https://sputnik.tj/20210930/turkmaniston-tolibon-gurftugu-afghoniston-1042575529.html
Туркманистон низ бо "Толибон"* вориди гурфтугӯ шуд: ситоиши сафир аз вазъи Афғонистон
Туркманистон низ бо "Толибон"* вориди гурфтугӯ шуд: ситоиши сафир аз вазъи Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
"Толибон"* аз Туркманистон воридоти бештари маводи сӯхтро тақозо кардаанд
2021-09-30T12:15+0500
2021-09-30T12:15+0500
2021-09-30T12:15+0500
афғонистон
туркманистон
ҳамкорӣ
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042575205_0:295:1600:1195_1920x0_80_0_0_19da5a9b5815b5d2ef106e5c17cb73fd.jpg
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Сафири Туркманистон дар Афғонистон Хоҷа Овезов дар Кобул бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати муваққатии Афғонистон Амир Ханом Муттақӣ мулоқот кардааст.Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдулқаҳҳори Балхӣ дар сафҳаи Твиттер хабар додааст.Ин мулоқот рӯзи 29 сентябр баргузор шуда, ҷонибҳо масоили тиҷорат ва ҳамкорӣ дар бахши энержӣ, бахусус сохтмони лӯлаи гази ТАПИ -ро баррасӣ карданд.Муттақӣ аз Ашқобод хостааст, ки интиқоли маводи сӯхтро барои ҷилавгирӣ аз болоравии нархи он дар Афғонистон афзоиш диҳад ва ҳавасмандияшро барои анҷом додани қисмати афғонии лӯлаи ТАПИ изҳор доштаст.Сафири туркман аз вазъи хуби амниятӣ пас аз таҳаввулоти сиёсии ахир дар Афғонистон ситоиш кард, навиштааст Абдулқаҳҳори Балхӣ.Ёдовар мешавем ин сеюмин сафир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки расман бо ҳукумати "Толибон"* мулоқот мекунанд.Нахуст бо намояндаҳои "Толибон"* ҳайати Қирғизистон бо сарварии муовини раиси Шӯрои амнияти ин ҷумҳурӣ Таалатбек Масодиқов бо даструи Содир Ҷабборов дидору мулоқот карданд.Пас аз ҳайати Қирғизистон сафири Қазоқистон дар Кобул Алимхон Есенгелдиениз бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати муваққатии Афғонистон Амирхон Муттақӣ дидор кард.Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар шарҳи ин дидор гуфт, дар мулоқот танҳо масоили марбут ба интиқоли кумакҳои башардӯстона ва масоили тиҷорат баррасӣ шуд.Гуфта шуд, ки ҳанӯз суҳбат дар мавриди ба расмият шинохтан дар миён нест ва Қазоқистон омодаи барқарории иртибототи тиҷорӣ бо мақомоти нав аст.Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир миёни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон нисбат ба "Толибон"* мавқеи устувор дорад.Ин кишвар аз ҷангҷӯён даъват мекунад, ки ҳукумати фарогир ташкил кунад, хушунатро хотима диҳад ва ҳуқуқи мардумро эҳтиром кунад.* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
https://sputnik.tj/20210927/qazoqiston-omoda-afghoniston-robita-1042519360.html
https://sputnik.tj/20210924/diplomatho-qirghiziston-tolibon-muloqot-1042470494.html
афғонистон
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1e/1042575205_170:242:1493:1234_1920x0_80_0_0_32bb42c95f3775c0993d2ddb7adf5703.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркманистон "толибон"* гурфтугӯ
туркманистон "толибон"* гурфтугӯ
Туркманистон низ бо "Толибон"* вориди гурфтугӯ шуд: ситоиши сафир аз вазъи Афғонистон
"Толибон"* аз Туркманистон воридоти бештари маводи сӯхтро тақозо кардаанд
ДУШАНБЕ, 30 сен — Sputnik. Сафири Туркманистон дар Афғонистон Хоҷа Овезов дар Кобул бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати муваққатии Афғонистон Амир Ханом Муттақӣ мулоқот кардааст.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати муваққатии Афғонистон Абдулқаҳҳори Балхӣ дар сафҳаи Твиттер хабар додааст.
Ин мулоқот рӯзи 29 сентябр баргузор шуда, ҷонибҳо масоили тиҷорат ва ҳамкорӣ дар бахши энержӣ, бахусус сохтмони лӯлаи гази ТАПИ -ро баррасӣ карданд.
Муттақӣ аз Ашқобод хостааст, ки интиқоли маводи сӯхтро барои ҷилавгирӣ аз болоравии нархи он дар Афғонистон афзоиш диҳад ва ҳавасмандияшро барои анҷом додани қисмати афғонии лӯлаи ТАПИ изҳор доштаст.
Сафири туркман аз вазъи хуби амниятӣ пас аз таҳаввулоти сиёсии ахир дар Афғонистон ситоиш кард, навиштааст Абдулқаҳҳори Балхӣ.
Ёдовар мешавем ин сеюмин сафир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аст, ки расман бо ҳукумати "Толибон"* мулоқот мекунанд.
Нахуст бо намояндаҳои "Толибон"* ҳайати Қирғизистон бо сарварии муовини раиси Шӯрои амнияти ин ҷумҳурӣ Таалатбек Масодиқов бо даструи Содир Ҷабборов дидору мулоқот карданд.
Пас аз ҳайати Қирғизистон сафири Қазоқистон дар Кобул Алимхон Есенгелдиениз бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати муваққатии Афғонистон Амирхон Муттақӣ дидор кард.
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар шарҳи ин дидор гуфт, дар мулоқот танҳо масоили марбут ба интиқоли кумакҳои башардӯстона ва масоили тиҷорат баррасӣ шуд.
Гуфта шуд, ки ҳанӯз суҳбат дар мавриди ба расмият шинохтан дар миён нест ва Қазоқистон омодаи барқарории иртибототи тиҷорӣ бо мақомоти нав аст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир миёни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон нисбат ба "Толибон"* мавқеи устувор дорад.
Ин кишвар аз ҷангҷӯён даъват мекунад, ки ҳукумати фарогир ташкил кунад, хушунатро хотима диҳад ва ҳуқуқи мардумро эҳтиром кунад.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