https://sputnik.tj/20210830/haqqoniho-qandahoriho-ihtilof-tolibon-1041959886.html
“Ҳаққониҳо ва қандаҳориҳо”: ихтилоф миёни Толибон* то куҷо расидааст?
“Ҳаққониҳо ва қандаҳориҳо”: ихтилоф миёни Толибон* то куҷо расидааст?
Sputnik Тоҷикистон
Инҳо толибони солҳои 90 нестанд. Дар Кобул ҳаводисе иттифоқ меафтанд, ки ривоят аз ихтилофҳои дохилии онҳо, бахусус, миёни ду нерӯи асосии раҳбарии Толибон* – толибони дуронӣ ва ҳаққониҳои ғилҷоӣ мекунад
2021-08-30T12:00+0500
2021-08-30T12:00+0500
2021-08-30T12:00+0500
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
мухолифат
қандаҳор
ихтилоф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041680765_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_49b66a7a874198a7ba9cbf9e29c83335.jpg
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik, Фахриддини Холбек. Дар баробари инфиҷорҳои рӯзи 26 августи фурудгоҳи Кобул дар соҳаи Пули Сӯхта, воқеъ дар ғарби пойтахти Афғонистон як мошини “Ренҷер” – и ҷангиёни толиб мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷа чаҳор тани онҳо ба ҳалокат расид.Ҳамон бегоҳ як даргирӣ дар соҳаи Кампани, маҳалле миёни шаҳри Кобул ва вулусволии Пағмони вилояти Кобул миёни ду гуруҳ иттифоқ афтод, ки аз талафоташ иттилои дақиқ нест. Ин даргирӣ шадид набуда, рӯзҳои баъдӣ низ идома доштааст.Манобеъи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, ин маҳал дар гузашта таҳти нуфузи Абдураб Расули Сайёф буд ва ҳоло он ҷо ҷангиёни “ДОИШ” – и “Ал-қоида”* мустақар шуда, даргирӣ эҳтимолан миёни онҳо ва Толибон* сурат гирифтааст.Иддае ҳам даргириҳои Пули Сӯхта ва Компаниро ҷанҷолҳои зотулбайнии фармондеҳони хурди Толибон* – и маҳал ба хотири тасаллут пайдо кардан бар минтақа арзёбӣ мекунанд, вале аз ин қиссаҳо ҳақиқати талхе барои “Толибон” аён мешавад, ки аъзои ин гуруҳ дар тартибу низом аз толибҳои солҳои 90 ба куллӣ фарқ мекунанд.Соли 1996 ин гуруҳ бо як инсиҷом вориди Кобул шуда, аз як раҳбари оҳанин ё “амиралмуъминин” ба ба номи Мулло Умар фармон мебурд ва ин қабил марказгурезиҳо шадидан муҷозот мешуд. Аммо бо марги Мулло Умар Толибон* дастхуши ихтилофот ва чандаста шуданд, ки акнун оқибатҳои қобили мулоҳидаашро имрӯз дар Кобул мебинем.“Ганҷи бодоварда”Ду ҳафта шуд, ки толибҳо вориди Кобул шуда, аз раъйзаниҳо барои ташкили “ҳукумати ҳамашумул”, ташкили “Шӯрои дувоздаҳнафара”, таъйини вазирону волиёну дигар мансабҳои Иморати исломиашон ҳарф мезананд, аммо ба чизе даст намеёбанд. Дар аксари идороти давлатӣ ва бонкҳо дар кишвар бесарпарастӣ ва бесарнавиштӣ ҳумрон аст.Огаҳони ҳол аз ихтилофи миёни ду гуруҳи умдаи Толибон* – “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва толибони қандаҳорӣ суҳбат мекунанд, ки ҳарду бар сари раҳбарӣ ва низоми кишвар рақобат доранд. Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон* ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ” низ то ба ҳол дар Кобул ҳузур пайдо накардаанд.Мулло Ғанӣ Бародар, раҳбари сиёсии Толибон* ҳарчанд вориди Кобул шуд, аммо садое аз ӯ берун наомад. Бино ба гузоришҳо, ӯ ва Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузори ҳаракати “Толибон” дар пайи фишори ҳаққониҳо ба Қандаҳор баргаштаанд. Ҳатто баҳси пойтахти Иморати исломӣ, ки Кобул бошад ё Қандаҳор, низ доғ шудааст. Қандаҳориҳо бо кӯчонидани пойтахт дар Қандаҳор мехоҳанд ҳукумати худро ба вуҷуд оранд.Бино ба бархе гузоришҳо аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ҳатто ҳарду гуруҳ дар талошанд, ки Ҷабҳаро ба худ ҷалб кунанд, то дар баҳс бо ҷониби мухолиф вазни бештар дошта бошанд. Аз ҷумла Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, бародари Сироҷуддин Ҳаққонӣ, дар як суҳбаташ зикри хайре аз Аҳмадшоҳи Масъуд, душмани сарсахти Толибон*, карда, ӯро “қаҳрамони миллӣ” хонд. Ин ихтилофт аз сӯе ҳам таваҷҷӯҳи Толибон* барои ҳамла ба Панҷшерро кам кардааст.Қудрат ё “ганҷи бодоварда” – и Толибон* зоҳиран дар ҳоли тарака аст.“Решаҳои бузург”Ҳоло бештарин нуқоти шаҳри Кобулро фармондеҳон ва ҷангиёни “Шабакаи Ҳаққонӣ” таҳти назорат доранд. Ин бартариро онҳо бо суқути Кобул ба даст оварданд, ки аввалин шуда, вориди шаҳр гаштанд. Кобул амалан таҳти султаи “Шабакаи Ҳаққонӣ” қарор дорад.Як ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон аз Кобул, ки собиқаи роҳбарӣ дар Хадамоти амнияти миллии Афғонистонро дорад, гуфт, “Шабакаи Ҳаққонӣ” бахши коркуштаи таҳрики Толибон* аст, ки умури террористӣ ва истихборотии онро ба дӯш дорад.“Истихбороти Покистон бештар ба ин шабака эътимод дорад. Агар раҳбарии Иморати исломӣ ба дасти “Шабакаи Ҳаққонӣ” афтад, дасти созмонҳои истихборотии минтақаву ҷаҳон, назири ISI (Покистон), CIA (ИМА) ва MI – 6 (Инглистон) ба умури Афғонистон бозтар мешавад. Ҷангҷӯёни хориҷии марбути “Ал-қоида”, созмонҳои террористии Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин, ҳатто ДОИШ, ки гуфта мешавад, теъдодашон аз 20 ҳазор нафар зиёд аст, ба дасти “ҳаққониҳо” мудирият мешаванд. Иҷрои тарҳи ДОИШ ва нуфузи додани он ба Осиёи Миёна, Русия, Чин ва Эрон низ ба ин шабака вогузор шудааст”, - гуфт ӯ.Ин таърифи як истихборотии Афғонистон то ҷое аз рӯи бархе печидагиҳои вазъ дар Афғонистон парда бармедорад ва решаҳои бузурги ихтилофотро луч мекунад, қабл аз ҳама ба ин ки чаро қудратҳои дигари ҷаҳониву минтақаӣ – Русия, Чин ва Эрон ба Толибон* назари нек доранд ва аз зуҳури якбораи ДОИШ бонги хатар мезананд.Вай мегӯяд, созмонҳои террористие, назири Ҳаракат исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва қисмати бузурге аз толибони тоҷику ӯзбеки Афғонистон эҳтимолан ба “ДОИШ” хоҳанд пайваст, ки барои роҳандозии пружааш, қабл аз ҳама дар шимоли кишвар, бар дӯши “Шабакаи Ҳаққонӣ” аст.“Ӯйғурҳои Чин, ҷангиёни Осиёи Марказиву Русия аз хавфи ин, ки Толибон* онҳоро ба ҳукуматҳояшон таслим хоҳанд кард, аъзои билқувваи “ДОИШ” ба шумор меоянд. Амрикоиҳо бо истифода аз бебандуборие, ки ба вуҷуд омад, афғонҳоро ба Аврупову Амрико интиқол доданд ва аъзои “ДОИШ” – ро вориди Афғонистон карданд. Русия, Чин ва Эрон ҳамоно аз Толибон* барои саркӯбии “ДОИШ” умед доранд, аммо ба дасти ҳаққониҳо гузаштани қудратро таҳаммул нахоҳанд кард”, - гуфт ӯ.Он чӣ дар ин қисса ҷолиб аст, мавқеи Покистон аст, ки ба бовари огаҳони ҳол, истихборотиҳояш дар канори “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва сиёсиёнаш бо Толибон* – и қандаҳориянд. Ба назар мерасад, аз ташдиди рақобатҳо миёни раҳбарони Толибон* ин мудирият то чанд вақти дигар аз дасти Исломобод хориҷ хоҳад шуд.Рақобати таърихӣДуронӣ ва ғилҷоӣ ё ғилзоӣ ду шохаи қабилаии паштун ва бо ҳам рақиб, қарнҳо бо ҳам ихтилоф доштаанд. Ғилзоиҳо аксариятанд, аммо дурониҳо ақаллият. Бо ин ҳол, дурониҳо, ки марказашон Қандаҳор буда, аз соли 1947 то 1977 дар қудрат буданд ва бо суқути сардор Довудхон дар 1977 дурониҳо аз қудрат халъ ва ғилзоиҳо (Таракӣ, Амин, Наҷибуллоҳ, Мулло Умар) ба қудрат омаданду рафтанд. Карзай ҳам аз шохаи дуронӣ ва сипас Ашраф Ғанӣ аз шохаи ғилзоӣ буданд.“Шабакаи Ҳаққонӣ” ғилзоӣ аст ва Мулло Ҳайбаттулоҳ, раҳбари Толибон* – у муовинаш Мулло Бародар аз шохаи нурзойии дуронӣ. Ҳоло агар ҳаққониҳо дар Кобул қудратро қабза кардаанд, тарафи дигар дар Қандаҳор оргоҳу боргоҳ месозад.Ин хабарҳо низ ба забони расонаҳо афтод, ки Мулло Ҳайбатуллоҳро “Шабакаи Ҳаққонӣ” қабл аз он ки ба қудрат биёяд, террор кардааст. Аммо бино ба иттилое, ки Sputnik Тоҷикистон дар ихтиёр дорад, раҳбари Толибон* тариқи тайёраҳои низомии Покистон шаби шанбе ба Қандаҳор интиқол ёфтааст.Раззоқи Маъмун, таҳлилгари масоили Афғонистон, мегӯяд, акнун ду қудрат шакл мегирад, яке, Кобули ғилзоӣ ва дигаре, Қандаҳори дуронӣ ва Ҳомид Карзай, ки худ аз шохаи пупалзойии дуронӣ аст, саъй дорад раҳбарии дурониро тамсил кунад.“Кашу гирашон зиёд ва ҳама барномаҳои онон дар гарави Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер аст ва ҳар ду шоха аз Панҷшер бисёр тарс доранд, ки чӣ хоҳад шуд. Аҳмадшоҳ Масъуд ҳамвора тарафдори иттиҳод бо дурониҳо ва сахт душмани ғилзоиҳо буд, ки Мулло Умар раҳбариашон мекард. Ҳоло як фурсати таърихӣ барои ҳарду ҷониб аст. Маълум нест, ки оё силсилаи қудрат аз дуронӣ ба ғилзоӣ дубора дода мешавад ё он ки ғилзоиҳо дар раҳбарии паштун қавитар мешаванд”, - гуфт Раззоқи Маъмун.“Ҷанги ҳама”Дар ҳамин ҳол, мо шоҳиди эҷоди меҳварҳои қудрат дар Афғонистон ҳастем, ки дар ҳоли нуқтаи авҷ расидани ихтилофи Кобулу Қандаҳор, ба шумули Панҷшер шумораашон ба се мерасад. Дар ҳоли зуҳури “ДОИШ” ва ҷуғрофия пайдо кардани он бо талошҳои Амрикову Арабистони Саудӣ, як меҳвари дигар дар Ҳазораҷот бо “Лашкари Фотимиюн” ва “Ҳашдалшаъбӣ” аз сӯи Эрон низ эҳтимолан эҷод хоҳад шуд ва шумораи марокизи қудрат дар Афғонистонро ба панҷ хоҳад расонд.Он гаҳ ҷаҳон шоҳиди “ҷанги ҳама алайҳи ҳама” ва ба хоку хун кашидани Афғонистон хоҳем буд. Ин вазъ хатари аз дарёи Ому гузаштани оташи ҷангро бештар мекунад.Бино ба як санади савтие, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифтааст, ҳанӯз қабл аз моҳи Рамазони соли равон миёни Амрико ва Толибон* санад ба имзо расида, бино ба он, амрикоиҳо қудрат дар Афғонистонро дар ихтиёри Толибон* мегузоранд ва ахириҳо муваззаф мешаванд, барномаҳои Амрико алайҳи Эрон ва Русияро иҷро кунанд. Сиҳати ин санад қисмат собит шуд: Амрико тамоми таҷҳизоти низомии урдуи Афғонистонро дар ихтиёри Толибон* гузошт ва онҳоро ба қудрат расонд.Дар чунин ҳол, танҳо талошҳои муштараки кишварҳои узви созмонҳое, назири Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), қодир аст, ин оташро дар дохили Афғонистон хомӯш кунад.Ҳамзамон ин вазъ ба воқеияти нигарониҳое, ки дар Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ба вуҷуд омадаанд ва печидагиву мураккабиҳои вазъи Афғонистон низ равшанӣ меандозад.*- созмони террористие, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст
https://sputnik.tj/20210828/mujohid-huruji-amriko-infijor-afghoniston-1041945358.html
https://sputnik.tj/20210828/shoygu-jangjuyon-afghoniston-tojikistonro-1041948101.html
https://sputnik.tj/20210829/maqomdor-tolibon-hukumat-hamashumul-1041954832.html
https://sputnik.tj/20210829/fishorho-tolibon-panjsher-shabakaho-muhobaroti-qat-1041954448.html
https://sputnik.tj/20210827/tolibon-tojikonro-hukumat-shomil-mekunand-1041934735.html
https://sputnik.tj/20210827/amrulloh-soleh-tolibon-diish-robita-1041925980.html
афғонистон
қандаҳор
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/11/1041680765_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_ca185421d3da048b1e32fe2f4affcd23.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, толибон, ихтилоф, қандаҳор, кобул
афғонистон, толибон, ихтилоф, қандаҳор, кобул
ДУШАНБЕ, 30 авг – Sputnik, Фахриддини Холбек. Дар баробари инфиҷорҳои рӯзи 26 августи фурудгоҳи Кобул дар соҳаи Пули Сӯхта, воқеъ дар ғарби пойтахти Афғонистон як мошини “Ренҷер” – и ҷангиёни толиб мавриди ҳамла қарор гирифт, ки дар натиҷа чаҳор тани онҳо ба ҳалокат расид.
Ҳамон бегоҳ як даргирӣ дар соҳаи Кампани, маҳалле миёни шаҳри Кобул ва вулусволии Пағмони вилояти Кобул миёни ду гуруҳ иттифоқ афтод, ки аз талафоташ иттилои дақиқ нест. Ин даргирӣ шадид набуда, рӯзҳои баъдӣ низ идома доштааст.
Манобеъи Sputnik Тоҷикистон мегӯянд, ин маҳал дар гузашта таҳти нуфузи Абдураб Расули Сайёф буд ва ҳоло он ҷо ҷангиёни “ДОИШ” – и “Ал-қоида”* мустақар шуда, даргирӣ эҳтимолан миёни онҳо ва Толибон* сурат гирифтааст.
Иддае ҳам даргириҳои Пули Сӯхта ва Компаниро ҷанҷолҳои зотулбайнии фармондеҳони хурди Толибон* – и маҳал ба хотири тасаллут пайдо кардан бар минтақа арзёбӣ мекунанд, вале аз ин қиссаҳо ҳақиқати талхе барои “Толибон” аён мешавад, ки аъзои ин гуруҳ дар тартибу низом аз толибҳои солҳои 90 ба куллӣ фарқ мекунанд.
Соли 1996 ин гуруҳ бо як инсиҷом вориди Кобул шуда, аз як раҳбари оҳанин ё “амиралмуъминин” ба ба номи Мулло Умар фармон мебурд ва ин қабил марказгурезиҳо шадидан муҷозот мешуд. Аммо бо марги Мулло Умар Толибон* дастхуши ихтилофот ва чандаста шуданд, ки акнун оқибатҳои қобили мулоҳидаашро имрӯз дар Кобул мебинем.
Ду ҳафта шуд, ки толибҳо вориди Кобул шуда, аз раъйзаниҳо барои ташкили “ҳукумати ҳамашумул”, ташкили “Шӯрои дувоздаҳнафара”, таъйини вазирону волиёну дигар мансабҳои Иморати исломиашон ҳарф мезананд, аммо ба чизе даст намеёбанд. Дар аксари идороти давлатӣ ва бонкҳо дар кишвар бесарпарастӣ ва бесарнавиштӣ ҳумрон аст.
Огаҳони ҳол аз ихтилофи миёни ду гуруҳи умдаи Толибон* – “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва толибони қандаҳорӣ суҳбат мекунанд, ки ҳарду бар сари раҳбарӣ ва низоми кишвар рақобат доранд. Мулло Ҳайбатуллоҳ, раҳбари Толибон* ва Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари “Шабакаи Ҳаққонӣ” низ то ба ҳол дар Кобул ҳузур пайдо накардаанд.
Мулло Ғанӣ Бародар, раҳбари сиёсии Толибон* ҳарчанд вориди Кобул шуд, аммо садое аз ӯ берун наомад. Бино ба гузоришҳо, ӯ ва Мулло Яъқуб, писари Мулло Умар, асосгузори ҳаракати “Толибон” дар пайи фишори ҳаққониҳо ба Қандаҳор баргаштаанд. Ҳатто баҳси пойтахти Иморати исломӣ, ки Кобул бошад ё Қандаҳор, низ доғ шудааст. Қандаҳориҳо бо кӯчонидани пойтахт дар Қандаҳор мехоҳанд ҳукумати худро ба вуҷуд оранд.
Бино ба бархе гузоришҳо аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ҳатто ҳарду гуруҳ дар талошанд, ки Ҷабҳаро ба худ ҷалб кунанд, то дар баҳс бо ҷониби мухолиф вазни бештар дошта бошанд. Аз ҷумла Халилурраҳмон Ҳаққонӣ, бародари Сироҷуддин Ҳаққонӣ, дар як суҳбаташ зикри хайре аз Аҳмадшоҳи Масъуд, душмани сарсахти Толибон*, карда, ӯро “қаҳрамони миллӣ” хонд. Ин ихтилофт аз сӯе ҳам таваҷҷӯҳи Толибон* барои ҳамла ба Панҷшерро кам кардааст.
Қудрат ё “ганҷи бодоварда” – и Толибон* зоҳиран дар ҳоли тарака аст.
Ҳоло бештарин нуқоти шаҳри Кобулро фармондеҳон ва ҷангиёни “Шабакаи Ҳаққонӣ” таҳти назорат доранд. Ин бартариро онҳо бо суқути Кобул ба даст оварданд, ки аввалин шуда, вориди шаҳр гаштанд. Кобул амалан таҳти султаи “Шабакаи Ҳаққонӣ” қарор дорад.
Як ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон аз Кобул, ки собиқаи роҳбарӣ дар Хадамоти амнияти миллии Афғонистонро дорад, гуфт, “Шабакаи Ҳаққонӣ” бахши коркуштаи таҳрики Толибон* аст, ки умури террористӣ ва истихборотии онро ба дӯш дорад.
“Истихбороти Покистон бештар ба ин шабака эътимод дорад. Агар раҳбарии Иморати исломӣ ба дасти “Шабакаи Ҳаққонӣ” афтад, дасти созмонҳои истихборотии минтақаву ҷаҳон, назири ISI (Покистон), CIA (ИМА) ва MI – 6 (Инглистон) ба умури Афғонистон бозтар мешавад. Ҷангҷӯёни хориҷии марбути “Ал-қоида”, созмонҳои террористии Осиёи Марказӣ, Русия ва Чин, ҳатто ДОИШ, ки гуфта мешавад, теъдодашон аз 20 ҳазор нафар зиёд аст, ба дасти “ҳаққониҳо” мудирият мешаванд. Иҷрои тарҳи ДОИШ ва нуфузи додани он ба Осиёи Миёна, Русия, Чин ва Эрон низ ба ин шабака вогузор шудааст”, - гуфт ӯ.
Ин таърифи як истихборотии Афғонистон то ҷое аз рӯи бархе печидагиҳои вазъ дар Афғонистон парда бармедорад ва решаҳои бузурги ихтилофотро луч мекунад, қабл аз ҳама ба ин ки чаро қудратҳои дигари ҷаҳониву минтақаӣ – Русия, Чин ва Эрон ба Толибон* назари нек доранд ва аз зуҳури якбораи ДОИШ бонги хатар мезананд.
Вай мегӯяд, созмонҳои террористие, назири Ҳаракат исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон, “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ва қисмати бузурге аз толибони тоҷику ӯзбеки Афғонистон эҳтимолан ба “ДОИШ” хоҳанд пайваст, ки барои роҳандозии пружааш, қабл аз ҳама дар шимоли кишвар, бар дӯши “Шабакаи Ҳаққонӣ” аст.
“Ӯйғурҳои Чин, ҷангиёни Осиёи Марказиву Русия аз хавфи ин, ки Толибон* онҳоро ба ҳукуматҳояшон таслим хоҳанд кард, аъзои билқувваи “ДОИШ” ба шумор меоянд. Амрикоиҳо бо истифода аз бебандуборие, ки ба вуҷуд омад, афғонҳоро ба Аврупову Амрико интиқол доданд ва аъзои “ДОИШ” – ро вориди Афғонистон карданд. Русия, Чин ва Эрон ҳамоно аз Толибон* барои саркӯбии “ДОИШ” умед доранд, аммо ба дасти ҳаққониҳо гузаштани қудратро таҳаммул нахоҳанд кард”, - гуфт ӯ.
Он чӣ дар ин қисса ҷолиб аст, мавқеи Покистон аст, ки ба бовари огаҳони ҳол, истихборотиҳояш дар канори “Шабакаи Ҳаққонӣ” ва сиёсиёнаш бо Толибон* – и қандаҳориянд. Ба назар мерасад, аз ташдиди рақобатҳо миёни раҳбарони Толибон* ин мудирият то чанд вақти дигар аз дасти Исломобод хориҷ хоҳад шуд.
Дуронӣ ва ғилҷоӣ ё ғилзоӣ ду шохаи қабилаии паштун ва бо ҳам рақиб, қарнҳо бо ҳам ихтилоф доштаанд. Ғилзоиҳо аксариятанд, аммо дурониҳо ақаллият. Бо ин ҳол, дурониҳо, ки марказашон Қандаҳор буда, аз соли 1947 то 1977 дар қудрат буданд ва бо суқути сардор Довудхон дар 1977 дурониҳо аз қудрат халъ ва ғилзоиҳо (Таракӣ, Амин, Наҷибуллоҳ, Мулло Умар) ба қудрат омаданду рафтанд. Карзай ҳам аз шохаи дуронӣ ва сипас Ашраф Ғанӣ аз шохаи ғилзоӣ буданд.
