"Қартаи ДОИШ*": "Толибон"* ба қурбонии терроризм табдил мешавад?

© REUTERS \ Jorge SilvaПатруль запрещенной в России организации "Талибан" на улицах Кабула
Патруль запрещенной в России организации Талибан на улицах Кабула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Обуна шудан
Силсилаи инфиҷорот дар Афғонистон ва масъулияти онҳоро ба дӯш гирифтани ДОИШ* ин гурӯҳро ба қартаи дасти “Толибон”* табдил додааст, мегӯянд бархе аз таҳлилгарон
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Ҳукумати “Толибон”*, ки ҳанӯз дар рӯйхати созмонҳои террористии ҷаҳон қарор дорад ва то ба ҳол аз сӯйи ягон кишвар, ҳатто пуштибононаш расман эътироф нашудааст, дод аз дасти терроризм мезанад.
Аз охирин гузоришҳое, ки дар бораи густариши фаъолиятҳои ДОИШ* дар Афғонистон шаҳодат медиҳад, кушта шудани як фармондеҳи “Толибон”* дар вилояти Нангарҳор аст.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз вилояти Нангарҳор хабар медиҳад, ки дар натиҷаи инфиҷори минаи канориҷодаӣ дар марбутоти вулусволии Чапарҳори вилояти Нангарҳор як тан аз фармондеҳи “Толибон”* кушта ва се ҳамроҳи ӯ захмӣ шудаанд.
“Ҳувияти фарди кушташуда Қорӣ Файёз Қонат ва захмиён муҳофизони ӯ гуфта мешавад”, - гуфт манбаъ.
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Муҷоҳид: Касоне, ки сабаби озору азияти аҳлу ҳунуд шуда буданд, дастгир шуданд
Ин манбаъ мегӯяд, дар рӯзҳои охир вазъияти амниятии вилояти Нангарҳор ба шиддат ноамн буда ва ДОИШ* масъулияти воқеоти амниятӣ дар он вилоятро ба дӯш гирифтааст.
“Ба ҷуз ин фармондеҳ дирӯз боз чанд ҷасади дигар дар вилояти Нангарҳор кашф шудааст, ки ин кушторҳои мармуз мардуми вилоятро ҳам ба ваҳшат андохтааст. Рӯзи гузашта ҷангҷуёни ДОИШ як узви дигари “Толибон”*-ро дар шаҳри Ҷалолобод сар бурида ва ҷасади вайро дар соҳаи Ангурбоғ андохтанд”, - гуфт манбаъ.

