https://sputnik.tj/20210901/lavrov-maqsad-maskav-neruho-nato-afghoniston-1042000831.html
Лавров муҳимтарин мақсади Маскав баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистонро гуфт
Лавров муҳимтарин мақсади Маскав баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистонро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, Маскав дар таъмини амният дар Афғонистон баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО манфиатдор аст 01.09.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-09-01T13:45+0500
2021-09-01T13:45+0500
2021-09-01T13:45+0500
амният ва мудофиа
сергей лавров
осиёи марказӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041929775_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_f2a28eaa411ffb2a087ab69069cda9dd.jpg
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Барои Маскав аз ҳама муҳим таъмини бехатарии иттифоқичиёнаш баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон мебошад, хабар додааст РИА Новости аз қавли Лавров. Аз ҷумлаи иттифоқчиёни Маскав дар Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон марзи тӯлонии муштарак дорад, Тоҷикистон мебошад. Лавров гуфт, бо иттифоқчиёнашон дар Осиёи Марказӣ пайваста дар тамосанд, чун аз ин бевосита бехатарии марзҳои ҷанубии Русия вобастагӣ дорад. Қаблан мақомдорони Русия изҳор доштанд, ки ба умури дохилии Афғонистон дахолат нахоҳанд кард. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар мавриди Афғонистон гуфт, бояд дарк кард, ки таҳвили чизе аз берун ғайриимкон аст. Ӯ афзуд, ки бояд кумак кард, мунтазир шуд, ки вазъ аз дохил мусоид шавад.Ин дар ҳолест, ки тобистони соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ҷангиёни Толибон* аввал минтақаҳои марзӣ, баъдан марказҳои вилоятҳо ва 15 август Кобулро ишғол карда, 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар анҷом ёфт. Феълан Панҷшер ягона аз 34 музофоти Афғонистон мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб дар он ҷамъ омада, ташкили давлати муосир бо иштироки намояндагони тамоми ақвому ақшори ҷомеа дар заминаи исломи муътадилро талаб доранд. Рӯзҳои охир Толибон* чанд бор ин вилоятро ҳадафи ҳамла қарор доданд, аммо ба гуфтаи намояндагони Ҷабҳаи муқовимат, ҳамлагарон шикаст хӯрданду маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210901/tafsilot-firor-ghani-afghoniston-1041999524.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1b/1041929775_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_1bba73b9518afa118813e072d886b36f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният ва мудофиа, сергей лавров, осиёи марказӣ, дар русия
амният ва мудофиа, сергей лавров, осиёи марказӣ, дар русия
Лавров муҳимтарин мақсади Маскав баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистонро гуфт
Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, мегӯяд, Маскав дар таъмини амният дар Афғонистон баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО манфиатдор аст
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Барои Маскав аз ҳама муҳим таъмини бехатарии иттифоқичиёнаш баъди хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон мебошад, хабар додааст РИА Новости аз қавли Лавров.
Аз ҷумлаи иттифоқчиёни Маскав дар Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон марзи тӯлонии муштарак дорад, Тоҷикистон мебошад. Лавров гуфт, бо иттифоқчиёнашон дар Осиёи Марказӣ пайваста дар тамосанд, чун аз ин бевосита бехатарии марзҳои ҷанубии Русия вобастагӣ дорад.
"Умедворам, ки якҷоя мо дар мавриди иқдоми хориҷӣ созиш мекунем, ки барои ташаккули шароити хуб ва таъсиси ҳукумати воқеан умумимиллӣ мусоидат мекунанд", - изҳор дошт Лавров.
Қаблан мақомдорони Русия изҳор доштанд, ки ба умури дохилии Афғонистон дахолат нахоҳанд кард.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар мавриди Афғонистон гуфт, бояд дарк кард, ки таҳвили чизе аз берун ғайриимкон аст. Ӯ афзуд, ки бояд кумак кард, мунтазир шуд, ки вазъ аз дохил мусоид шавад.
Ин дар ҳолест, ки тобистони соли равон дар пасманзари хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ҷангиёни Толибон* аввал минтақаҳои марзӣ, баъдан марказҳои вилоятҳо ва 15 август Кобулро ишғол карда, 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар анҷом ёфт.
Феълан Панҷшер ягона аз 34 музофоти Афғонистон мебошад, ки нерӯҳои зиддитолиб дар он ҷамъ омада, ташкили давлати муосир бо иштироки намояндагони тамоми ақвому ақшори ҷомеа дар заминаи исломи муътадилро талаб доранд. Рӯзҳои охир Толибон* чанд бор ин вилоятро ҳадафи ҳамла қарор доданд, аммо ба гуфтаи намояндагони Ҷабҳаи муқовимат, ҳамлагарон шикаст хӯрданду маҷбур ба ақибнишинӣ шуданд.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар