Река вдоль границы с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Охирин хабару назарҳо дар мавриди вазъи марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин пайванд гирд гирд оварда шудаанд

Шойгу гузашти ҷангҷӯён аз Афғонистон ба Тоҷикистонро истисно намедонад

© Фотохост-агентство sco-russia2020.ru / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Сергей Шойгу
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.08.2021
Обуна шудан
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу аз идомаи барномаи мусаллаҳсозии Тоҷикистон дар пасманзари таҳдидҳо аз Афғонистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 28 авг – Sputnik. Вазири мудофиаи Русия генерали артиш Сергей Шойгу амалҳои пешгирикунандаи кишварҳои СААД -ро дар пасманзари таҳдиди Афғонистон дуруст арзёбӣ кард.
Ҳамзамон, сардори Вазорати дифоъ ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои низомӣ дар дохили созмон таъкид кард.

"Ҳаводиси Афғонистон, ҳамаи он чизе, ки он ҷо мегузарад, моро бори дигар мутмаин сохт, ки ҳар кореро ки мо дар доираи СААД анҷом медиҳем, дуруст аст", - гуфт Шойгу зимни баромад дар назди хабарнигорони расонаҳои минтақавӣ дар Қазон.

Вай ёдовар шуд, ки бо афзоиши таҳдид ба амнияти марзҳои СААД аз Афғонистон, Созмон як қатор машқҳои низомӣ баргузор кард.
Ҳамин тариқ, машқҳои васеъмиқёс дар наздикии марз бо Афғонистон моҳи август сурат гирифт. Дар тамринҳои низомӣ се кишвари СААД - Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Русия ширкат карданд.
Боевой разведывательно-ударный вертолет Ка-52 Аллигатор  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд аз Русия чархболу силоҳи бештар харанд
Ба гуфти ӯ, хатари интиқоли ҷангҷӯён аз марз ба кишварҳои СААД вуҷуд дорад.
Машқи муштараки низомиёни се кишвар дар наздикии марзи Афғонистон: аксҳо аз Ҳарб-Майдон
Ҳамзамон, хатари қочоқи маводи мухаддир низ боқӣ мемонад.
"Ва, албатта, мо намехоҳем, ки ҳамаи ин ба қаламравҳои мо, ба кишварҳои СААД гузарад", - гуфт Шойгу.
Барои ҷилавгирӣ аз ин хатар, Русия барномаи худро дар мавриди аз нав мусаллаҳ кардани нерӯҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон идома медиҳад.
Лидер ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.08.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Пешниҳоди Жириновский барои пайвастани қисме аз Афғонистон ба Тоҷикистон
Шойгу таъкид кард, ки Русия ба таъсиси ҳукумати эътилофӣ дар Афғонистон ва субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатдор аст.
Ёдовар мешавем, ки барномаи муштараки Маскав ва Душанбе дар бораи муҷаҳҳаз кардани артиши Тоҷикистон то соли 2040 пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0