Аз Нангарҳор то Кундуз

Аммо ин аввалин ҳамлаи террористӣ дар Нангарҳор нест, ки пас аз ба қудрат расидани “Толибон”* дар моҳи август иттифоқ меафтанд. Охирҳои моҳи август ҳудуди 10 инфиҷор дар фурудгоҳу дигар минтақаҳои шаҳри Кобул рух дод. Инфиҷорҳои фурудгоҳро ДОИШ* ба дӯш гирифт ва чанд доиширо низ “Толибон”* дастгир карданд.
Рӯзи 18 сентябр дар нуқоти мухталифи шаҳри Ҷалолобод, маркази ин вилоят се инфиҷор рух дод, ки дар пайи онҳо се мулкӣ кушта ва 21 нафари дигар захмӣ шуданд ва дар миёни захмиён ҷангиёни толиб низ буданд. Дар ахбори расонаҳо гуфта шуд, ки ин инфиҷорҳо низ аз минаҳои ҷосозишуда ба вуқуъ пайвастааст. Манобеи алоҳида аз ҳамлаи шахсони номаълум ба мошинҳои “Толибон”* дар наздикии идораи пулис ва бинои ҳукумати вилояти Нангарҳор низ хабар доданд.
Субҳи ҳамон рӯз дар пайи инфиҷори як минаи часпакӣ дар ҳавзаи 13-и амниятии Кобул, минтақаи ҳазоранишини Дашти Барчии шаҳри Кобул низ ду тан захмӣ шуд. Рӯзи 19-уми сентябр дар истгоҳи автобуси Ҷалолобод як таркиши дигар рух дод, ки ҷони ду ғайринизомиро гирифт ва як ҷангии “Толибон”*-ро маҷрӯҳ кард.
Рӯзи 22-юми сентябр дар Ҷалолобод боз чанд инфиҷор ва ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт, ки дар пайи онҳо 5 нафар, аз ҷумла ду узви гурӯҳи “Толибон”* кушта шуд. Дар бораи инфиҷорҳо ва қурбониён 25 сентябр низ ахборе пахш шуд, ки тафсилоташон дар расонаҳо рӯ назад.
Члены движения Талибан присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Ҳайати Амрико дар Давҳа бо намояндагони “Толибон”* дидору гуфтугӯ хоҳанд кард
Вебсайти "Aamaq", ки марбут ба ДОИШ* гуфта мешавад, бо пахши як навор масъулияти ҳамлаҳои террористӣ дар Нангарҳорро бар дӯш гирифт. "Толибон"* дар робита ба ин инфиҷорҳо 40 нафарро боздошт кард. Таҳқиқи онҳо ба куҷо расид, маълум нест.
Аммо 21 сентябр Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири иттилоот ва фарҳанги “Толибон”* гуфт, ки ДОИШ ба Афғонистон таҳдид намекунад ва онҳо қудрати пурра назорат кардани ин гурӯҳро доранд. Рӯзи 29-уми сентябр “Толибон”* хабар дод, ки амалиёт алайҳи гурӯҳи ДОИШ*-ро дар вилоятҳои Кобулу Нангарҳори Афғонистон оғоз кардаанд. Натиҷааш то ба ҳол маълум нест.
Ҳамлаҳои баъдӣ ба масҷидҳои Афғонистон буд, ки дуи онҳо ба шиаҳо тааллуқ дошт. Рӯзи 29 сентябр дар як масҷиди шиаҳо дар вилояти Хуст дар ҷанубу шарқи Афғонистон рух дод, ки бар асари он як тан кушта ва 14 тани дигар маҷруҳ шуданд.
Рӯзи якшанбеи 3 октябр як инфиҷор дар масҷиди Идгоҳи шаҳри Кобул низ иттифоқ афтод, ки ҳудуди 15 кушта ва 32 захмӣ ба ҷой дошт. Ва ниҳоят 7 октябр дар масҷиди Сайидободи шаҳри Кундуз иттифоқ афтод, ки теъдоди кушташудагон ҳудуди 50 ва теъдоди захмиён аз 130 нафар убур кард.
Масъулияти ин ҳамлаҳоро низ ДОИШ* бар дӯш гирифт ва “Толибон”* аз боздошти ҳафт ҷангҷӯи он, ки мехостанд дар Хуст ҳамлаҳои террористӣ анҷом диҳанд, хабар дод.

Чаро Нангарҳор?

Ин ҳамлаҳо “Толибон”-ро, ки бо гузашти қариб ду моҳ машруияти ҳукумати худро ба даст наовардааст ва аз сӯйи ягон кишвари дунё, ҳатто пуштибононаш ба расмият шинохта нашудааст, як гуна ба қурбонии терроризм табдил медиҳад.
Ин нукта ҷолиб аст, ки маҳз аз ин шева инфиҷору ҳамлаҳои террористӣ худи толибон* низ бо нерӯҳои байнулмилалӣ ва ҳукумати қаблии Афғонистон меҷангиданд ва дар ин корҳо хеле чирадастанд. Аммо чаро аксари ҳаводис дар Нангарҳор иттифоқ меафтанд ва чаро дигарбора шиаҳо ҳадаф қарор мегиранд?
Нангарҳор, вилояти шарқии Афғонистон, бахусус вулусволии Ачини он, солҳо ба ин сӯ ба пойгоҳи асосии ДОИШ* табдил ёфтааст. Ҳукумати қаблии Афғонистон дар ин вилоят чандин амалиёт гузаронда, садҳо нафар доиширо хунсо намуд ва “Толибон”* низ ҳар ҷое, ки буд, бо онҳо даргир мешуд, аммо ин гуруҳ дигар бора таҷдиди қувва кард ва бо суқути ҳукумати қабливу ба қудрат расидани “Толибон”* дигарбора ҷон гирифт.
ФСБ РФ предотвратила теракт в столичном регионе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
ДИИШ* масъулият ҳамла ба масҷиди шиаён дар Кундузро ба уҳда гирифт
Бино ба гузоришҳое, ки Sputnik Тоҷикистон дар ихтиёр дорад, ин гуруҳ дар вилояти Нангарҳор фаъолиятҳои ҷадидеро роҳандозӣ карда, ки ин фаъолиятҳо шомили амалиётҳои инфиҷорӣ, интиҳорӣ ва террорҳои ҳадафманд мебошад.
Манбаъи Sputnik Тоҷикистон аз вилояти Нангарҳор мегӯяд, он чӣ дида мешавад, тибқи ҳамин барномаи ДОИШ* аст ва ин гурӯҳ ҳанӯз он чиро, ки дар тавон дорад, нишон надодааст.
ДОИШ* то баҳори соли оянда ҳеҷ иқдом ба ҳамлаҳои таҳоҷумӣ нахоҳад кард, зеро то он замон ҷиддӣ омодагӣ хоҳад гирифт, то бахти худро барои расидан ба қудрат дар Афғонистон бисанҷад. “Толибон”* ва пуштибони онҳо Покистон огоҳона ё ноогоҳона фазоро барои ДОИШ* ва дигар созмонҳо бозу озод кардаанд. Акнун чизеро намешавад пешбинӣ кард. “Толибон”* қудрати саркӯби онҳоро надорад, балки барнома ва тавофуқи онҳо бо Амрикову дигар кишварҳои пуштибони ДОИШ* шояд ин буда, ки ба чоқ шудани ин гурӯҳ халал нарасонанд”,-гуфт ӯ.

