https://sputnik.tj/20210913/tasdiqi-afv-ipoteka-muhojiron-kushtori-kheshoni-masud-aqibnashini-tolibon-1042211576.html
Як ҳафта: Тасдиқи афв, ипотека ба муҳоҷирон, куштори хешони Масъуд ва ақибнашинии Толибон
Як ҳафта: Тасдиқи афв, ипотека ба муҳоҷирон, куштори хешони Масъуд ва ақибнашинии Толибон
Sputnik Тоҷикистон
Аз муҳимтарин хабарҳои ҳафтаи гузашта Sputnik Тоҷикистон гузориш омода кард 13.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-13T21:00+0500
2021-09-13T21:00+0500
2021-09-22T11:08+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
ҳафтаи рафта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103012/29/1030122978_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_4d742510801862a38a734636043d9367.jpg
ДУШАНБЕ, 13 сен - Sputnik. Ҳафтаи гузашта, 6-12 сентябр Тоҷикистону ҷаҳон пур аз рӯйдоду ҳодисаҳои муҳим буданд, ки умдатаринашонро бароятон такрор мекунем.Дар Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолро ҷашн гирифтанд, раҳпаймоии низомиву оммавӣ баргузор шуд. Ҳодисаҳои Афғонистон, хусусан Панҷшер дар сархати хабарҳо қарор дошт, дар Афғонистон Гурӯҳи "Толибон" (ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҳайати ҳукуматашонро эълон кард. Афзун бар ин муборизаҳо дар Панҷшер боз авҷ гирифтанд. Дар соҳаи муҳоҷират низ чанд тағйирот ба назар мерасид. Тоҷикистон: Аз татбиқи қонуни афв то коҳиши қимати бензину газ Оғози ҳафта, рӯзи душанбе, 6 сентябр, бо хушхабар оғоз гашт - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Қонуни афвро тасдиқ кард. Ин қонун 16 ҳазор нафарро дар бар мегирад, ки бахшида ба 30-солагии Ҷашни истиқлол аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо ва ба Маҷлиси намояндагон ироа шуда буд.7 сентябр дар Душанбе гузашти идонаи ҳарбӣ баргузор шуд ва зиёда аз 30 ҳазор сарбозу афсари тоҷик дар хиёбони Рӯдакии Душанбе раҳпаймоӣ карданд.Тантанаҳои асосӣ, рӯзи 9 сентябр - рӯзе, ки дар кишвар истиқлолро ҷашн мегиранд, идома ёфтанд. Дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30 -юмин солгарди истиқлоли давлатӣ як маросими бошукӯҳи оммавӣ баргузор шуд.Зиёда аз 30 ҳазор сокини пойтахт барои роҳпаймоии осоишта ба майдон ва хиёбони Рӯдакии пойтахт баромаданд.10 сентябр Sputnik Тоҷикистон аз нисбатан арзон шудани арзиши чиптаи ҳавопаймо дар Суғд гузориш дод. Ҳади ақал се корманди кассаи билетфурӯшӣ дар Хуҷанд хабари арзон шудани билети ҳавопаймо ба шаҳрҳои Русияро шарҳ доданд.Онҳо гуфтанд, ки ҳоло арзиши билети хатсайри Хуҷанд – Москва аз 5900 сомонӣ ба 4800 сомонӣ поён шуда, қимати билети дигар хатсайрҳо аз ин ҳам поёнтар, 3800 сомонӣ мебошад.Чанд ҳафтаи пеш дар Тоҷикистон тамоюли якбора гарон шудани арзиши газу бензин ба назар мерасид. 11 сентябр гузориш дода шуд, ки дар муқоиса ба як ҳафтаи пеш арзиши бензин ва гази моеъ аз 30 то 50 дирам поён шудааст. Бояд қайд кард, ки вазъи коронавирус дар кишвар, бино бар гузоришҳои Вазорати тандурустӣ, хушбинона аст. Агар авали ҳафта омори рӯзонаи гирифтошавӣ ба 21 нафар баробар буд, охири ҳафта, рӯзи 12 сентябр ин нишондод ба 9 нафар расид ва хушбахтона, марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ваксинзании сокинон низ идома дошта, ахиран Олмон ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор вояи ваксинаи зидди COVID-19 дод.