https://sputnik.tj/20210927/qazoqiston-omoda-afghoniston-robita-1042519360.html
Қазоқистон дидори сафираш бо "Толибон"*-ро шарҳ дод: ҳамкорӣ бидуни ба расмият шинохтан
Қазоқистон дидори сафираш бо "Толибон"*-ро шарҳ дод: ҳамкорӣ бидуни ба расмият шинохтан
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфтааст, ки кишвараш омода аст бо мақомоти Афғонистон робита кунад, аммо ҳеҷ суҳбат дар мавриди ба расмият шинохтан дар миён нест
2021-09-27T14:56+0500
2021-09-27T14:56+0500
2021-09-27T15:50+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
қазоқистон
ҳамкорӣ
иқтисоду тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1b/1042519046_0:121:1037:704_1920x0_80_0_0_b486d491f4bcfe92cd5d942013e3303b.jpg
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Қазоқистон мегӯяд, ки омодааст, бо мақомоти нави афғон дар умури тиҷорат робита кунад, аммо дар бораи эътирофи онҳо то ҳол чизе гуфта нашудааст.Айбак Самадёров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон мулоқоти сафири ин ҷумҳурӣ дар Кобул Алимхон Есенгелдиевро бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати муваққатии Афғонистон Амирхон Муттақӣ шарҳ додааст.Номбурда ҳамзамон гуфтааст, ки ҳанӯз суҳбат дар мавриди ба расмият шинохтан дар миён нест ва Қазоқистон омодаи барқарории иртибототи тиҷорӣ бо мақомоти нав аст.Ба гуфтаи Самадёров, ин барои ҳалли масоили башардӯстонае, ки акнун бо ин кишвар рӯ ба рӯст, муҳим мебошад.Аввали моҳи сентябр президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев изҳор дошт, ки ин ҷумҳурӣ омода аст, бо мақомоти нав муносибатҳои тиҷоратии созанда барқарор кунад, пеш аз ҳама барои ҳалли мушкилоти шадиди башарӣ.Ин дувумин намояндаи баландмақом аз кишварҳои Осиёи Марказист, ки бо намояндаи "Толибон"* дидор мекунад.Қаблан ҳайате аз Қирғизистон бо сарварии муовини раиси Шӯрои амнияти ин ҷумҳурӣ Таалатбек Масодиқов аз номи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов вориди Кобул шуда, бо аъзои ҷунбиши радикалии "Толибон"* мулоқот кард.Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир миёни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон нисбат ба "Толибон"* мавқеи устувор дорад.Ин кишвар аз ҷангҷӯён даъват мекунад, ки ҳукумати фарогир ташкил кунад, хушунатро хотима диҳад ва ҳуқуқи мардумро эҳтиром кунад.* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
https://sputnik.tj/20210924/diplomatho-qirghiziston-tolibon-muloqot-1042470494.html
афғонистон
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/1b/1042519046_44:0:1004:720_1920x0_80_0_0_6dd70660b5387f8859e8a702b007f479.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон сафир "толибон"*
қазоқистон сафир "толибон"*
Қазоқистон дидори сафираш бо "Толибон"*-ро шарҳ дод: ҳамкорӣ бидуни ба расмият шинохтан
14:56 27.09.2021 (Навсозишуда: 15:50 27.09.2021) Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон гуфтааст, ки кишвараш омодааст, бо мақомоти Афғонистон робита кунад, аммо ҳеҷ суҳбат дар мавриди ба расмият шинохтан дар миён нест
ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Қазоқистон мегӯяд, ки омодааст, бо мақомоти нави афғон дар умури тиҷорат робита кунад, аммо дар бораи эътирофи онҳо то ҳол чизе гуфта нашудааст.
Айбак Самадёров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон мулоқоти сафири ин ҷумҳурӣ дар Кобул Алимхон Есенгелдиевро бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷӣ дар ҳукумати муваққатии Афғонистон Амирхон Муттақӣ шарҳ додааст.
"Дар мулоқот танҳо масоили марбут ба интиқоли кумакҳои башардӯстона аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба мардуми Афғонистон ва масоили тиҷорат баррасӣ шуд",-гуфт Самадёров.
Номбурда ҳамзамон гуфтааст, ки ҳанӯз суҳбат дар мавриди ба расмият шинохтан дар миён нест ва Қазоқистон омодаи барқарории иртибототи тиҷорӣ бо мақомоти нав аст.
Ба гуфтаи Самадёров, ин барои ҳалли масоили башардӯстонае, ки акнун бо ин кишвар рӯ ба рӯст, муҳим мебошад.
Аввали моҳи сентябр президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев изҳор дошт, ки ин ҷумҳурӣ омода аст, бо мақомоти нав муносибатҳои тиҷоратии созанда барқарор кунад, пеш аз ҳама барои ҳалли мушкилоти шадиди башарӣ.
Ин дувумин намояндаи баландмақом аз кишварҳои Осиёи Марказист, ки бо намояндаи "Толибон"* дидор мекунад.
Қаблан ҳайате аз Қирғизистон бо сарварии муовини раиси Шӯрои амнияти ин ҷумҳурӣ Таалатбек Масодиқов аз номи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов вориди Кобул шуда, бо аъзои ҷунбиши радикалии "Толибон"* мулоқот кард.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир миёни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон нисбат ба "Толибон"* мавқеи устувор дорад.
Ин кишвар аз ҷангҷӯён даъват мекунад, ки ҳукумати фарогир ташкил кунад, хушунатро хотима диҳад ва ҳуқуқи мардумро эҳтиром кунад.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