“Шабакаи Ҳаққонӣ” ғилзоӣ аст ва Мулло Ҳайбаттулоҳ, раҳбари Толибон* – у муовинаш Мулло Бародар аз шохаи нурзойии дуронӣ. Ҳоло агар ҳаққониҳо дар Кобул қудратро қабза кардаанд, тарафи дигар дар Қандаҳор оргоҳу боргоҳ месозад.
Ин хабарҳо низ ба забони расонаҳо афтод, ки Мулло Ҳайбатуллоҳро “Шабакаи Ҳаққонӣ” қабл аз он ки ба қудрат биёяд, террор кардааст. Аммо бино ба иттилое, ки Sputnik Тоҷикистон дар ихтиёр дорад, раҳбари Толибон* тариқи тайёраҳои низомии Покистон шаби шанбе ба Қандаҳор интиқол ёфтааст.
Раззоқи Маъмун, таҳлилгари масоили Афғонистон, мегӯяд, акнун ду қудрат шакл мегирад, яке, Кобули ғилзоӣ ва дигаре, Қандаҳори дуронӣ ва Ҳомид Карзай, ки худ аз шохаи пупалзойии дуронӣ аст, саъй дорад раҳбарии дурониро тамсил кунад.
“Кашу гирашон зиёд ва ҳама барномаҳои онон дар гарави Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер аст ва ҳар ду шоха аз Панҷшер бисёр тарс доранд, ки чӣ хоҳад шуд. Аҳмадшоҳ Масъуд ҳамвора тарафдори иттиҳод бо дурониҳо ва сахт душмани ғилзоиҳо буд, ки Мулло Умар раҳбариашон мекард. Ҳоло як фурсати таърихӣ барои ҳарду ҷониб аст. Маълум нест, ки оё силсилаи қудрат аз дуронӣ ба ғилзоӣ дубора дода мешавад ё он ки ғилзоиҳо дар раҳбарии паштун қавитар мешаванд”, - гуфт Раззоқи Маъмун.
Дар ҳамин ҳол, мо шоҳиди эҷоди меҳварҳои қудрат дар Афғонистон ҳастем, ки дар ҳоли нуқтаи авҷ расидани ихтилофи Кобулу Қандаҳор, ба шумули Панҷшер шумораашон ба се мерасад. Дар ҳоли зуҳури “ДОИШ” ва ҷуғрофия пайдо кардани он бо талошҳои Амрикову Арабистони Саудӣ, як меҳвари дигар дар Ҳазораҷот бо “Лашкари Фотимиюн” ва “Ҳашдалшаъбӣ” аз сӯи Эрон низ эҳтимолан эҷод хоҳад шуд ва шумораи марокизи қудрат дар Афғонистонро ба панҷ хоҳад расонд.
Он гаҳ ҷаҳон шоҳиди “ҷанги ҳама алайҳи ҳама” ва ба хоку хун кашидани Афғонистон хоҳем буд. Ин вазъ хатари аз дарёи Ому гузаштани оташи ҷангро бештар мекунад.
Бино ба як санади савтие, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифтааст, ҳанӯз қабл аз моҳи Рамазони соли равон миёни Амрико ва Толибон* санад ба имзо расида, бино ба он, амрикоиҳо қудрат дар Афғонистонро дар ихтиёри Толибон* мегузоранд ва ахириҳо муваззаф мешаванд, барномаҳои Амрико алайҳи Эрон ва Русияро иҷро кунанд. Сиҳати ин санад қисмат собит шуд: Амрико тамоми таҷҳизоти низомии урдуи Афғонистонро дар ихтиёри Толибон* гузошт ва онҳоро ба қудрат расонд.
Дар чунин ҳол, танҳо талошҳои муштараки кишварҳои узви созмонҳое, назири Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ), қодир аст, ин оташро дар дохили Афғонистон хомӯш кунад.
Ҳамзамон ин вазъ ба воқеияти нигарониҳое, ки дар Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ба вуҷуд омадаанд ва печидагиву мураккабиҳои вазъи Афғонистон низ равшанӣ меандозад.
*- созмони террористие, ки фаъолияташ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст