Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Вокуниши Ато Муҳаммади Нур ба ҳукумати нави Толибон*

© facebook/Ata Mohammad NoorАто Муҳаммади Нур дар хатти набард
Ато Муҳаммади Нур дар хатти набард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Обуна шудан
Роҳбари Ҳизби ҷамъяти исломии Афғонистон гуфт, ки Толибон ҳукуматеро эълон карданд, фоқиди тахассусгароии маҳз аст ва аз диди мо маҳкум ба шикаст аст
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Ато Муҳаммад Нур, раҳбари Ҳизби ҷамъияти исломӣ шоъхаи Нур дар вокуниш ба эълони кобинаи Толибон мегуяд: "Ончуноне, ки интизор мерафт, Толибон* ҳукуматеро эълом карданд, ки дар ҳеҷ ҷои Қонуни асосии кишвар ҷойгоҳ надорад ва фоқиди тахассусгароии маҳз аст”.
Вай афзуд: "бо таасуф, ҳукумати апартеид так қавмӣ Толиб шуму, ғайримутахассис, бидуни ҳузури занон ва бар хилофи рӯҳияи возеҳи қонуни асосӣ мебошад. Магар мумкин аст, ки даҳҳо идорот тахассуси ва ҳирфаиро бо касоне идора кунем, ки сатҳи биниши онҳо дар ҳукуматдорӣ тавассул ба мабонӣ ҳукуматдорӣ қурун вустоӣ бошад?"
Флаг ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.09.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Вокуниши Иттиҳодияи Аврупо ба ташкили давлати ҷидиди Толибон
Ато Муҳаммади Нур мегӯяд, ки эълони ин ҳукумат хилофи тамоми усул ва қавонин ҳоким аст, нишондиҳандаи дидгоҳи мунҳати қавмӣ, инҳисору султагароӣ ва бозгашт ба гузаштаи торик аст ва "аз диди мо маҳкум ба шикаст аст".
"Ба зудӣ дар якҷоягӣ бо дигар роҳбароини сиёсӣ дидгоҳи ҷадид хешро дар мавриди сохторшикании сиёсӣ ва ҷуғрофиёӣ эълом мекунам", - таъкид дошт ӯ.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон* кобинаи Аморати Исломиро эълон кард, ки Ҳайбатуллоҳ Охундзода раҳбари ин гурӯҳ боқӣ мемонад.
Сухангӯи Толибон* гуфт, ки ҳукумати ҷадид барои пешрафти вазъи кунунӣ таъин шудааст.
* - гурӯҳи террористӣ, ки дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон маманӯъ аст
Лентаи хабарҳо
0