https://sputnik.tj/20211020/kdam-tojikiston-waz-afghoniston-1042995579.html
КДАМ Тоҷикистон вазъи Афғонистонро арзёбӣ кард
КДАМ Тоҷикистон вазъи Афғонистонро арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи як нишасти хадамоти махсус дар Душанбе, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазъи Афғонистонро вахим арзёбӣ кард
2021-10-20T17:50+0500
2021-10-20T17:50+0500
2021-10-20T18:10+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
афғонистон
кдам
вазъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1e/1041958669_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_e313dec082c87b4e21db09e79f462db6.jpg
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон, ки дар қаламрави он ҳамлаҳои террористӣ идома доранд, мушкил боқӣ мемонад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ). Дар Душанбе нишасти хадамоти вижаи Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Ҳозирин дар мулоқот дар робита ба тамоюли ҷалби ҷавонони миллатҳои гуногун ба созмонҳои байналмилалии террористӣ изҳори назар карданд. Ҳамчунин зикр гардид, ки фаъолияти чунин созмонҳо ба мавҷудияти давлатдорӣ дар Афғонистон таҳдид мекунад."Мо ташкили ҳукумати фарогирро бо дарназардошти манофеи ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ муҳим ва зарур мешуморем. Барои ҳалли вазъ дар Афғонистон бояд аз платформаҳои созмонҳои байналмилалӣ, ки ширкаткунандагони вохӯрӣ аъзоҳои онҳо мебошанд, кор гирифта шавад", - гуфтанд дар нишаст.Лавров ба "Толибон"* аз ҳукумати фарогир ва ҳуқуқи инсон гуфтИлова бар ин онҳо аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват карданд, ки роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро таҳия кунанд, саъю кӯшишҳои ба роҳ мондани тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар, пешгирии шиддати минбаъдаи хушунат, инчунин муборизаи муштаракро дастгирӣ намоянд. Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи низомёни Амрико аз Афғонистон, "Толибон"* қудрат дар кишварро ғасб карданд. Ҳамзамон ҷангиён кафолат доданд, ки онҳо ният надоранд ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ҳуҷум кунанд.* - гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе аз дигар кишварҳои ҷаҳон
https://sputnik.tj/20211020/posukh-tolibon-lavrov-hukumat-farogir-1042992881.html
https://sputnik.tj/20211020/lavrov-mushkilot-hukumat-afghoniston-1042990518.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1e/1041958669_379:236:2794:2048_1920x0_80_0_0_d7e57915d468d6c1582a8246e48d0c6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кдам, тоҷикистон, афғонистон
кдам, тоҷикистон, афғонистон
КДАМ Тоҷикистон вазъи Афғонистонро арзёбӣ кард
17:50 20.10.2021 (Навсозишуда: 18:10 20.10.2021) Дар пайи як нишасти хадамоти махсус дар Душанбе Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазъи Афғонистонро вахим арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон, ки дар қаламрави он ҳамлаҳои террористӣ идома доранд, мушкил боқӣ мемонад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба маркази робита бо ҷомеаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМТ).
Дар Душанбе нишасти хадамоти вижаи Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд.
"Намояндагони хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қайд карданд, ки вазъ дар Афғонистон феълан мураккаб аст, чун то ҳол он ҷо амалҳои террористӣ ва дигар амалҳои хушунатомез идома доранд, ки боиси қурбониҳои зиёд мешаванд", - омадааст дар изҳорот.
Ҳозирин дар мулоқот дар робита ба тамоюли ҷалби ҷавонони миллатҳои гуногун ба созмонҳои байналмилалии террористӣ изҳори назар карданд.
Ҳамчунин зикр гардид, ки фаъолияти чунин созмонҳо ба мавҷудияти давлатдорӣ дар Афғонистон таҳдид мекунад.
"Мо ташкили ҳукумати фарогирро бо дарназардошти манофеи ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабӣ муҳим ва зарур мешуморем. Барои ҳалли вазъ дар Афғонистон бояд аз платформаҳои созмонҳои байналмилалӣ, ки ширкаткунандагони вохӯрӣ аъзоҳои онҳо мебошанд, кор гирифта шавад", - гуфтанд дар нишаст.
Илова бар ин онҳо аз созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои манфиатдор даъват карданд, ки роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти Афғонистонро таҳия кунанд, саъю кӯшишҳои ба роҳ мондани тартиботи ҳуқуқӣ дар ин кишвар, пешгирии шиддати минбаъдаи хушунат, инчунин муборизаи муштаракро дастгирӣ намоянд.
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн, баробари хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи низомёни Амрико аз Афғонистон, "Толибон"* қудрат дар кишварро ғасб карданд.
Ҳамзамон ҷангиён кафолат доданд, ки онҳо ният надоранд ба давлатҳои ҳамсоя, бахусус ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказӣ ҳуҷум кунанд.
* - гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва баъзе аз дигар кишварҳои ҷаҳон