Муҷоҳид: Касоне, ки сабаби озору азияти аҳлу ҳунуд шуда буданд, дастгир шуданд

© AP / Muhammad FarooqЗабиулла Муджахед
Забиулла Муджахед - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Обуна шудан
Сухангӯи ва муовини вазорат иттилоот ва фарҳанги гурӯҳи “Толибон”* аз дастгир шудани афроде, ки сабаби озор ва азият ақалият аҳл ҳунуд шуда буданд, хабар дод
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Вазорати иттилоот ва фарҳанги “Толибон”* дар саҳифаи Твиттериаш навишт: “Касоне, ки дар шаҳри Кобул сабаби озору азият ақалият аҳлу ҳунуд шуда буданд, ҳамаи онҳо аз сӯи фармондеҳӣ амнияти Кобул дастгир ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд”.
Пеш аз ин хабаргузориҳои Афғонистон аз озор ва азияти аҳл ҳунуд аз сӯйи афрод ношинос хабар дода буд.
Ёдрас мешавем, ки аҳл ҳунуд ё ҳидуҳо, ақаллияти кучаки Афғонистон аст, ки дар 40 соли даргирӣ аз тарафҳои даргир бисёр азият шудаанд.
Члены движения Талибан присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Ҳайати Амрико дар Давҳа бо намояндагони “Толибон”* дидору гуфтугӯ хоҳанд кард
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ тағйир кард. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон “Толибон”* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард.
Дар ҳамин ҳол Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури собиқи ин кишвар аз мақоми худ истеъфо дод ва Афғонистонро тарк кард.
* - гурӯҳи терррористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0