https://sputnik.tj/20211001/iqtisoddon-dollar-surpriz-noguvor-1042598076.html
Иқтисоддон: Моҳи октябр доллар бо "сюрприз"-ҳои ногувор дучор хоҳад шуд
Иқтисоддон: Моҳи октябр доллар бо "сюрприз"-ҳои ногувор дучор хоҳад шуд
Sputnik Тоҷикистон
Таҳлилгарон ба ояндаи доллар назароти нохуб доранд, зеро ба пешбинии онщо арсаи шиддати сиёсӣ асъорро ноустувор мегузорад
2021-10-01T14:20+0500
2021-10-01T14:20+0500
2021-10-01T14:20+0500
дар ҷаҳон
иқтисод
рубл
доллар
қурби асъор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061418_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_6c0edb7827fd33f1af7f9d29ee0034eb.jpg
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Моҳи октябр қимати доллар дар саросари ҷаҳон метавонад коҳиш ёбад. Юрий Попов, коршиноси умури бозорҳои асъор ва фоизҳои "SberCIB Investment Research" дар ин бора ба "РИА Новости" иттилоъ додааст.Коҳиши арзиши пули амрикоӣ дар зимни интишори омори ноумедкунанда дар бозори меҳнати ИМА сурат хоҳад гирифт. Ҳамин тариқ арзиши пули русӣ то 71 рубл барои як доллар тақвият хоҳад ёфт, мегӯяд коршинос.Ба гуфтаи Попов, таҳлилгарон афзоиши арзиши рубл дар баробари долларро дар моҳи октябр интизоранд. Бонки Русия метавонад меъёри калидиро якбора 50 нуқта зиёд кунад.Попов таъкид кард, ки дар охири моҳи сентябр рубл ягона асъори бузурги ҷаҳонӣ буд, ки нисбат ба доллар қавӣ шуд. Ба ин болоравӣ меъёри калидии Бонки Русия ва инчунин воридшавии маблағҳои хориҷӣ ба вомбаргҳои қарзи федералӣ мусоидат кард.Пештар иқтисоддони аршади шуъбаи таҳлилии бонки "Открытие" Максим Петроневич гуфта буд, ки кай харидани асъори хориҷӣ фоидаовартар аст.Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир хатари бад шудани равобити Русия ва Амрико бинобар таҳримҳои эҳтимолӣ вуҷуд дорад ва аз ин рӯ асъор бояд тадриҷан харида шавад.Давраи аз ҳама мувофиқ барои харидҳо охири моҳ аст. Дар ин муддат, ба гуфти коршинос, ширкатҳо барои пардохти андоз асъори бештар мефурӯшанд. Ҳамин тариқ қимати рубл бинобар афзоиши талабот рӯ ба боло меорад.
https://sputnik.tj/20210925/korshinos-dollar-rubl-tajilan-ivaz-1042494641.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/18/1033061418_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_c3b7de4094ada51f8fd04b3dc1fa5b01.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
иқтисоддон октябр доллар "сюрприз"
иқтисоддон октябр доллар "сюрприз"
Иқтисоддон: Моҳи октябр доллар бо "сюрприз"-ҳои ногувор дучор хоҳад шуд
Таҳлилгарон ба ояндаи доллар назари хуб надоранд, зеро ба пешбинии онҳо, арсаи шиддати сиёсӣ асъорро ноустувор мегузорад
ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Моҳи октябр қимати доллар дар саросари ҷаҳон метавонад коҳиш ёбад. Юрий Попов, коршиноси умури бозорҳои асъор ва фоизҳои "SberCIB Investment Research" дар ин бора ба "РИА Новости" иттилоъ додааст.
Коҳиши арзиши пули амрикоӣ дар зимни интишори омори ноумедкунанда дар бозори меҳнати ИМА сурат хоҳад гирифт. Ҳамин тариқ арзиши пули русӣ то 71 рубл барои як доллар тақвият хоҳад ёфт, мегӯяд коршинос.
Ба гуфтаи Попов, таҳлилгарон афзоиши арзиши рубл дар баробари долларро дар моҳи октябр интизоранд. Бонки Русия метавонад меъёри калидиро якбора 50 нуқта зиёд кунад.
"Интизор меравад, ки содиркунандагон тақрибан 24 миллиард доллар андоз ва дивиденд пардохт кунанд. Ин дуввумин пардохти ҳармоҳаи имсол пас аз июл аст",-қайд кард коршинос.
Попов таъкид кард, ки дар охири моҳи сентябр рубл ягона асъори бузурги ҷаҳонӣ буд, ки нисбат ба доллар қавӣ шуд. Ба ин болоравӣ меъёри калидии Бонки Русия ва инчунин воридшавии маблағҳои хориҷӣ ба вомбаргҳои қарзи федералӣ мусоидат кард.
Пештар иқтисоддони аршади шуъбаи таҳлилии бонки "Открытие" Максим Петроневич гуфта буд, ки кай харидани асъори хориҷӣ фоидаовартар аст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир хатари бад шудани равобити Русия ва Амрико бинобар таҳримҳои эҳтимолӣ вуҷуд дорад ва аз ин рӯ асъор бояд тадриҷан харида шавад.
Давраи аз ҳама мувофиқ барои харидҳо охири моҳ аст. Дар ин муддат, ба гуфти коршинос, ширкатҳо барои пардохти андоз асъори бештар мефурӯшанд. Ҳамин тариқ қимати рубл бинобар афзоиши талабот рӯ ба боло меорад.