Дипломатҳои Қирғизистон бо дастури Ҷабборов бо "Толибон"* мулоқот карданд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкЗаседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.09.2021
Обуна шудан
Сарвари Қирғизистон дастур додааст, ки ба Кобул интиқоли борҳои башардӯстона, инчунин гуфтушунид бо "Толибон" * сурат бигирад
ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Ҳайати Қирғизистон бо аъзои ҷунбиши радикалии "Толибон" * дар Кобул мулоқот кард. Дар ин бора Забеҳулло Муҷоҳид, муовини вазири фарҳанг ва иттилооти ҷангҷӯён дар "Твиттер" хабар додааст.
Расонаҳо қайд мекунанд, ки ҳайат бо сарварии муовини раиси Шӯрои амнияти ин ҷумҳурӣ Таалатбек Масодиқов аз номи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов вориди Кобул шуд.
Дипломатҳо ба пойтахти Афғонистон бори башардӯстона расонида, онро ба муовини сарвазири ҳукумати нави ин кишвар Абдулғанӣ Бародар супурдаанд.
Намояндагони Қирғизистон бо аъзои "Толибон" *, ки ҳоло қудрат дар Кобул дар ихтиёрашон аст, мулоқот кардаанд.
Иштироккунандагони вохӯрӣ вазъи сиёсии кишварро баррасӣ намуда, дар бораи роҳҳои таъмини амният дар минтақа мубодилаи афкор намуданд.
Бародар ба Ҷабборов барои кумак ба мардуми афғон, ки айни замон барои ҷумҳурӣ хеле зарур аст, изҳори сипос кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, кумакҳои башардӯстонаи ваъдакардаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Афғонистон нарасидааст ва ҳисобҳои молиявии ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам масдуданд.
Президент Кыргызстана Садыр Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.09.2021
Ҷабборов: Бо “Толибон”* бояд гуфтугӯ кард
Дар ҳамин ҳол Бародар ба зарурати таҳкими эътимод бо кишварҳои ҳамсояи Кобул ишора кард. Ба ҷуз аз муовини сарвазир Масодиқов бо вазири нави хориҷаи Афғонистон Амирхон Муттақӣ мулоқот кардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ҳозир миёни ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон нисбат ба "Толибон"* мавқеи устувор дорад.
Ин кишвар аз ҷангҷӯён даъват мекунад, ки ҳукумати фарогир ташкил кунанд, хушунатро хотима диҳанд ва ҳуқуқи мардумро эҳтиром кунанд.
* - созмони террористии фаъолияташ дар Русия ва Тоҷикистон мамнуъ
Лентаи хабарҳо
0