https://sputnik.tj/20210829/maqomdor-tolibon-hukumat-hamashumul-1041954832.html
Мақомдори Толибон*: машварат барои ташкили ҳукумати ҳамашумул идома дорад
Мақомдори Толибон*: машварат барои ташкили ҳукумати ҳамашумул идома дорад
Sputnik Тоҷикистон
Толибон* мегӯянд, машваратҳо бо роҳбарони қавмҳои гуногуну аҳзоби сиёсӣ барои ташкили як ҳукумати ҳамашумул идома дорад
2021-08-29T17:10+0500
2021-08-29T17:10+0500
2021-09-08T18:50+0500
сиёсат
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
мардум
панҷшер
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711303_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_fca9a2ab2862121135cb219d3cd0c1f4.jpg
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Шер Муҳаммад Аббос Станикзай, мақомдори баландпояи идораи сиёсии Толибон*, зимни муроҷиаташ тариқи радиою телевизиони миллӣ эълон доштааст, ки ба ҳукумати оянда намояндагони тамоми ақвому ақшори Афғонистон шомил хоҳанд буд. Ба иттилои манбаъ, Станикзаай таъкид кардааст, ки тамоми мардуми Афғонистон шомили ҳукумати оянда хоҳанд буд, ки баъди машварат бо мардум ташкил мегардад. Ӯ илова намудааст, ки баъди шикасти ҳукумати қаблӣ аз 15 август ба ин сӯ дар Афғонистон ҷанг хотима ёфтааст. Ин мақомдори Толибон* таъкид намудааст, ки мардум бояд бо ҳам кор кунанд то сулҳ ҳифз шавад. Станикзай аз занону мардони Афғонистон даъват кардааст, ки дар бозсозии давлаташон саҳм гузоранд. Ӯ инчунин аз ҷангҷӯёни Толибон* хостааст, барои мардум мушкил эҷод накунанду хилофи хостаашон вориди хонаҳояшон нашаванду ба ҳаёти шахсӣ дахолат накунанд. Дар муроҷиат ба онҳое, ки кишварро тарк кардаанд, Станикзай афзудааст, ки онҳо метавонанд баргарданду корашонро бозпас гиранд, чун давлат ба малакаи онҳо ниёз дорад. Толибон* феълан ба истиснои Панҷшер боқимонда музофоти Афғонистонро ғасб кардаанд. Ҷангҷӯёни ин ҳаракат 15 август вориди Кобул шуда, 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар хотима ёфтааст. * - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210829/fishorho-tolibon-panjsher-shabakaho-muhobaroti-qat-1041954448.html
афғонистон
панҷшер
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/12/1041711303_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_98102a61a209152f283db0423b71ea81.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
машварат, толибон, афғонистон
машварат, толибон, афғонистон
Мақомдори Толибон*: машварат барои ташкили ҳукумати ҳамашумул идома дорад
17:10 29.08.2021 (Навсозишуда: 18:50 08.09.2021) Толибон* мегӯянд, машваратҳо бо роҳбарони қавмҳои гуногуну аҳзоби сиёсӣ барои ташкили як ҳукумати ҳамашумул идома дорад
ДУШАНБЕ, 8 сен – Sputnik. Шер Муҳаммад Аббос Станикзай, мақомдори баландпояи идораи сиёсии Толибон*, зимни муроҷиаташ тариқи радиою телевизиони миллӣ эълон доштааст, ки ба ҳукумати оянда намояндагони тамоми ақвому ақшори Афғонистон шомил хоҳанд буд.
"Феълан роҳбарияти Толибон* бо намояндагони ақвоми гуногун, аҳзоби сиёсӣ барои ташкили як ҳукумате, ки мавриди қабул, ҳам дар дохилу ҳам дар хориҷ бошад, машваратҳо карда истодааст", - изҳор доштааст аз қавли Станикзай расонаи Тулӯъ.
Ба иттилои манбаъ, Станикзаай таъкид кардааст, ки тамоми мардуми Афғонистон шомили ҳукумати оянда хоҳанд буд, ки баъди машварат бо мардум ташкил мегардад.
Ӯ илова намудааст, ки баъди шикасти ҳукумати қаблӣ аз 15 август ба ин сӯ дар Афғонистон ҷанг хотима ёфтааст. Ин мақомдори Толибон* таъкид намудааст, ки мардум бояд бо ҳам кор кунанд то сулҳ ҳифз шавад.
Станикзай аз занону мардони Афғонистон даъват кардааст, ки дар бозсозии давлаташон саҳм гузоранд.
Ӯ инчунин аз ҷангҷӯёни Толибон* хостааст, барои мардум мушкил эҷод накунанду хилофи хостаашон вориди хонаҳояшон нашаванду ба ҳаёти шахсӣ дахолат накунанд.
Дар муроҷиат ба онҳое, ки кишварро тарк кардаанд, Станикзай афзудааст, ки онҳо метавонанд баргарданду корашонро бозпас гиранд, чун давлат ба малакаи онҳо ниёз дорад.
Толибон* феълан ба истиснои Панҷшер боқимонда музофоти Афғонистонро ғасб кардаанд. Ҷангҷӯёни ин ҳаракат 15 август вориди Кобул шуда, 16 август эълон карданд, ки ҷанг дар кишвар хотима ёфтааст.
* - созмони террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар