Лавров мушкилоти ҳукумати нави Афғонистонро номбар кард

© REUTERS \ Saeed Ali AchakzaiСемья из Афганистана с вещами на контрольно-пропускном пункте "Ворота дружбы" в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан
Семья из Афганистана с вещами на контрольно-пропускном пункте Ворота дружбы в пакистано-афганском пограничном городе Чаман, Пакистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Обуна шудан
Раҳбари Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, мушкилоти дохилии Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя таҳдид мекунад
ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар маросими ифтитоҳи даври навбатии машваратҳо оид ба Афғонистон "дар формати Маскав" вазъи кунунии Афғонистонро шарҳ дод.
"Таносуби нави қувваҳо дар Афғонистон, ки пас аз 15 август таъсис ёфтааст, алтернативаи ояндаи наздикро надорад. Аз ҷониби дигар эътирофи расмии он дар арсаи байналмилалӣ, мушкилот дар бахши иқтисод, таҳдидҳои гуманитарӣ, ки имрӯз Кобул рӯ ба рӯст, аз он дарак медиҳад, ки вазъи кунунии кишвар муътадил нест", - тавзеҳ дод сиёсатмадор.
Итоговая пресс-конференция С. Лаврова в Нью-Йорке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.10.2021
Лавров: "Толибон"*-ро ба ташкили ҳукумати фарогир ташвиқ мекунем
Лавров қайд кард, ки созмонҳои террористӣ метавонанд аз ин вазъият истифода кунанд.
Вай афзуд, ки мушкилоти тавлиди маводи мухаддир низ аз мавзуъҳои рӯз аст.

"Имрӯз хатари воқеии гузаштани фаъолияти террористӣ ва маводи мухаддир ба қаламрави кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла зери ниқоби муҳоҷират вуҷуд дорад", - гуфт Лавров.

Дар ин замина Русия, хусусан дар ҷиҳати Осиёи Марказӣ нигарон аст.
Лавров афзуд, ки дар чунин ҳолат бояд ҳам дар дохили кишвар ва ҳам аз ҷониби дигар давлатҳо роҳҳалли саривақтӣ таҳия шавад.
Лентаи хабарҳо
0