Тавтиаи дигар

Дар ин қисса ҳарфи инфиҷор дар масҷидҳо ҷудост. Огаҳони ҳол мегӯянд, инфиҷор дар масҷиди Идгоҳи шаҳри Кобул ҳангоми маъракаи фотиҳаи модари Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, муовини вазири фарҳангу иттилооти Афғонистон иттифоқ афтодааст, ки дар он раҳбарони боломақоми кишвар, назири Мулло Бародар ширкат доштанд. Онро кори дасти рақибони ӯ аз “Шабакаи Ҳаққонӣ”* арзёбӣ мекунанд, ҳарчанд ДОИШ* масъулияти онро низ ба дӯш гирифт.
Ҳаводиси инфиҷори масҷиди шиаён дар Афғонистон, ки теъдодашон аз ҳисоб хориҷ шудааст ва масъулияташон ҳамеша бар дӯши ДОИШ* буду ин созмон ҳам ҳамеша масъулияти онҳоро ба гардан гирифтааст, арзёбии дигар дорад.
Содиқ Муродӣ, таҳлилгари сиёсӣ мегӯяд, ҳамла ба масоҷиди шиаён дар Кундуз паём ба Русия, Чин, Осиёи Марказӣ ва Эрон аст, ки ДОИШ*- ро хатари аслӣ ҳисоб мекунанд:
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Боздошти ҳафт узви ДИИШ* аз сӯйи "Толибон"* бо иттиҳоми роҳандозии амали террористӣ
“Бино ба иттилои мо, як фардеро дар инфиҷори Кундуз мехоҳанд муттаҳам кунанд, ки Муҳаммад Аъло Уйғурӣ ном дорад ва аз Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ аст. Ҳол он ки “Толибон”* ду ҳазор уйғури узви ин ҳаракатро қаблан аз Бадахшон ба вилоятҳои дигар кӯчонда буд. ДОИШ* дар шимол қудрати анҷоми амалиётҳоро надорад. Бозӣ бо ДОИШ* як тавтиаи дигари минтақаию ҷаҳонӣ аст, ки авоқибашро баъдтар хоҳем дид”,- гуфт ӯ.
Ба назар мерасад, ДОИШ* ба қартаи дасти “Толибон”* табдил меёбад ва ин қадар инфиҷору ҳамлаҳои террористӣ кори худро мекунад. Агар дар гузашта “Толибон”* дар Кобул сафиронро қабул мекарданд, ҳоло ба мулоқотҳои сатҳи ҷаҳонӣ даъват мешаванд.
Рӯзҳои 9-10 октябр, бино ба бархе хабарҳо, як ҳайати баландпояи амрикоӣ бо ҳайати онҳо дар Доҳа, пойтахти Қатар мулоқот хоҳад кард. Рӯзи 8 октябр вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо ҳамтои афғонаш Амирхон Муттақӣ дар Кобул вохӯрд. Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳам эълон кард, ки “Толибон”* – ро ба ширкат дар нишасти “формати Маскав” даъват кардааст.
*-созмони террористии мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
Лентаи хабарҳо
0