https://sputnik.tj/20211009/amriko-davha-tolibon-didoru-guftugu-1042736643.html
Ҳайати Амрико дар Давҳа бо намояндагони “Толибон”* дидору гуфтугӯ хоҳанд кард
Ҳайати Амрико дар Давҳа бо намояндагони “Толибон”* дидору гуфтугӯ хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Ин мулоқот аввалин тамос дар сатҳи олӣ миёни ИМА ва “Толибон”* пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон хоҳад буд
2021-10-09T12:05+0500
2021-10-09T12:05+0500
2021-10-09T12:05+0500
амрико
афғонистон
осиёи марказӣ
ҳайат
мулоқот
қатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041930436_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_b5d54b191c911309240d6fe69d3923be.jpg
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Мақомоти баландпояи Амрико дар охири ҳафтаи ҷорӣ барои аввалин бор аст, ки пас аз хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон бо намояндагони “Толибон”* мулоқот хоҳанд кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба хабарнигори Ройтерс."Як мақомдори амрикоӣ гуфт, ки як ҳайати ИМА, аз ҷумла мансабдорони Департаменти давлатӣ ва намояндагони мақомоти иктишофӣ, дар охири ҳафта дар Давҳа бо сухангӯи Толибон мулоқот хоҳанд кард", - навиштааст ӯ дар Твиттер.Ин нишаст нахустин тамоси сатҳи олӣ миёни Амрико ва Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон хоҳад буд.Қайд карда мешавад, ки мавзӯи асосии музокирот идомаи талошҳо барои хуруҷи амрикоиҳо аз ҷумҳурӣ ва фишор бар сари “Толибон”* барои таъмини дастрасӣ, баррасии кумакҳо, ҳушдор додан дар бораи эҳтимоли эҳсосоти ифротгароӣ хоҳад буд."Ин мулоқот на барои эътироф ё тасдиқи қонунии онҳост. Мо дар як мавқеи возеҳе қарор дорем, ки қонунӣ буданро бояд тавассути амалҳо нишон дод. Ин мулоқот идомаи кори прагматикӣ бо “Толибон”* аст", - гуфтааст як мақомдори амрикоӣ.Вазъият дар Афғонистон моҳи июн бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, “Толибон”* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд.Дар ҳамин ҳол, Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури собиқи ин кишвар аз мақоми худ истеъфо дод ва Афғонистонро тарк кард.* - гурӯҳи терррористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211008/diplomati-tolibon-vazro-marz-tojikiston-1042725573.html
амрико
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041930436_910:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_299af19de476ccca4425536b2266711f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, амрико, има, мулоқот, давҳа, дидор
афғонистон, толибон, амрико, има, мулоқот, давҳа, дидор
Ҳайати Амрико дар Давҳа бо намояндагони “Толибон”* дидору гуфтугӯ хоҳанд кард
Ин мулоқот аввалин тамос дар сатҳи олӣ миёни ИМА ва “Толибон”* пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Мақомоти баландпояи Амрико дар охири ҳафтаи ҷорӣ барои аввалин бор аст, ки пас аз хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон бо намояндагони “Толибон”* мулоқот хоҳанд кард, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар истинод ба хабарнигори Ройтерс.
"Як мақомдори амрикоӣ гуфт, ки як ҳайати ИМА, аз ҷумла мансабдорони Департаменти давлатӣ ва намояндагони мақомоти иктишофӣ, дар охири ҳафта дар Давҳа бо сухангӯи Толибон мулоқот хоҳанд кард", - навиштааст ӯ дар Твиттер.
Ин нишаст нахустин тамоси сатҳи олӣ миёни Амрико ва Толибон пас аз хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон хоҳад буд.
Қайд карда мешавад, ки мавзӯи асосии музокирот идомаи талошҳо барои хуруҷи амрикоиҳо аз ҷумҳурӣ ва фишор бар сари “Толибон”* барои таъмини дастрасӣ, баррасии кумакҳо, ҳушдор додан дар бораи эҳтимоли эҳсосоти ифротгароӣ хоҳад буд.
"Ин мулоқот на барои эътироф ё тасдиқи қонунии онҳост. Мо дар як мавқеи возеҳе қарор дорем, ки қонунӣ буданро бояд тавассути амалҳо нишон дод. Ин мулоқот идомаи кори прагматикӣ бо “Толибон”* аст", - гуфтааст як мақомдори амрикоӣ.
Вазъият дар Афғонистон моҳи июн бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ шиддат гирифт. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хурӯҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, “Толибон”* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол карданд.
Дар ҳамин ҳол, Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури собиқи ин кишвар аз мақоми худ истеъфо дод ва Афғонистонро тарк кард.
* - гурӯҳи терррористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон