https://sputnik.tj/20210901/tahmil--putin-vaz-afghoniston-1041999822.html
Набояд аз берун таҳмил кард: Путин дар бораи вазъ дар Афғонистон
Набояд аз берун таҳмил кард: Путин дар бораи вазъ дар Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин, раисиҷмуҳури Русия, дар шарҳи вазъи Афғонистон изҳор дошт, ки набояд чизе аз берун таҳмил шавад
2021-09-01T13:30+0500
2021-09-01T13:30+0500
2021-09-01T13:31+0500
афғонистон
кобул
путин
раисиҷумҳур
сиёсат
амният ва мудофиа
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041866628_0:0:3042:1711_1920x0_80_0_0_d545cb4dd6f1fdadced762da4821cd63.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия дар мавриди Афғонистон гуфт, бояд дарк кард, ки таҳвили чизе аз берун ғайриимкон аст. Ӯ афзуд, ки бояд кумак кард, мунтазир шуд, ки вазъ аз дохил мусоид шавад. Раисиҷумҳури Русия дар мулоқот бо хонандагони мактаб таъкид ба зарурати кумаку мусоидат кардааст. "Бале инро бояд анҷом дод, аммо бо роҳҳои мутамаддин, эҳтиёткорона бо пуштибонӣ аз равандҳои мусбат, бидуни шитобкорӣ ва сабурона бояд амал кард", - илова намудааст Путин. Раисиҷумҳури Русия мутмаин аст, ки бидуни ин омилҳо ноил шудан ба таҳаввулоти мусбат тақрибан ғайриимкон аст. Шарҳи Путин дар мавриди Афғонистон дар ҳолест, ки тобистони соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар ҷангиёни Толибон* аввал минтақаҳои марзӣ, баъдан марказҳои вилоятҳо ва 15 август Кобулро ишғол карда, 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар анҷом ёфт. Феълан Панҷшер ягона аз 34 музофоти Афғонистон мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб дар он ҷамъ омада, ташкили давлати муосир бо иштироки намояндагони тамоми ақвому ақшори ҷомеа дар заминаи исломи муътадилро талаб доранд. Рӯзҳои охир Толибон* чанд бор ин вилоятро ҳадафи ҳамла қарор доданд, аммо ба гуфтаи намояндагони Ҷабҳаи муқовимат шикаст хӯрданду маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд. * - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210901/diplomat-afghon-panjsher-zidd-tolibon-muqovimat-1041997368.html
афғонистон
кобул
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/18/1041866628_313:0:3042:2047_1920x0_80_0_0_1348f14320206ac07d312df03cff45d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, раисиҷумҳури русия, афғонистон, таҳмил
владимир путин, раисиҷумҳури русия, афғонистон, таҳмил
Набояд аз берун таҳмил кард: Путин дар бораи вазъ дар Афғонистон
13:30 01.09.2021 (Навсозишуда: 13:31 01.09.2021) Владимир Путин, раисиҷмуҳури Русия, дар шарҳи вазъи Афғонистон изҳор дошт, ки набояд чизе аз берун таҳмил шавад
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия дар мавриди Афғонистон гуфт, бояд дарк кард, ки таҳвили чизе аз берун ғайриимкон аст. Ӯ афзуд, ки бояд кумак кард, мунтазир шуд, ки вазъ аз дохил мусоид шавад.
"Бояд дарк кард, ки таҳвили чизе аз берун ғайриимкон аст. Вазъият бояд мусоид шавад. Агар касе хоҳад, ки вазъи мусоид зудтар фароҳам гардад, сифатан беҳтар бошад, бояд барои одамон кумак кард", - иттилоъ дод РИА Новости аз қавли Путин.
Раисиҷумҳури Русия дар мулоқот бо хонандагони мактаб таъкид ба зарурати кумаку мусоидат кардааст.
"Бале инро бояд анҷом дод, аммо бо роҳҳои мутамаддин, эҳтиёткорона бо пуштибонӣ аз равандҳои мусбат, бидуни шитобкорӣ ва сабурона бояд амал кард", - илова намудааст Путин.
Раисиҷумҳури Русия мутмаин аст, ки бидуни ин омилҳо ноил шудан ба таҳаввулоти мусбат тақрибан ғайриимкон аст.
Шарҳи Путин дар мавриди Афғонистон дар ҳолест, ки тобистони соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз кишвар ҷангиёни Толибон* аввал минтақаҳои марзӣ, баъдан марказҳои вилоятҳо ва 15 август Кобулро ишғол карда, 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар анҷом ёфт. Феълан Панҷшер ягона аз 34 музофоти Афғонистон мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб дар он ҷамъ омада, ташкили давлати муосир бо иштироки намояндагони тамоми ақвому ақшори ҷомеа дар заминаи исломи муътадилро талаб доранд. Рӯзҳои охир Толибон* чанд бор ин вилоятро ҳадафи ҳамла қарор доданд, аммо ба гуфтаи намояндагони Ҷабҳаи муқовимат шикаст хӯрданду маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар