“Таслим нашуд”: яке аз фармондеҳони аршади Ҷабҳаи муқовимат ба шаҳодат расид

© AFP 2023 / AHMAD SAHEL ARMANАфганское движение сопротивления и силы восстания против талибов отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба провинции Панджшер
Афганское движение сопротивления и силы восстания против талибов отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Обуна шудан
Ҳоҷӣ Баҳлул Баҳиҷ, яке аз фармондеҳони аршади Ҷабҳаи муқовимати миллии таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд дар ҷангҳои Панҷшер кушта шудааст
ДУШАНБЕ, 9 сен – Sputnik. Вай аз фармондеҳони матраҳи Аҳмадшоҳи Масъуд дар замони ҷиҳод ва муқовимат буд.
Дасти кам ду манбаъ дар Ҷабҳаи муқовимат дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки Ҳоҷӣ Баҳлул бо нерӯҳош дар пайи бамборони хати аввали ҷабҳа аз сӯи тайёраҳои покистонӣ дар Даҳанаи Панҷшер ба рустои Обдараи вулусволии Унобаи Панҷшер ақибнишинӣ кард ва дар он ҷо мавқеъ гирифта буд.
“Афроди ӯ, ки ҷон ба саломат бурда буданд, гуфтанд, субҳи рӯзи 7 сентябр ба мо фармон дод, ки ақибнишинӣ кунем, аммо худ дар сангар монд. Вақте аз ӯ хостем бо мо равад, гуфт, шумо равед, ман инҳоро нигоҳ медорам. Дар ҷанги рӯёрӯй бо душман истод, то ин ки тирҳояш тамом шуд. “Толибон” садо заданд, ки таслим шавад, таслим нашуд. Хостанд ӯро дастгир кунанд, вай таҳдид кард, ки наздик наоянд. Маҷбур шуданд, ӯро шаҳид кунанд”, - гуфт манбаъ.
Ҳоҷӣ Баҳлул Баҳиҷ, ҳудуди 60 сол син дошта, зодаи рустои Фароҷи вулусволии Онобаи вилояти Панҷшер аст. Ӯ ҳанӯз дар оғози ҷиҳод алайҳи режими коммунистӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ ба нерӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд пайваста, фармондеҳи ӯ дар соҳаи Оноба ва Куҳбанди Кӯҳистони вилояти Парвон буд.
Нерӯҳои Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.09.2021
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ: 65% -и Панҷшер дар дасти мост
Дар замони ҳукумати Бурҳонуддини Раббонӣ дар Кобул (1992 – 1996) дар вазифаи фармондеҳи ливои вазорати дифоъ кор кард.
Дар замони муқовимати аввал алайҳи Толибон (1996 – 2001) масъулияти яке аз ҷабаҳоти ҷанг дар вилояти Кописоро ба зимма дошт.
Дар замони ҳукумати Ҳомид Карзай аз соли аз соли 2005 то 2010 минҳайси волии вилояти Панҷшер фаъолият дошт.
Яке аз корҳои ӯ сохтмони мактаб дар рустои Обдараи Оноба буд. Вай аз деҳаи худ ба ин мактаб омада, таҳсилоти миёнаро фаро гирифта буд, аммо он замон дарсҳо зери дарахтон мегузаштанд.
Ато Муҳаммади Нур дар хатти набард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Вокуниши Ато Муҳаммади Нур ба ҳукумати нави Толибон*
Ҷангҳо дар Панҷшер ҳудуди 10 рӯз ба ин сӯ миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва “Толибон” идома доранд. Дар се рӯзи аввал “Толибон” бо талафоти сангин муваффақ ба ишғоли ягон вилояти озод аз сайтараи худ нашуданд, аммо дар рӯзи чаҳоруми ҷанг бо кӯмаки нерӯҳои ҳавоӣ ва масуси покистонӣ марокизи маъмурии вилоятро ишғол намуданд.
Нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ба дараҳои фаръии дараи Панҷшер, ки теъдодашон 22 адад гуфта мешавад, ақибнишинӣ карда, аз он ҷо ба нерӯҳои “Толибон” ҳамлаҳои хурд анҷом ва муқовиматро идома медиҳанд. Панҷшер ҳамоно вилоятест, ки ҷангҳо идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0