https://sputnik.tj/20210803/film-anisa-sobiri-itoliyo-behtarin-1041382038.html
Филми Аниса Собирӣ дар Итолиё беҳтарин дониста шуд
Филми Аниса Собирӣ дар Итолиё беҳтарин дониста шуд
Sputnik Тоҷикистон
Филми ҳуҷҷатии "Оҳангҳои замони гумшуда" - и коргардони тоҷик дар бахши "Акси беҳтарин" ғолиби ҷашнвора гардид
2021-08-03T18:45+0500
2021-08-03T18:45+0500
2021-08-03T18:45+0500
аниса собирӣ
филм
беҳтарин
итолиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102253/52/1022535257_0:68:1296:797_1920x0_80_0_0_f49228782a65286027bc1453a2ac8fb8.jpg
ДУШАНБЕ, 3 август - Sputnik. Филми коргардони тоҷик Аниса Собирӣ "Оҳангҳои замони гумшуда" дар ҷашнвораи филмҳои ҳуҷҷатии Sole luna festival дар Итолиё беҳтарин дониста шуд.Ин офаридаи коргардони тоҷик миёни даҳҳо филм дар бахши "Акси беҳтарин" пирӯз дониста шуд.Бояд гуфт, ки дар ин ҷашнвора филмҳои гуногуни таҷассумгари фарҳанги кишварҳои гуногун ба намоиш гузошта шуд.Маълум аст, ки филми 45-дақиқагии "Оҳангҳои замони гумшуда" як қисми лоиҳаи Аниса Собирӣ дар бораи мусиқии Тоҷикистон аст, ки соли 2017 роҳандозӣ шудааст. Филми коргардони тоҷик дар бораи сафар ба манотиқи дурдасти Тоҷикистон нақл мекунад ва бинандаро бо анъанаҳои қадимаи фарҳангии халқҳои Помир ошно мекунад. Бо мусиқӣ анъанаи таърихи тӯй ва бахоксупорӣ нишон дода шудааст.Филм дар бораи навозанда аз Бритониёи Кабир Лео Абрахамс нақл мекунад, ки дар Тоҷикистон як навъи махсуси мусиқӣ - маддоро меҷуст ва тасмим гирифт онро ба таври зинда гӯш кунад. "Хоби ҳамдуна"-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалӣ ҷоиза гирифтИн тарҳро продюсерҳо Исмоил Наузари-Зибоӣ, Ҷозеф ва Смит Прото рӯи кор овардаанд. Наворбардор Алексей Везнос, муҳаррир Разван Барсети ва мусандиси садо Шаҳринисо Яковлева мебошад.
https://sputnik.tj/20210531/hunarpeshai-javoni-tojik-dar-jashnvorai-filmho-dar-itoliyo-behtarin-nom-burd-1039864345.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102253/52/1022535257_72:0:1224:864_1920x0_80_0_0_d9f3d59bb12757613fefd449d4a5eccf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аниса собирӣ, итолиё, ҷашнвора
аниса собирӣ, итолиё, ҷашнвора
Филми Аниса Собирӣ дар Итолиё беҳтарин дониста шуд
Филми ҳуҷҷатии "Оҳангҳои замони гумшуда" - и коргардони тоҷик дар бахши "Акси беҳтарин" ғолиби ҷашнвора шуд
ДУШАНБЕ, 3 август - Sputnik. Филми коргардони тоҷик Аниса Собирӣ "Оҳангҳои замони гумшуда" дар
ҷашнвораи филмҳои ҳуҷҷатии Sole luna festival дар Итолиё беҳтарин дониста шуд.
Ин офаридаи коргардони тоҷик миёни даҳҳо филм дар бахши "Акси беҳтарин" пирӯз дониста шуд.
Бояд гуфт, ки дар ин ҷашнвора филмҳои гуногуни таҷассумгари фарҳанги кишварҳои гуногун ба намоиш гузошта шуд.
Маълум аст, ки филми 45-дақиқагии "Оҳангҳои замони гумшуда" як қисми лоиҳаи Аниса Собирӣ дар бораи мусиқии Тоҷикистон аст, ки соли 2017 роҳандозӣ шудааст.
Филми коргардони тоҷик дар бораи сафар ба манотиқи дурдасти Тоҷикистон нақл мекунад ва бинандаро бо анъанаҳои қадимаи фарҳангии халқҳои Помир ошно мекунад.
Бо мусиқӣ анъанаи таърихи тӯй ва бахоксупорӣ нишон дода шудааст.
Филм дар бораи навозанда аз Бритониёи Кабир Лео Абрахамс нақл мекунад, ки дар Тоҷикистон як навъи махсуси мусиқӣ - маддоро меҷуст ва тасмим гирифт онро ба таври зинда гӯш кунад.
Ин тарҳро продюсерҳо Исмоил Наузари-Зибоӣ, Ҷозеф ва Смит Прото рӯи кор овардаанд.
Наворбардор Алексей Везнос, муҳаррир Разван Барсети ва мусандиси садо Шаҳринисо Яковлева мебошад.