҳайати ҳукумати муваққатии Афғонистон эълон карда шуд, ки сарвараш Муҳаммад Ҳасан Охунд аст. Ӯ дар давраи ҳукмронии аввали "Толибон"* вазири корҳои хориҷӣ буд ва аз соли 2001 таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
* - ташкилоти террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон