https://sputnik.tj/20210901/lavrov-izhorot-bayden-istiqbol-1042007785.html
Лавров аз изҳороти ахири Байден истиқбол кард
Лавров аз изҳороти ахири Байден истиқбол кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазири корҳои хориҷӣ Лавров изҳороти Байденро дар бораи дахолат накардан ба умури кишварҳои дигар мусбат номид
2021-09-01T17:45+0500
2021-09-01T17:45+0500
2021-09-01T17:45+0500
сиёсат
има
афғонистон
сергей лавров
дар русия
ҷо байден
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041695590_0:0:3229:1816_1920x0_80_0_0_df74d69129e60b9c0706cadbaf622189.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи чоршанбе гуфт, изҳороти президенти ИМА Ҷо Байден дар бораи он ки "вақти анҷом додани дахолат ба умури кишварҳои дигар" расид мусбат аст, Маскав аз ин равиш истиқбол мекунад. "Ин лаҳза хеле ҷолиб аст, ки онро ҳам президенти ИМА Байден ва ҳам президенти Фаронса Макрон қайд кардаанд: ҳардуи онҳо, тақрибан бо фосилаи як ё ду рӯз, эълом доштанд, ки вақти он расидааст, ки дахолат ба корҳои дохилии дигар кишварҳо бо мақсади таҳмил кардани демократияи ғарб ба онҳо қатъ шавад", - гуфт Лавров дар мулоқот бо донишҷӯёни МГИМО."Мо аз ин гуна изҳорот истиқбол мекунем. Мо кайҳо боз даъват мекардем, ки аз он моҷароҳое, ки ҳамкорони ғарбии мо дар даҳсолаҳои охир роҳандозӣ мекарданд, ибрат гирифта шавад", - гуфт вазир. "Умедворам, ки ин изҳорот хулосаи ҷиддиеро инъикос кунад ва сайёраи мо дар оянда андаке оромтар хоҳад шуд". Рӯзи душанбе Амрико хуруҷ ва рисолати 20-солаи худро дар Афғонистон ба анҷом расонд. Дар паёми худ ба мардум рӯзи сешанбе Ҷо Байден гуфт, ки хуруҷи ИМА аз Афғонистон ба давраи талошҳо барои барқарор кардани кишварҳои дигар бо зӯр, хотима медиҳад.
https://sputnik.tj/20210901/lavrov-maqsad-maskav-neruho-nato-afghoniston-1042000831.html
https://sputnik.tj/20210901/tahmil--putin-vaz-afghoniston-1041999822.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041695590_165:0:2896:2048_1920x0_80_0_0_ff4529d5ec64d016b5618486346031f5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сергей лавров, ҷо байден, изҳорот, вокуниш
сергей лавров, ҷо байден, изҳорот, вокуниш
Лавров аз изҳороти ахири Байден истиқбол кард
Вазири корҳои хориҷӣ Лавров изҳороти Байденро дар бораи дахолат накардан ба умури кишварҳои дигар мусбат арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи чоршанбе гуфт, изҳороти президенти ИМА Ҷо Байден дар бораи он ки "вақти анҷом додани дахолат ба умури кишварҳои дигар" расид мусбат аст, Маскав аз ин равиш истиқбол мекунад.
"Ин лаҳза хеле ҷолиб аст, ки онро ҳам президенти ИМА Байден ва ҳам президенти Фаронса Макрон қайд кардаанд: ҳардуи онҳо, тақрибан бо фосилаи як ё ду рӯз, эълом доштанд, ки вақти он расидааст, ки дахолат ба корҳои дохилии дигар кишварҳо бо мақсади таҳмил кардани демократияи ғарб ба онҳо қатъ шавад", - гуфт Лавров дар мулоқот бо донишҷӯёни МГИМО.
"Мо аз ин гуна изҳорот истиқбол мекунем. Мо кайҳо боз даъват мекардем, ки аз он моҷароҳое, ки ҳамкорони ғарбии мо дар даҳсолаҳои охир роҳандозӣ мекарданд, ибрат гирифта шавад", - гуфт вазир.
"Умедворам, ки ин изҳорот хулосаи ҷиддиеро инъикос кунад ва сайёраи мо дар оянда андаке оромтар хоҳад шуд".
Рӯзи душанбе Амрико хуруҷ ва рисолати 20-солаи худро дар Афғонистон ба анҷом расонд.
Дар паёми худ ба мардум рӯзи сешанбе Ҷо Байден гуфт, ки хуруҷи ИМА аз Афғонистон ба давраи талошҳо барои барқарор кардани кишварҳои дигар бо зӯр, хотима медиҳад.