https://sputnik.tj/20210910/omuzgotor-tabib-hashar-pakhtachini-sugd-1042176949.html
Аз омӯзгор то табиб ба ҳашар: пахтачинӣ дар Суғд оғоз шуд
Аз омӯзгор то табиб ба ҳашар: пахтачинӣ дар Суғд оғоз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар вилояти Суғд ба ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз намудаанд. Қарор аст, пагоҳ бо иштироки масъулини ҳукумати Суғд ҷаласаи корӣ баргузор шуда дар он масъалаи сафарбаршавии ҳашарчиён ва ҳаққи чидани пахта муқаррар гардад
2021-09-10T13:40+0500
2021-09-10T13:40+0500
2021-09-10T13:46+0500
дар тоҷикистон
суғд
пахтачинӣ
пахта
ҳашар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/07/1031860407_0:0:3076:1731_1920x0_80_0_0_7ac837b2366ea60ef225f298d57089e3.jpg
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Соли гузашта масъулони ҳукумати Суғд маъракаи “60 – рӯзи зарбдор дар пахтазор” роҳандозӣ намуда, барои сафарбар шудани кормандони соҳаи буҷҷавӣ аз ҷумла омӯзгорону табибон ба саҳро дастур дода буданд.Соли гузашта барои чидани як кило пахта ба коргарони кироя 70 дирам нарх муқарар шуда буд, вале бисёриҳо мегуфтанд, ки аз ин ҳисоб ҳам аз онҳо андоз дошта, барои чидани пахта 50 дирамӣ медиҳанд.Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ дар майдони 52 ҳазору 782 гектор пунбадона кишт гузаронида шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 6, 2 ҳазор гектор кам будааст.Масъулони Идораи кишоварзӣ мегуянд, соли ҷорӣ ҷамъоварии 130 ҳазор тон пахта дар назар дошта шудааст. Ба ин савол, ки оё имсол ҳам барои ҷамъоварии ҳосили пахта кормандони соҳаи буҷҷавӣ, муаллимону табибон фиристода мешаванд?.Маҳмудзода дар посух ба ин савол худдорӣ кард ва гуфт, ки “инро ҷаласаи ситоди вилояти оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта маълум менамояд”.Солҳои қаблӣ ба ҳисоби табибону омӯзгорон, ҳатто санъаткорон низ ба рӯзҳои истироҳати худро дар пахтазорҳо мегузарониданд.Раисон низ гоҳ - гоҳ худро дар паҳлуи марди деҳқон ба саҳро мерасониданд. Соли гузашта пахтакорони Суғд аз майдони 58, 9 ҳазор гектор 130 ҳазор тон ҳосил ҷамъоварӣ карда буданд.Аммо шуморе аз деҳқонон дар бораи коҳиши нархи “тиллои сафед” дар бозори ҷаҳонӣ иброз менамуданд.
https://sputnik.tj/20210825/vazorat-dar-tojikiston-marosimi-jamovarii-pahta-oghoz-shud-1041868777.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/07/1031860407_202:0:2931:2047_1920x0_80_0_0_c3594665e77971973a6ee0c35b451efa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, маросими пахтачинӣ, суғд, пахта, ҳашарчиён
тоҷикистон, маросими пахтачинӣ, суғд, пахта, ҳашарчиён
Аз омӯзгор то табиб ба ҳашар: пахтачинӣ дар Суғд оғоз шуд
13:40 10.09.2021 (Навсозишуда: 13:46 10.09.2021) Дар вилояти Суғд ба ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз намудаанд. Қарор аст, пагоҳ бо иштироки масъулини ҳукумати Суғд ҷаласаи корӣ баргузор шуда дар он масъалаи сафарбаршавии ҳашарчиён ва ҳаққи чидани пахта муқаррар гардад
ДУШАНБЕ, 10 сен – Sputnik. Соли гузашта масъулони ҳукумати Суғд маъракаи “60 – рӯзи зарбдор дар пахтазор” роҳандозӣ намуда, барои сафарбар шудани кормандони соҳаи буҷҷавӣ аз ҷумла омӯзгорону табибон ба саҳро дастур дода буданд.
Соли гузашта барои чидани як кило пахта ба коргарони кироя 70 дирам нарх муқарар шуда буд, вале бисёриҳо мегуфтанд, ки аз ин ҳисоб ҳам аз онҳо андоз дошта, барои чидани пахта 50 дирамӣ медиҳанд.
Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, соли ҷорӣ дар майдони 52 ҳазору 782 гектор пунбадона кишт гузаронида шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 6, 2 ҳазор гектор кам будааст.
“Аз сабаби номусоид омадани боду ҳаво имсол кишти пахта камтар гузаронида шуд. Бар замми ин ду ҳазор гектор замини пахта аз таъсири тағйирёбии иқлим вайрон шуд”, - гуфт Маҳсудзода.
Масъулони Идораи кишоварзӣ мегуянд, соли ҷорӣ ҷамъоварии 130 ҳазор тон пахта дар назар дошта шудааст. Ба ин савол, ки оё имсол ҳам барои ҷамъоварии ҳосили пахта кормандони соҳаи буҷҷавӣ, муаллимону табибон фиристода мешаванд?.
Маҳмудзода дар посух ба ин савол худдорӣ кард ва гуфт, ки “инро ҷаласаи ситоди вилояти оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта маълум менамояд”.
Солҳои қаблӣ ба ҳисоби табибону омӯзгорон, ҳатто санъаткорон низ ба рӯзҳои истироҳати худро дар пахтазорҳо мегузарониданд.
Раисон низ гоҳ - гоҳ худро дар паҳлуи марди деҳқон ба саҳро мерасониданд. Соли гузашта пахтакорони Суғд аз майдони 58, 9 ҳазор гектор 130 ҳазор тон ҳосил ҷамъоварӣ карда буданд.
Аммо шуморе аз деҳқонон дар бораи коҳиши нархи “тиллои сафед” дар бозори ҷаҳонӣ иброз менамуданд.