"Толибон"* хабари марги Мулло Бародарро рад кард

© Sputnik / Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкДелегация талибов
Делегация талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.09.2021
Обуна шудан
Сухангӯи дафтари сиёсии "Толибон"* гуфт, ки хабари марги Мулло Абдулғанӣ Бародар ҳақиқат надорад.
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Муҳаммад Наим Вардак, сухангӯи дафтари сиёсии "Толибон"* гуфтааст, ки хабари марги Мулло Абдулғанӣ Бародар овоза аст.
"Овозаҳое, ки дар бораи Мулло Бародар Охунд дар бархе расонаҳо паҳн мешаванд, ҳақиқат надоранд", - гуфтааст Наим Вардак.
Сухангӯи дафтари сиёсии "Толибон"* дар Қатар видеоеро пахш кард, ки хабарҳо дар бораи кушта ё захмӣ шудани Мулло Абдулғанӣ Бародарро рад мекунад.
Дар сабти садоӣ Мулло Бародар мегӯяд, ки вай барои мулоқот бо раҳбари "Толибон"* Мулло Ҳибатуллоҳ Охундзода ба Қандаҳор рафтааст. Вай гуфтааст, ки ҳама овозаҳо дар бораи марги ӯ дурӯғанд ва ӯ саломат аст.
Сухангӯи дафтари сиёсии "Толибон"* исрор меварзад, ки ҳамаи ин овозаҳо аз ҷумлаи мухолифатҳои беасос бо ин гурӯҳанд.
Дар ҳамин ҳол бояд гуфт, дирӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳо дар бораи марги Мулло Бародар паҳн шуда буданд.
Бархе манобеъ ҳамчунин хабар дода буданд, ки Мулло Абдулғанӣ Бародар дар як задухӯрди мусаллаҳона дар Арг захмӣ шуда, барои табобат ба Покистон бурда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0