Дар Новосибирск нахустин ҷашнвораи синамои тоҷик баргузор мешавад

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкЗрители в кинотеатре, архивное фото
Зрители в кинотеатре, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2021
Обуна шудан
Ин чорабинии фарҳангӣ ба 30-юмин солгарди истиқлол бахшида шудааст
ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Мақомоти шаҳри Новосибирск аз баргузории ҷашнвораи синамои тоҷик хабар доданд.
Дар ин бора торномаи Тайга.кино навишта, афздуааст, ки чорабинӣ ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатӣ гузаронида мешавад.
Филмҳои коргардонони тоҷик аз 23 август то 26 -уми ҳамин моҳ дар кинотеатри "Победа" ба намоиш дода мешавад.
Интизор меравад, ки дар ин ҷашнвора филмҳои коргардонони тоҷик дар мавзуъҳои ишқу муҳаббат, зиндагии асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдавкӣ ва Душанбеи муосир ба намоиш гузошта мешаванд.
Таджикский кинорежиссер Джайхун (Джеймс) Насими - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Тасмими коргардони голливудии тоҷик барои сабти филми “Уқоб ва бум” дар Душанбе
Ҷашнвора бо намоиши филми классикии Рафаил Перелштейн "Ман бо духтаре вохӯрдам", оғоз мегардад.
Филми "Ман бо духтаре вохӯрдам", соли 1957 аз ҷониби коргардони шӯравӣ Рафаил Перелштейн таҳия шуда, нахустин филми рангаи истеҳмоли "Тоҷикфилм" мебошад.
Филм дарҳол дар садри намоишҳо қарор гирифт ва суруде, ки дар филм, овозхони озарбойҷонӣ Рашид Бейбутов иҷро кардааст, аз машҳуртарин суруди замонҳо шуд. Матни ин сурудро шоири халқӣ Мирзо Турсунзода навиштааст.
Ҳамчунин тибқи барнома дар ин ҷашнвора филми коргардони тоҷик Борис Кимёгаров "Тақдири шоир" намоиш дода мешавад, ки соли 1959 таҳия шудааст. Ин филм аз ҳаёти фоҷиабори асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ қисса мекунад.
Поэтесса Аниса Сабири  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.08.2021
Филми Аниса Собирӣ дар Итолиё беҳтарин дониста шуд
Сенарияи ин филмро нависандаи тоҷик Сотим Улуғзода таҳия кардааст, нахустнамоиши он соли 1959 баргузор шуд ва худи ҳамон сол ин филмро дар Маскав нишон доданд.
Ҳамчунин, сокинони Новосибирск метавонанд филми "Духтарони Суғд"-и Муқаддас Маҳмудова - комедияи мусиқавиро тамошо кунанд. Қаҳрамони асосӣ Малика, ҳамлагари марказии дастаи занонаи хоккей дар рӯи сабза мебошад.
Ҷашнвора бо намоиши асари яке аз коргардонҳои муосири тоҷик Носир Саидов "Оинаи беҷило" ба охир мерасад, ки сюжети драмавии он Душанбеи муосирро нишон медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0