Толибон ваъда доданд, ки тоҷиконро ба Ҳукумат шомил мекунанд

© AFP 2023 / KARIM JAAFARЧлены движения "Талибан" присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога
Члены движения Талибан присутствующие на втором дне переговоров внутриафганского диалога - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.08.2021
Обуна шудан
Манобеи Толибон мегӯянд, ки ба ҳайати нави ҳукумат раҳбарони ҳамаи миллатҳои Афғонистон шомил хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Толибон (ҳаракати террористӣ, мамнӯъ дар як қатор кишварҳо) изҳор доштаанд, ки ният доранд дар Афғонистон бо иштироки сарварони ҳамаи қавмҳои муқими ин кишвар ҳукумати муваққатӣ таъсис диҳанд, хабар додааст "Ал-Ҷазира"
Маълум нест, ки ҳукумати муваққатӣ то кай фаъолият хоҳад кард.
Толибон ният доранд, ки чеҳраҳои нав аз ҷумла фарзандони раҳбарони қабилаҳои тоҷику узбекро ба ҳукумат ҷалб кунанд.
Як манбаи Толибон ҳамчунин гуфтааст, ки ҳукумати муваққат дорои "амир ал -муминин" ("ҳокими мӯъминон" - унвони халифаҳо ва дигар ҳокимони мусалмон) хоҳад буд, ки Аморати исломии Афғонистонро раҳбарӣ мекунад.
Сотрудники Kam Air у самолета - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.08.2021
Фирор аз Афғонистон: ширкати ҳавоии “Кам Эйр” ҳавопаймоҳояшро ба Эрон мебарад
Онҳо инчунин шарҳ доданд, ки шӯрои олии роҳбарикунанда барои муайян кардани шакли ҳукумати оянда ва таъин кардани вазирон даъват шудааст.
Ин манбаъ гуфтааст, ки яке аз раҳбарони Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар дар Кобул аст ва Мулло Муҳаммад Ёқуб, писари асосгузори Толибон * Мулло Умар, барои машваратҳои аввалия дар бораи ташкили ҳукумат аз Қандаҳор омадааст.
Толибон инчунин гузориш медиҳанд, ки ИМА баъзе аъзоёни ҳукумати кӯҳнаро, аз ҷумла президенти собиқ Ҳомид Карзай ва раҳбари собиқи Шӯрои олии оштии миллии Афғонистон Абдулло Абдуллоро ба шомил кардан ба ин ҳукумат даъват мекунад.
Лентаи хабарҳо
0