https://sputnik.tj/20210909/jabha-muqovimati-milli-panjsher-dast-mo-1042147499.html
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ: 65% -и Панҷшер дар дасти мост
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ: 65% -и Панҷшер дар дасти мост
Sputnik Тоҷикистон
Сухангӯи Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон мегӯяд, 60-65 дарсади қаламрави Панҷшер таҳти назорати нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимат қарор дорад.
2021-09-09T10:45+0500
2021-09-09T10:45+0500
2021-09-09T11:59+0500
афғонистон
ҷанг
вилояти панҷшер
гурӯҳи террористии "толибон"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042147466_0:49:945:581_1920x0_80_0_0_375f3cbfa634273e0a3e7304340dc89c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Сухангӯи Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон Алӣ Мейсам Назарӣ, гуфт: "Ҳама мавқеъҳои стратегӣ дар Панҷшер таҳти назорати мо ҳастанд." Ӯ гуфт, мо аз роҳи асосӣ ақибнишинии тактикӣ кардем.Ба гуфтаи Назарӣ, Толибон* дар набардҳо бо нерӯҳои муқовимат талафоти зиёд дидаанд. Вай ҳамчунин итминон дод, ки Панҷшер дар ояндаи наздик аз Толибон* "комилан" пок хоҳад шуд.Панҷшер аз ягона вилоятест, ки комилан таҳти султаи Толибон надаромадааст ва дар он ҷо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон шакл гирифтааст, ки ба он ҳама норозиҳо аз ҳукумати толибонӣ шомиланд.Ахиран Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, барои дастгирии Ҷабҳаи Муқовимати миллӣ ба қарибӣ як Шӯро таъсис дода мешавад.15 август Толибон* вориди Кобул шуданд ва қабл аз вуруди онҳо ба Кобул Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон фирор кард ва дар як паём эълом дошт, ки барои қатъи хунрезӣ кишварро тарк кард.Ин тағйири қудрат боиси он шуд, ки ҳазорон афғон аз тарси ҳамлаҳои ҷавобии Толибон* аз кишвар фирор кунанд.Хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон шаби 31 август анҷом ёфт ва ба ҷанги 20-солаи Афғонистон хотима бахшид.* Ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.
https://sputnik.tj/20210908/aghbar-dara-panjsher-nazorat-muqovimatgaron-1042136662.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/09/1042147466_53:0:893:630_1920x0_80_0_0_f2b3b7410d3ff69fb1abe7f224406498.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабҳаи муқовимат, панҷшер, назорат
ҷабҳаи муқовимат, панҷшер, назорат
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ: 65% -и Панҷшер дар дасти мост
10:45 09.09.2021 (Навсозишуда: 11:59 09.09.2021) Сухангӯи Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон мегӯяд, 60-65 дарсади қаламрави Панҷшер таҳти назорати нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимат қарор дорад.
ДУШАНБЕ, 9 сен - Sputnik. Сухангӯи Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистон Алӣ Мейсам Назарӣ, гуфт: "Ҳама мавқеъҳои стратегӣ дар Панҷшер таҳти назорати мо ҳастанд."
Ӯ гуфт, мо аз роҳи асосӣ ақибнишинии тактикӣ кардем.
Ба гуфтаи Назарӣ, Толибон* дар набардҳо бо нерӯҳои муқовимат талафоти зиёд дидаанд.
Вай ҳамчунин итминон дод, ки Панҷшер дар ояндаи наздик аз Толибон* "комилан" пок хоҳад шуд.
Панҷшер аз ягона вилоятест, ки комилан таҳти султаи Толибон надаромадааст ва дар он ҷо Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон шакл гирифтааст, ки ба он ҳама норозиҳо аз ҳукумати толибонӣ шомиланд.
Ахиран Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар гуфт, барои дастгирии Ҷабҳаи Муқовимати миллӣ ба қарибӣ як Шӯро таъсис дода мешавад.
15 август Толибон* вориди Кобул шуданд ва қабл аз вуруди онҳо ба Кобул Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон фирор кард ва дар як паём эълом дошт, ки барои қатъи хунрезӣ кишварро тарк кард.
Ин тағйири қудрат боиси он шуд, ки ҳазорон афғон аз тарси ҳамлаҳои ҷавобии Толибон* аз кишвар фирор кунанд.
Хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон шаби 31 август анҷом ёфт ва ба ҷанги 20-солаи Афғонистон хотима бахшид.
* Ташкилоти террористӣ дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.