Муҳоҷират: Хатсайри нав, пешниҳоди кори наву ваъдаи ипотека Зиндагии иқтисодии сокинон дар Тоҷикистон ба муҳоҷират ва сиёсати муҳоҷиратӣ дар Русия сахт марбут аст.Оғози ҳафта барои муҳоҷирон низ бо хушхабар оғоз шуд. Аз 9 сентябр хатсайрҳои нав байни шаҳри Калугаи Русия ва Хуҷанду Кӯлоби Тоҷикистон ба роҳ монда шуданд.Дар ҳамин ҳол вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба муҳоҷирон дар Сибир ҷои кор пешниҳод кард. Ба гуфтаи ӯ, хориҷиён метавонанд дар сохтмони шаҳрҳои нави минтақаи Сибир иштирок кунанд. Вай пешниҳод кард, ки барои ҷалби муҳоҷирон ба Сибир механизми вижа таҳия шавад. Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин бошад, 9 сентябр дар мусоҳиба бо "kp.ru" гуфт, муҳоҷироне, ки дар Маскав қонуну тартиботро вайрон мекунанд, минбаъд низ аз кишвар хориҷ карда мешаванд ва ҳаққи вуруд маҳрум мегарданд."Дар мавриди авбошӣ, вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират бошад, танҳо як роҳ вуҷуд дорад - ҷазо додан, хориҷ кардан ва манъ кардани вуруд. Он чизе, ки ҳоло идома дорад", - гуфт шаҳрдор.Афғонистон: Аз кушта шудани Фаҳими Даштӣ то иқрори БайденТайи чанд ҳафтаест, ки тоҷикистониён хабарҳо аз Афғонистонро сахт пайгирӣ мекунанд. Хусусан муборизаҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо "Толибон" (ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҷомеаи Тоҷикистонро нигарон кардааст. Пештар маълум шуда буд, ки "Толибон" вориди Паншҷер шуданд, аммо тайи ҳафта аз хурӯҷи дубораи муқовиматҳо гузоришҳо дода мешуданд. 6 сентябр хабар дода шуд, ки Фаҳими Даштӣ, раиси дафтари Аҳмад Масъуд ва дар пайи рӯи кор омадани Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон раҳбарии дафтари матбуотии он кушта шуд.Худи ҳамон рӯз "Толибон" хабар доданд, ки Ҷабҳаи муқовимат шикаст хӯрда, вилояти Панҷшер таҳти назорати Иморати исломӣ қарор гирифт. Аммо манобеи Sputnik Тоҷикистон дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддаои “Толибон”-ро ботил хонда гуфтанд, нерӯҳои муқовимат дар нуқоти стратегӣ ҷойгир шудаанд ва нақшаи зиддиҳамлаҳо аз тамоми истиқоматро мекашанд. Дертар ҷабҳаи муқовимат эълон кард, ки 65 дарсади Панҷшер дар дасти ҷабҳа мемонад. Бағлон бо Панҷшер ҳаммарз аст. Шарҳи толибҳо дар ин маврид маълум нест. 6 сентябр Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон баъди кушта шудани ақрабояш аз мардуми кишвари худ хост, ки аз дохилу хориҷ қиёми умумимиллиро алайҳи режими “Толибон*” оғоз кунанд.7 сентябр дар бораи дар чанд шаҳри Афғонистон баргузор шудани намоишҳои оммавӣ ба ҷонибдории нерӯҳои муқовимати миллӣ дар вилояти Панҷшери шимоли Афғонистон гузориш шуд. Баъди чанд рӯз, тоҷикони Ню Йорк дар назди мақарри СММ барои ҳимояти Панҷшер даст ба тазоҳурот заданд. Гуфта мешавад, ки даҳҳо нафар тоҷикони муқими шаҳри Ню Йорк барои ҳимоят аз мардуми Панҷшери Афғонистон дар назди бинои СММ даст ба тазоҳурот задаанд. Баъди чанд рӯз хабар дода шуд, ки ҷабҳаи муқовимат дар Бағлон фаъол шуд ва "Толибон" ақибнишинӣ кард."12 сентябр дар минтақаи Пули Ҳисори водии Андароб задухӯрд сурат гирифта, Толибон бо талафот маҷбур ба ақибнишинӣ шуд", - навиштааст ТАСС аз қавли манбааш.