https://sputnik.tj/20210616/vaksin-shart-rusiya-muhojiron-mehnati-1040232871.html
Кор мехоҳӣ - ваксин гир: шарти Русия барои фаъолияти муҳоҷирон дар сохтмонҳо
Кор мехоҳӣ - ваксин гир: шарти Русия барои фаъолияти муҳоҷирон дар сохтмонҳо
Sputnik Тоҷикистон
Марат Хуснуллин мегӯяд, шарти мо ба муҳоҷирони меҳнатӣ ин гирифтани ваксин аст. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки муҳоҷирон ин шартро қабул мекунанд
2021-06-16T10:52+0500
2021-06-16T10:52+0500
2021-08-10T17:02+0500
муҳоҷират
эмгузаронӣ
дар русия
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102623/98/1026239815_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_9be4288d7d45247c6af7e9356d8d373e.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ширкатҳои сохтмонӣ дар Русия омодаанд муҳоҷирони меҳнатиро алайҳи коронавирус эм кунанд, гуфт Марат Хуснуллин муовини сарвазир дар мусоҳиба бо "Россия - 24".Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳукумати Русия мақомоти марбутаро вазифадор намудааст, то ҳамаи коргаронро бо ваксин таъмин кунанд.Депорт манъ, “афв” то сентябр, тамдид то июн: шарҳи ҷузъиёти фармони нави Путин - видеоӮ илова намуд, ки Русия омода аст ҳамаи муҳоҷироне, ки аз хориҷ ворид мешаванд, алайҳи ин беморӣ эм кунад. Ба таъкиди ӯ, ҳоло ширкатҳои сохтмонӣ ҳам ба маблағгузорӣ ва ташкили эмгузаронии коргарон изҳори ҳавасмандӣ намудаанд.Бояд гуфт, ки дар давраи пандемия Русия ба норасоии шадиди муҳоҷирони меҳнатӣ рӯбарӯ гардид, алахусус ин мушкилот ба бахши сохтмон зарба зад. Дар робита ба зарурати ҷалби муҳоҷирон, музди меҳнат дар соҳаи сохтмон хеле афзудааст.Ҳарчанд вуруди муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ идома дорад, лекин то ҳол мушкили ин соҳа ҳали худро пайдо накардааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102623/98/1026239815_328:0:3057:2047_1920x0_80_0_0_866e92bced6f2017433f8e9651a6b969.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, шарт, ваксин, эм
русия, муҳоҷират, шарт, ваксин, эм
Кор мехоҳӣ - ваксин гир: шарти Русия барои фаъолияти муҳоҷирон дар сохтмонҳо
10:52 16.06.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Марат Хуснуллин мегӯяд, шарти мо ба муҳоҷирони меҳнатӣ ин гирифтани ваксин аст. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки муҳоҷирон ин шартро қабул мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ширкатҳои сохтмонӣ дар Русия омодаанд муҳоҷирони меҳнатиро алайҳи коронавирус эм кунанд, гуфт Марат Хуснуллин муовини сарвазир дар мусоҳиба бо "Россия - 24".
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳукумати Русия мақомоти марбутаро вазифадор намудааст, то ҳамаи коргаронро бо ваксин таъмин кунанд.
Ӯ илова намуд, ки Русия омода аст ҳамаи муҳоҷироне, ки аз хориҷ ворид мешаванд, алайҳи ин беморӣ эм кунад. Ба таъкиди ӯ, ҳоло ширкатҳои сохтмонӣ ҳам ба маблағгузорӣ ва ташкили эмгузаронии коргарон изҳори ҳавасмандӣ намудаанд.
"Худи коргароне, ки аз Белорус, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон вориди Русия мешаванд, бисёр мехоҳанд дар ин ҷо кор кунанд ва маош гиранд. Ҳоло шарти мо ҳамин мешавад, ки агар кор хоҳӣ пас ваксин гир. Умедворем, ки муҳоҷирон шарти моро қабул мекунанд", - афзудааст Хуснуллин.
Бояд гуфт, ки дар давраи пандемия Русия ба норасоии шадиди муҳоҷирони меҳнатӣ рӯбарӯ гардид, алахусус ин мушкилот ба бахши сохтмон зарба зад. Дар робита ба зарурати ҷалби муҳоҷирон, музди меҳнат дар соҳаи сохтмон хеле афзудааст.
Ҳарчанд вуруди муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ идома дорад, лекин то ҳол мушкили ин соҳа ҳали худро пайдо накардааст.