https://sputnik.tj/20210901/qarz-tasdiqshuda-shirkat-sohtmon-rubl-tashkil-1042008017.html
Ҳаҷми қарзҳои тасдиқшуда барои ширкатҳои сохтмонӣ 4,5 трлн рублро ташкил дод
Ҳаҷми қарзҳои тасдиқшуда барои ширкатҳои сохтмонӣ 4,5 трлн рублро ташкил дод
Sputnik Тоҷикистон
Бонки марказии Русия аз афзоиши ҳаҷми қарзҳое хабар додааст, ки барои ширкатҳои сохтмонӣ ироа шудаанд
2021-09-01T18:00+0500
2021-09-01T18:00+0500
2021-09-01T18:00+0500
иқтисод
бонк
ташкил
сохтмон
хона
харидорӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039858269_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_297fd8e772f69552365efeccfebcf699.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Ҳаҷми қарзҳое, ки бонкҳои Русия барои ширкатҳои сохтмонӣ тасдиқ кардаанд, дар ҷамъбасти моҳи июл 7,4 дарсад афзоиш ёфта, наздики 4,5 триллион рублро ташкил додааст, "Ҳадди умумии созишномаҳои қарзии фаъол, ки миёни бонкҳо ва ширкатҳои сохтмонӣ баста шудаанд, 4,46 триллионро ташкил додааст", - омадааст дар иттилоияи Бонки марказии Русия. Ҳаҷми қарзҳои ҷорӣ тайи моҳ 19,6 дарсад афзоиш ёфта, то ба 1,85 триллион рубл расидааст. Теъдоди суратҳисобҳои эскроу, ки барои коҳиши хавфи анҷоми ягон амалиёт кушода мешаванд, ба ҳолати 1 августи соли равон беш аз 528 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии маблағе, ки аз ҷониби ҳиссадорони сохтмонҳо дар ин суратҳисобҳо ҷой дода шудаанд, беш аз 2,4 триллион рублро ташкил медиҳад. Ин маблағ дар як моҳ 9 дарсад афзоиш ёфтааст. Ҳамаи ширкатҳои Русия, ки ба ҷалби маблағи ҳиссадорони сохтмон машғуланд, аз моҳи июли соли 2019 бояд тариқи низоми суратҳисоби эскроу фаъолият кунанд, ки тибқи он маблағи харидоронро сохтмончиён танҳо баъди додани хонаҳо мегиранд. Аммо дар зимн онҳоро зарур аст, ки сохтмонҳоро бо қарзҳои бонкӣ анҷом диҳанд, ки маблағгузории лоиҳавӣ ном дорад.
https://sputnik.tj/20210616/vaksin-shart-rusiya-muhojiron-mehnati-1040232871.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/1f/1039858269_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_ca6bd691a80f27aa7cad296d01d18f26.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сохтмон, афзоиш, харидор,
сохтмон, афзоиш, харидор,
Ҳаҷми қарзҳои тасдиқшуда барои ширкатҳои сохтмонӣ 4,5 трлн рублро ташкил дод
Бонки марказии Русия аз афзоиши ҳаҷми қарзҳое хабар додааст, ки барои ширкатҳои сохтмонӣ ироа шудаанд
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Ҳаҷми қарзҳое, ки бонкҳои Русия барои ширкатҳои сохтмонӣ тасдиқ кардаанд, дар ҷамъбасти моҳи июл 7,4 дарсад афзоиш ёфта, наздики 4,5 триллион рублро ташкил додааст,
"Ҳадди умумии созишномаҳои қарзии фаъол, ки миёни бонкҳо ва ширкатҳои сохтмонӣ баста шудаанд, 4,46 триллионро ташкил додааст", - омадааст дар иттилоияи Бонки марказии Русия. Ҳаҷми қарзҳои ҷорӣ тайи моҳ 19,6 дарсад афзоиш ёфта, то ба 1,85 триллион рубл расидааст.
Теъдоди суратҳисобҳои эскроу, ки барои коҳиши хавфи анҷоми ягон амалиёт кушода мешаванд, ба ҳолати 1 августи соли равон беш аз 528 ҳазор ададро ташкил медиҳад. Ҳаҷми умумии маблағе, ки аз ҷониби ҳиссадорони сохтмонҳо дар ин суратҳисобҳо ҷой дода шудаанд, беш аз 2,4 триллион рублро ташкил медиҳад. Ин маблағ дар як моҳ 9 дарсад афзоиш ёфтааст.
Ҳамаи ширкатҳои Русия, ки ба ҷалби маблағи ҳиссадорони сохтмон машғуланд, аз моҳи июли соли 2019 бояд тариқи низоми суратҳисоби эскроу фаъолият кунанд, ки тибқи он маблағи харидоронро сохтмончиён танҳо баъди додани хонаҳо мегиранд. Аммо дар зимн онҳоро зарур аст, ки сохтмонҳоро бо қарзҳои бонкӣ анҷом диҳанд, ки маблағгузории лоиҳавӣ ном дорад.