Ҳамчунин 7 сентябр "Толибон" 33 узви ҳукуматашро эълон кард. Ҳамин тавр сарвазири Афғонистон Муҳаммад Ҳасани Охунд, муовини аввалаш Абдулғанӣ Бародар ва муовини дуюмаш Абдулсалом Ҳанафӣ таъин шуданд. Вазири корҳои хориҷӣ Амир-Хон Муттақӣ, вазири дифои Афғонистон - Мулло Яъқуб шуд. Вазири умури дохилӣ - Мулло Сироҷиддин Ҳаққонӣ, мулло Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ сарпарасти вазорати молия, Мулло Хайруллоҳ Хайрхоҳ сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанг таъйин шуд.Ҳамчунин, Шайх Мавлавӣ Нуруллоҳ Мунир сарпарасти Вазорати маориф, сарпарасти Вазорати иқтисод Қори Динмуҳаммади Ҳаниф, сарпарасти Вазорати ҳаҷ ва авқоф Шайх Мавлавӣ Нурмуҳаммад Соқиб, сарпарасти Вазорати адлия Мавлавӣ Абдулҳаким Шаръӣ, сарпарасти Вазорати сарҳадот ва қабоил Мулло Нуруллоҳ Нурӣ, сарпарасти Вазорати инкишоф ва деҳот Мулло Муҳаммадюнус Охундзода, сарпарасти Вазорати иршод ва амр ба маъруфу наҳй аз мукнар Шайх Муҳаммад Холид, сарпарасти Вазорати фавоиди омма Мулло Абдулманнон Умариро таъйин шуданд. Дар ҳамин ҳол, ин ҳукумат "паштуншумул" гуфта мешавад. Манобеи Sputnik Тоҷикистон дар ин 33 нафар чаҳор нафар аз ғайрипаштунҳо дар ҳукумати сарпарасти "Толибон"* – ро шиносоӣ карданд.Қорӣ Динмуҳаммади Ҳаниф, сарпарасти Вазорати иқтисод, Мавлавӣ Наҷибуллоҳ Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати мухобирот ва Қорӣ Фасеҳуддин, луидиристиз ё фармондеҳи Ситоди артиш ҳар се тоҷик ва аз вилояти Бадахшон мебошанд. Абдулсалом Ҳанафӣ, муовини дуюми сарвазир аз қавми ӯзбек ва аз вилояти Ҷузҷон аст.Ёдрас менамоем, бештари кишварҳо, аз ҷумла Русия, Эрон, Амрико, Туркия, Қазоқистон, Фаронса ва ғайраҳо аллакай дар мавриди Ҳукумати нави Аморати исломии Афғонистон изҳорот доданд ва таъкид карданд, ки дар эътирофи он шитоб нахоҳанд кард."Толибон" бошанд, ваъдаи баргузор кардани як интихоботро додаанд, ки "дар он тамоми афғонҳо ширкат хоҳанд кард".9 сентябр хабар дода шуд, ки дар Панҷшер ҷонибҳо ба оташбас розӣ шуданд. Бино ба гузоришҳо, "Толибон" ба сокинони маҳаллӣ иҷоза додаанд, ки аз 9 то 12 сентябр хонаҳояшонро тарк кунанд ва мурдаҳоро ба хок супоранд.Ҳамон рӯз аз кушта шудани Ҳоҷӣ Баҳлул Баҳиҷ, яке аз фармондеҳони аршади Ҷабҳаи муқовимати миллии таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд дар ҷангҳои Панҷшер хабар дода шуд. Баъди як рӯз, 10 сентябр хабар дода шуд, ки ҷангҷӯёни "Толибон"* бародари бузурги Амруллоҳ Солеҳ, Президенти худхондаи Афғонистонро тирборон карда куштанд. Гуфта шудааст, ки ҷангҷӯёни "Толибон"* Ҳоҷӣ Руҳуллоҳ, бародари бузурги Амруллоҳ Солеҳро ҳангоми рафтан ба Кобул шиносоӣ ва тирборон намуданд.Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, сокинони Панҷшер то ҳол аз барқ, интернет танқисӣ мекашад. Мушкилии асосии онҳо баста будани роҳ, ҳатто барои ворид кардани хӯрока гуфта мешавад. Сокинони Панҷшер, ки 10 сентябр худро ба Кобул расонидаанд, хабар додаанд, ки зодгоҳашон дар хатари гуруснагӣ қарор дорад. Онҳо гуфтанд, ки дар сурати идома ёфтани вазъияти муҳосираи Панҷшер сокинони минтақа аз гуруснагӣ хоҳанд мурд. Хонаводаҳое, ки ба пойтахти Афғонистон фирор карданд, гуфтанд, ки дар Панҷшер буҳрони фоҷиаи инсонӣ аллакай оғоз шудааст.Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо паҳн шуданд, ки гӯё Аҳмади Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Амруллоҳ Солеҳ раисҷумҳури худхондаи Афғонистон тарки Панҷшер карданд. Сафорати Афғонистон таъйид кард, ки Амруллоҳ Солеҳ дар Тоҷикистон қарор дошт ва ба Панҷшер баргашт.Аммо хабари берун рафтари Аҳмади Масуъд таъйид нашуд.Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмади Масъуд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун нарафтааст. Дар ин бора як манбаи наздик ба фармондеҳи артиш хабар дод.Ба гуфти Қосим Муҳаммадӣ, овозаҳо дар бораи тарки Афғонистон кардани Масъуд ҳақиқат надорад. "Вай бо дараи Панҷшер дар тамос аст", - таъкид кард манбаъ.Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико бошад, талошҳо барои зери назорати як ҳукумат овардани Афғонистонро иштибоҳ хонд. Ӯ ин нуктаро зимни суханронияш дар маросиме бахшида ба ёдбуди қурбониёни ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 баён дошт.Байден гуфт, Усома ибни Лодан, роҳбари созмони террористии "Ал-қоида"* дар Афғонистон монду талоши созмони ҳукумати ҳамашумул кард.Ӯ аз он зикр кард, ки ИМА рӯзона 300 миллион долларро тайи 20 сол сарф мекард. Ӯ иштибоҳ хонд, ки ИМА баъди нобудсозии Ибни Лодан дар Афғонистон монду талоши муттаҳид кардани ин давлат таҳти назорати як ҳукуматро намуд.
https://sputnik.tj/20210906/parlumon-qonun-afv-qabul-ozod-1042076180.html
https://sputnik.tj/20210910/omuzgotor-tabib-hashar-pakhtachini-sugd-1042176949.html
https://sputnik.tj/20210907/kaluga-tojikiston-du-hatsayr-1042113207.html
https://sputnik.tj/20210907/fahim-general-jurat-kusht-farziyai-razzoq-1042098224.html
https://sputnik.tj/20210910/tolibon-marosimi-savgandyodkuni-hukumat-laghv-shud-1042187780.html
https://sputnik.tj/20210913/tolibon-khabar-marg-mullo-barodarro-rad-1042226308.html
https://sputnik.tj/20210911/dustum-smm-kuhtori-qavmi-panjsher-qat-1042193761.html
https://sputnik.tj/20210912/masud-buhron-panjsher-kujo-bud-1042203586.html
https://sputnik.tj/20210912/bayden-khato-ima-afghoniston-guft-1042205903.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103012/29/1030122978_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_82443082c57986de28c119f75b0c5c9f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, афғонистон, ҳафтаи рафта
дар тоҷикистон, афғонистон, ҳафтаи рафта
ДУШАНБЕ, 13 сен - Sputnik. Ҳафтаи гузашта, 6-12 сентябр Тоҷикистону ҷаҳон пур аз рӯйдоду ҳодисаҳои муҳим буданд, ки умдатаринашонро бароятон такрор мекунем.
Дар Тоҷикистон 30-солагии Истиқлолро ҷашн гирифтанд, раҳпаймоии низомиву оммавӣ баргузор шуд. Ҳодисаҳои Афғонистон, хусусан Панҷшер дар сархати хабарҳо қарор дошт, дар Афғонистон Гурӯҳи "Толибон" (ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҳайати ҳукуматашонро эълон кард. Афзун бар ин муборизаҳо дар Панҷшер боз авҷ гирифтанд. Дар соҳаи муҳоҷират низ чанд тағйирот ба назар мерасид.
Тоҷикистон: Аз татбиқи қонуни афв то коҳиши қимати бензину газ
Оғози ҳафта, рӯзи душанбе, 6 сентябр, бо хушхабар оғоз гашт - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Қонуни афвро тасдиқ кард.
Ин қонун 16 ҳазор нафарро дар бар мегирад, ки бахшида ба 30-солагии Ҷашни истиқлол аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо ва ба Маҷлиси намояндагон ироа шуда буд.
7 сентябр дар Душанбе гузашти идонаи ҳарбӣ баргузор шуд ва зиёда аз 30 ҳазор сарбозу афсари тоҷик дар хиёбони Рӯдакии Душанбе раҳпаймоӣ карданд.
Тантанаҳои асосӣ, рӯзи 9 сентябр - рӯзе, ки дар кишвар истиқлолро ҷашн мегиранд, идома ёфтанд. Дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 30 -юмин солгарди истиқлоли давлатӣ як маросими бошукӯҳи оммавӣ баргузор шуд.
Зиёда аз 30 ҳазор сокини пойтахт барои роҳпаймоии осоишта ба майдон ва хиёбони Рӯдакии пойтахт баромаданд.
10 сентябр Sputnik Тоҷикистон аз нисбатан арзон шудани арзиши чиптаи ҳавопаймо дар Суғд гузориш дод. Ҳади ақал се корманди кассаи билетфурӯшӣ дар Хуҷанд хабари арзон шудани билети ҳавопаймо ба шаҳрҳои Русияро шарҳ доданд.
Онҳо гуфтанд, ки ҳоло арзиши билети хатсайри Хуҷанд – Москва аз 5900 сомонӣ ба 4800 сомонӣ поён шуда, қимати билети дигар хатсайрҳо аз ин ҳам поёнтар, 3800 сомонӣ мебошад.
Чанд ҳафтаи пеш дар Тоҷикистон тамоюли якбора гарон шудани арзиши газу бензин ба назар мерасид. 11 сентябр гузориш дода шуд, ки дар муқоиса ба як ҳафтаи пеш арзиши бензин ва гази моеъ аз 30 то 50 дирам поён шудааст.
Бояд қайд кард, ки вазъи коронавирус дар кишвар, бино бар гузоришҳои Вазорати тандурустӣ, хушбинона аст. Агар авали ҳафта омори рӯзонаи гирифтошавӣ ба 21 нафар баробар буд, охири ҳафта, рӯзи 12 сентябр ин нишондод ба 9 нафар расид ва хушбахтона, марг аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Ваксинзании сокинон низ идома дошта, ахиран Олмон ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор вояи ваксинаи зидди COVID-19 дод.
Муҳоҷират: Хатсайри нав, пешниҳоди кори наву ваъдаи ипотека
Зиндагии иқтисодии сокинон дар Тоҷикистон ба муҳоҷират ва сиёсати муҳоҷиратӣ дар Русия сахт марбут аст.
Оғози ҳафта барои муҳоҷирон низ бо хушхабар оғоз шуд. Аз 9 сентябр хатсайрҳои нав байни шаҳри Калугаи Русия ва Хуҷанду Кӯлоби Тоҷикистон ба роҳ монда шуданд.
Дар ҳамин ҳол вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба муҳоҷирон дар Сибир ҷои кор пешниҳод кард. Ба гуфтаи ӯ, хориҷиён метавонанд дар сохтмони шаҳрҳои нави минтақаи Сибир иштирок кунанд. Вай пешниҳод кард, ки барои ҷалби муҳоҷирон ба Сибир механизми вижа таҳия шавад.
Шойгу гуфт, "мешавад, дар бораи низоми қарзҳои имтиёзӣ барои муҳоҷирон ва ипотекаи хона фикр кард".
Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин бошад, 9 сентябр дар мусоҳиба бо "kp.ru" гуфт, муҳоҷироне, ки дар Маскав қонуну тартиботро вайрон мекунанд, минбаъд низ аз кишвар хориҷ карда мешаванд ва ҳаққи вуруд маҳрум мегарданд.
"Дар мавриди авбошӣ, вайрон кардани қонунгузории муҳоҷират бошад, танҳо як роҳ вуҷуд дорад - ҷазо додан, хориҷ кардан ва манъ кардани вуруд. Он чизе, ки ҳоло идома дорад", - гуфт шаҳрдор.
Афғонистон: Аз кушта шудани Фаҳими Даштӣ то иқрори Байден
Тайи чанд ҳафтаест, ки тоҷикистониён хабарҳо аз Афғонистонро сахт пайгирӣ мекунанд. Хусусан муборизаҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо "Толибон" (ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон ва Русия) ҷомеаи Тоҷикистонро нигарон кардааст. Пештар маълум шуда буд, ки "Толибон" вориди Паншҷер шуданд, аммо тайи ҳафта аз хурӯҷи дубораи муқовиматҳо гузоришҳо дода мешуданд. 6 сентябр хабар дода шуд, ки Фаҳими Даштӣ, раиси дафтари Аҳмад Масъуд ва дар пайи рӯи кор омадани Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон раҳбарии дафтари матбуотии он кушта шуд.
Худи ҳамон рӯз "Толибон" хабар доданд, ки Ҷабҳаи муқовимат шикаст хӯрда, вилояти Панҷшер таҳти назорати Иморати исломӣ қарор гирифт. Аммо манобеи Sputnik Тоҷикистон дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон иддаои “Толибон”-ро ботил хонда гуфтанд, нерӯҳои муқовимат дар нуқоти стратегӣ ҷойгир шудаанд ва нақшаи зиддиҳамлаҳо аз тамоми истиқоматро мекашанд. Дертар ҷабҳаи муқовимат эълон кард, ки 65 дарсади Панҷшер дар дасти ҷабҳа мемонад. Бағлон бо Панҷшер ҳаммарз аст. Шарҳи толибҳо дар ин маврид маълум нест. 6 сентябр Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон баъди кушта шудани ақрабояш аз мардуми кишвари худ хост, ки аз дохилу хориҷ қиёми умумимиллиро алайҳи режими “Толибон*” оғоз кунанд.
7 сентябр дар бораи дар чанд шаҳри Афғонистон баргузор шудани намоишҳои оммавӣ ба ҷонибдории нерӯҳои муқовимати миллӣ дар вилояти Панҷшери шимоли Афғонистон гузориш шуд. Баъди чанд рӯз, тоҷикони Ню Йорк дар назди мақарри СММ барои ҳимояти Панҷшер даст ба тазоҳурот заданд. Гуфта мешавад, ки даҳҳо нафар тоҷикони муқими шаҳри Ню Йорк барои ҳимоят аз мардуми Панҷшери Афғонистон дар назди бинои СММ даст ба тазоҳурот задаанд. Баъди чанд рӯз хабар дода шуд, ки ҷабҳаи муқовимат дар Бағлон фаъол шуд ва "Толибон" ақибнишинӣ кард.
"12 сентябр дар минтақаи Пули Ҳисори водии Андароб задухӯрд сурат гирифта, Толибон бо талафот маҷбур ба ақибнишинӣ шуд", - навиштааст ТАСС аз қавли манбааш.
Ҳамчунин 7 сентябр "Толибон" 33 узви ҳукуматашро эълон кард. Ҳамин тавр сарвазири Афғонистон Муҳаммад Ҳасани Охунд, муовини аввалаш Абдулғанӣ Бародар ва муовини дуюмаш Абдулсалом Ҳанафӣ таъин шуданд. Вазири корҳои хориҷӣ Амир-Хон Муттақӣ, вазири дифои Афғонистон - Мулло Яъқуб шуд. Вазири умури дохилӣ - Мулло Сироҷиддин Ҳаққонӣ, мулло Ҳидоятуллоҳ Бадрӣ сарпарасти вазорати молия, Мулло Хайруллоҳ Хайрхоҳ сарпарасти Вазорати иттилоот ва фарҳанг таъйин шуд.
Ҳамчунин, Шайх Мавлавӣ Нуруллоҳ Мунир сарпарасти Вазорати маориф, сарпарасти Вазорати иқтисод Қори Динмуҳаммади Ҳаниф, сарпарасти Вазорати ҳаҷ ва авқоф Шайх Мавлавӣ Нурмуҳаммад Соқиб, сарпарасти Вазорати адлия Мавлавӣ Абдулҳаким Шаръӣ, сарпарасти Вазорати сарҳадот ва қабоил Мулло Нуруллоҳ Нурӣ, сарпарасти Вазорати инкишоф ва деҳот Мулло Муҳаммадюнус Охундзода, сарпарасти Вазорати иршод ва амр ба маъруфу наҳй аз мукнар Шайх Муҳаммад Холид, сарпарасти Вазорати фавоиди омма Мулло Абдулманнон Умариро таъйин шуданд.
Дар ҳамин ҳол, ин ҳукумат "паштуншумул" гуфта мешавад. Манобеи Sputnik Тоҷикистон дар ин 33 нафар чаҳор нафар аз ғайрипаштунҳо дар ҳукумати сарпарасти "Толибон"* – ро шиносоӣ карданд.
Қорӣ Динмуҳаммади Ҳаниф, сарпарасти Вазорати иқтисод, Мавлавӣ Наҷибуллоҳ Ҳаққонӣ, сарпарасти Вазорати мухобирот ва Қорӣ Фасеҳуддин, луидиристиз ё фармондеҳи Ситоди артиш ҳар се тоҷик ва аз вилояти Бадахшон мебошанд. Абдулсалом Ҳанафӣ, муовини дуюми сарвазир аз қавми ӯзбек ва аз вилояти Ҷузҷон аст.
Ёдрас менамоем, бештари кишварҳо, аз ҷумла Русия, Эрон, Амрико, Туркия, Қазоқистон, Фаронса ва ғайраҳо аллакай дар мавриди Ҳукумати нави Аморати исломии Афғонистон изҳорот доданд ва таъкид карданд, ки дар эътирофи он шитоб нахоҳанд кард.
"Толибон" бошанд, ваъдаи баргузор кардани як интихоботро додаанд, ки "дар он тамоми афғонҳо ширкат хоҳанд кард".
9 сентябр хабар дода шуд, ки дар Панҷшер ҷонибҳо ба оташбас розӣ шуданд. Бино ба гузоришҳо, "Толибон" ба сокинони маҳаллӣ иҷоза додаанд, ки аз 9 то 12 сентябр хонаҳояшонро тарк кунанд ва мурдаҳоро ба хок супоранд.
Ҳамон рӯз аз кушта шудани Ҳоҷӣ Баҳлул Баҳиҷ, яке аз фармондеҳони аршади Ҷабҳаи муқовимати миллии таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд дар ҷангҳои Панҷшер хабар дода шуд. Баъди як рӯз, 10 сентябр хабар дода шуд, ки ҷангҷӯёни "Толибон"* бародари бузурги Амруллоҳ Солеҳ, Президенти худхондаи Афғонистонро тирборон карда куштанд. Гуфта шудааст, ки ҷангҷӯёни "Толибон"* Ҳоҷӣ Руҳуллоҳ, бародари бузурги Амруллоҳ Солеҳро ҳангоми рафтан ба Кобул шиносоӣ ва тирборон намуданд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, сокинони Панҷшер то ҳол аз барқ, интернет танқисӣ мекашад. Мушкилии асосии онҳо баста будани роҳ, ҳатто барои ворид кардани хӯрока гуфта мешавад. Сокинони Панҷшер, ки 10 сентябр худро ба Кобул расонидаанд, хабар додаанд, ки зодгоҳашон дар хатари гуруснагӣ қарор дорад. Онҳо гуфтанд, ки дар сурати идома ёфтани вазъияти муҳосираи Панҷшер сокинони минтақа аз гуруснагӣ хоҳанд мурд. Хонаводаҳое, ки ба пойтахти Афғонистон фирор карданд, гуфтанд, ки дар Панҷшер буҳрони фоҷиаи инсонӣ аллакай оғоз шудааст.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳо паҳн шуданд, ки гӯё Аҳмади Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва Амруллоҳ Солеҳ раисҷумҳури худхондаи Афғонистон тарки Панҷшер карданд. Сафорати Афғонистон таъйид кард, ки Амруллоҳ Солеҳ дар Тоҷикистон қарор дошт ва ба Панҷшер баргашт.
Аммо хабари берун рафтари Аҳмади Масуъд таъйид нашуд.
Раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Аҳмади Масъуд аз қаламрави ҷумҳурӣ берун нарафтааст. Дар ин бора як манбаи наздик ба фармондеҳи артиш хабар дод.
Ба гуфти Қосим Муҳаммадӣ, овозаҳо дар бораи тарки Афғонистон кардани Масъуд ҳақиқат надорад. "Вай бо дараи Панҷшер дар тамос аст", - таъкид кард манбаъ.
Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико бошад, талошҳо барои зери назорати як ҳукумат овардани Афғонистонро иштибоҳ хонд. Ӯ ин нуктаро зимни суханронияш дар маросиме бахшида ба ёдбуди қурбониёни ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 баён дошт.
Байден гуфт, Усома ибни Лодан, роҳбари созмони террористии "Ал-қоида"* дар Афғонистон монду талоши созмони ҳукумати ҳамашумул кард.
Ӯ аз он зикр кард, ки ИМА рӯзона 300 миллион долларро тайи 20 сол сарф мекард. Ӯ иштибоҳ хонд, ки ИМА баъди нобудсозии Ибни Лодан дар Афғонистон монду талоши муттаҳид кардани ин давлат таҳти назорати як ҳукуматро намуд.