https://sputnik.tj/20211012/sharoite-dollar-dafn-1042773387.html
Шароите, ки долларро "дафн" мекунад, гуфта шуд
Шароите, ки долларро "дафн" мекунад, гуфта шуд
Sputnik Тоҷикистон
Бӯҳрони молиявӣ дар ИМА ба доллар зарар мерасонад ва асъор мавқеи пешсафии худро дар ҷаҳон аз даст медиҳад
2021-10-12T09:00+0500
2021-10-12T09:00+0500
2021-10-12T11:22+0500
иқтисод
има
доллар
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102740/66/1027406670_0:97:1921:1177_1920x0_80_0_0_e3649b08cfe0ac83f2d6f02edfbd9466.jpg
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Доллар метавонад ҳамчун асъори захиравии ҷаҳон ғайри қобили эътимод гардад. Дар ин бора вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен изҳори назар кард. Пеш аз заиф шудани эътимод ба доллар буҳрони молӣ пеш хоҳад омад, ки Иёлоти Муттаҳида талош мекунад, аз он ҷилавгирӣ кунад, гуфт ӯ.Йеллен гуфт, барои пешгирии чунин вазъ Вашингтон бояд ҳадди ниҳоии қарзи миллиро баланд бардорад, то маблағгузории ташаббусҳои қаблии Конгрессро таъмин кунад. Набудани чораҳои қатъӣ боиси таъхир дар пардохти маоши хидматчиёни ҳарбӣ, имтиёзҳо, инчунин боздоштани пардохти маблағҳои аз ҳисоби андоз баргардондашуда барои кӯдакон мегардад.Қаблан Сенати ИМА барои муваққатан боло бурдани ҳадди қарзи давлатӣ 480 миллиард доллар овоз дод. Ҳамин тариқ кишвар метавонад дефолтро ба таъхир гузорад, ки то 3 декабр маблағ кофӣ хоҳад буд.Аммо ин ташаббус бояд дар Палатаи намояндагон тасдиқ карда шавад ва пас аз он санадро раҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден баррасӣ хоҳад кард. Йеллен гуфт, ки захираҳои хазинадорӣ пас аз 18 октябр тамом мешаванд.
https://sputnik.tj/20211001/iqtisoddon-dollar-surpriz-noguvor-1042598076.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102740/66/1027406670_104:0:1811:1280_1920x0_80_0_0_512d017deaa0ec8e3ac281d64bd376a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шароит доллар има буҳрон асъор
шароит доллар има буҳрон асъор
Шароите, ки долларро "дафн" мекунад, гуфта шуд
09:00 12.10.2021 (Навсозишуда: 11:22 12.10.2021) Буҳрони молӣ дар ИМА ба доллар зарар мерасонад ва он мавқеи пешсафии худро дар ҷаҳон аз даст медиҳад
ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Доллар метавонад ҳамчун асъори захиравии ҷаҳон ғайри қобили эътимод гардад. Дар ин бора вазири молияи ИМА Ҷанет Йеллен изҳори назар кард.
Пеш аз заиф шудани эътимод ба доллар буҳрони молӣ пеш хоҳад омад, ки Иёлоти Муттаҳида талош мекунад, аз он ҷилавгирӣ кунад, гуфт ӯ.
Йеллен гуфт, барои пешгирии чунин вазъ Вашингтон бояд ҳадди ниҳоии қарзи миллиро баланд бардорад, то маблағгузории ташаббусҳои қаблии Конгрессро таъмин кунад.
Набудани чораҳои қатъӣ боиси таъхир дар пардохти маоши хидматчиёни ҳарбӣ, имтиёзҳо, инчунин боздоштани пардохти маблағҳои аз ҳисоби андоз баргардондашуда барои кӯдакон мегардад.
"Вазъияти коғазҳои қиматноки хазинадорӣ - дороиҳои боэътимоди ҷаҳон ва инчунин доллар ҳамчун асъори захиравии ҷаҳон тағйир хоҳад ёфт", - гуфт Йеллен.
Қаблан Сенати ИМА барои муваққатан боло бурдани ҳадди қарзи давлатӣ 480 миллиард доллар овоз дод. Ҳамин тариқ кишвар метавонад дефолтро ба таъхир гузорад, ки то 3 декабр маблағ кофӣ хоҳад буд.
Аммо ин ташаббус бояд дар Палатаи намояндагон тасдиқ карда шавад ва пас аз он санадро раҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден баррасӣ хоҳад кард.
Йеллен гуфт, ки захираҳои хазинадорӣ пас аз 18 октябр тамом мешаванд.