Боздошти ҳафт узви ДИИШ* аз сӯйи "Толибон"* бо иттиҳоми роҳандозии амали террористӣ

© AP / Bernat ArmangueБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
Обуна шудан
Ҷангҷӯёни гурӯҳи “Толибон”* ҳафт ҷангҷӯи ДИИШ*-ро, ки тасмим доштанд, ҳамлаҳои террористӣ дар вилояти Хустро анҷом диҳанд, боздошт карданд
ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Волии ин вилоят Муҳаммад Набӣ Умарӣ гуфт, ки ҳафт узви созмони террористии "Давлати исломӣ" дар Афғонистон бо гумони тарҳрезии ҳамлаҳо дар вилояти Хуст боздошт шудаанд.

“Ҷангҷӯёни “Толибон”* ҳафт ҷангҷӯи ДИИШ*-ро, ки нақша доштанд ҳамлаҳои террористӣ дар вилояти Хостро анҷом диҳанд, боздошт гардиданд. Дар ҷараёни бозпурсӣ онҳо иқрор шуданд”,-гуфт ӯ.

Чоршанбеи гузашта таркиш дар як масҷиди шиъаҳо дар вилояти Хост дар ҷанубу шарқи Афғонистон рух дод, ки бар асари он як тан кушта ва 14 тани дигар маҷрӯҳ шуд. Ҷангҷӯёни ДИИШ* масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтанд.
ФСБ РФ предотвратила теракт в столичном регионе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.10.2021
ДИИШ* масъулият ҳамла ба масҷиди шиаён дар Кундузро ба уҳда гирифт
Вазъ дар Афғонистон моҳи июн бо хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ муташанниҷ шуд. Дар миёнаҳои моҳи август, дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон “Толибон”* тамоми шаҳрҳои бузург ва гузаргоҳҳои марзиро ишғол кард.
Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури пешини Афғонистон пеш аз воридшавии ҷангҷӯёни “Толибон” ба шаҳри Кобул аз мақомаш истеъфо дод ва кишварро тарк кард.
* - созмонҳои террористии мамнуъ дар Русия ва Тоҷикистон
Лентаи хабарҳо
0