Наздикии кишварҳои туркзабон бо "Толибон"*: дидори дипломати ӯзбек бо Муттақӣ

© Abdul Qahar Balkhi twitterМулоқоти сафири Ӯзбекистон дар Кобул Ёдгорхоҷа Шодмонов бо сарпарасти Вазорати корҳои хоиҷии ҳукумати "Толибон"* Амирхон Муттақӣ
Мулоқоти сафири Ӯзбекистон дар Кобул Ёдгорхоҷа Шодмонов бо сарпарасти Вазорати корҳои хоиҷии ҳукумати Толибон* Амирхон Муттақӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.10.2021
Обуна шудан
Ӯзбекистон чорумин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки бо "Толибон"* вориди гуфтугӯ мешавад
ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Сафири Ӯзбекистон дар Кобул Ёдгорхоҷа Шодмонов бо сарпарасти Вазорати корҳои хоиҷии ҳукумати "Толибон"* Амирхон Муттақӣ дидору мулоқот кардааст.
Абдулқаҳҳори Балхӣ, сухангуи Вазорати корҳои хоиҷии ҳукумати "Толибон"* дар сафҳаи Твиттераш навиштааст, ки мулоқоти Шодмонов ва Муттақӣ имрӯз 2 октябр дар Кобул доир шудааст.
Встреча Посла Казахстана в Кабуле Алимхан Есенгельдиева с и. о. министра иностранных дел во временном правительстве Афганистана Амир Ханом Муттаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.09.2021
Қазоқистон дидори сафираш бо "Толибон"*-ро шарҳ дод: ҳамкорӣ бидуни ба расмият шинохтан
Дипломати ӯзбек дар ин дидор бо намояндаи "Толибон"* равобити дуҷониба, тармими фурудгоҳи Мазори Шариф ва оғози парвозҳо аз Ӯзбекистон ба Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
Ёдовар мешавем ин чорумин намоянда аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки расман бо ҳукумати "Толибон"* мулоқот мекунанд.
Нахуст бо намояндаҳои "Толибон"* ҳайати Қирғизистон бо сарварии муовини раиси Шӯрои амнияти ин ҷумҳурӣ Таалатбек Масодиқов бо даструи Содир Ҷабборов дидору мулоқот карданд.
Пас аз ҳайати Қирғизистон сафири Қазоқистон дар Кобул Алимхон Есенгелдиениз бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати муваққатии Афғонистон Амирхон Муттақӣ дидор кард.
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Дипломатҳои Қирғизистон бо дастури Ҷабборов бо "Толибон"* мулоқот карданд
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар шарҳи ин дидор гуфт, дар мулоқот танҳо масоили марбут ба интиқоли кумакҳои башардӯстона ва масоили тиҷорат баррасӣ шуд.
Гуфта шуд, ки ҳанӯз суҳбат дар мавриди ба расмият шинохтан дар миён нест ва Қазоқистон омодаи барқарории иртибототи тиҷорӣ бо мақомоти нав аст.
Сафири Туркманистон низ дар Афғонистон Хоҷа Овезов бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати муваққатии Афғонистон мулоқот кард.
Дар ин мулоқот ҷонибҳо масоили тиҷорат ва ҳамкорӣ дар бахши энержӣ, бахусус сохтмони лӯлаи гази ТАПИ -ро баррасӣ кардаанд.
Встреча посла Туркменистана в Афганистане Ходжа Овезова в Кабуле с главой МИД талибского правительства Амир Ханом Муттаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2021
Туркманистон низ бо "Толибон"* вориди гурфтугӯ шуд: ситоиши сафир аз вазъи Афғонистон
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир миёни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон нисбат ба "Толибон"* мавқеи устувор дорад.
Ин кишвар аз ҷангҷӯён даъват мекунад, ки ҳукумати фарогир ташкил кунад, хушунатро хотима диҳад ва ҳуқуқи мардумро эҳтиром кунад.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0