https://sputnik.tj/20210529/korgardon-tojik-sabt-filmi-uqob-bum-dushanbe-1039835149.html
Тасмими коргардони голливудии тоҷик барои сабти филми “Уқоб ва бум” дар Душанбе
Тасмими коргардони голливудии тоҷик барои сабти филми “Уқоб ва бум” дар Душанбе
Sputnik Тоҷикистон
Аввалин режисёр ё коргардони голливудии тоҷик Ҷайҳун Насимӣ тасмим гирифт, ки филми "Уқоб ва Бум"- и худро дар Тоҷикистон ба навор гирад.
2021-05-29T18:18+0500
2021-05-29T18:18+0500
2021-05-29T18:28+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
филм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102327/80/1023278071_0:331:1000:894_1920x0_80_0_0_a4fc5a8bf200f924e6830a2b2469af2d.jpg
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Ҷайҳун, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад ва дар суҳбат ба сомонаи "Ҷом" гуфтааст, ки ин тобистон нақша дорад, ки сисилафилми навбатии хешро ба навор гирад.Ба гуфтаи ӯ ин филм дар Тоҷикистон сабт хоҳад шуд, ки дар бораи ҳаёти чор ронандаи таксӣ нақл мекунад.Номбурда мегӯяд, чор ронандаи таксӣ, ки дар нақши марказии филм ҳастанд, рӯзона кирокашӣ ва шабона корҳоеро анҷом медиҳанд, ки барои дигарон муаммо аст.Ҷайҳун Насимӣ “Уқоб ва бум” номгузорӣ шудани филмро шарҳ дода гуфтааст, ки уқоб рӯзона сайди худро ба даст меораду бум ё ҷуғз шабона ва ин ронандагони таксӣ низ айни ҳамин корро шабу рӯз мекунанд.Ҷайҳун Насимӣ аз ҷавонони муваффақи тоҷик аст, ки соли 1986 дар ноҳияи Қубодиён ба дунё омада, дар ин ноҳия мактаби миёна ва литсейи туркиро хатм кардааст. Ӯ забони туркию англисиро дар литсейи туркӣ аз худ карда, дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон забони русию олмониро омӯхтааст.Ҷайҳун Насимӣ соли 2017 филми "Шикастнопазир"-ро (Unfallen) пешкаши тамошобин гардонид. Ин филм, ки бо ҳазинаи 650 ҳазор дулор сохта шуда, сарнавишти ду бародар — Рустам ва Суҳробро бозгӯ мекунад, ки дар хурдсолӣ дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳам ҷудо шуда ва ба амри тақдир дар майдони ҷанг дар Афғонистон рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо яке аз онҳо ҷангҷӯи гурӯҳи "Толибон" шуда ва дигаре сарбози артиши АмрикоПас аз чанд сол бародарон дар ҷанги Афғонистон бо ҳамдигар вомехӯранд. Ин вохӯрӣ барои онҳо як таконе гардида, онҳо мефаҳманд бо ҳам бародар ҳастанд. Пас аз ин бародарон бо ҳам якҷо шуда, корҳои толибон ва сарбозони Амрикоро фош мекунанд.Ин нахусти филми Ҷайҳун Насимӣ дар Ҳолливуд буд ва дар он ҳунарпешаҳои машҳур Майкл Мэдсен ва Ҷеймс Ҳонг нақш офаридаанд, ки бо коргардони шинохта Квентин Тарантино ҳамкорӣ доштаанд. Дар ин филм ҳамчунин чаҳор ҳунарпешаи тоҷик низ нақш иҷро карда буданд.
https://sputnik.tj/20170711/korgardoni-tojik-dar-golliwud-1022795366.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102327/80/1023278071_0:238:1000:988_1920x0_80_0_0_b1b27eaa141a6666ad1f34308b27a584.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
коргардон, тоҷик, сабт, филм, “уқоб ва бум”, душанбе
коргардон, тоҷик, сабт, филм, “уқоб ва бум”, душанбе
Тасмими коргардони голливудии тоҷик барои сабти филми “Уқоб ва бум” дар Душанбе
18:18 29.05.2021 (Навсозишуда: 18:28 29.05.2021) Аввалин режисёр ё коргардони голливудии тоҷик Ҷайҳун Насимӣ тасмим гирифт, ки филми "Уқоб ва Бум"- и худро дар Тоҷикистон ба навор гирад.
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Ҷайҳун, ки ҳоло дар Амрико ба сар мебарад ва дар суҳбат ба сомонаи "Ҷом" гуфтааст, ки ин тобистон нақша дорад, ки сисилафилми навбатии хешро ба навор гирад.
Ба гуфтаи ӯ ин филм дар Тоҷикистон сабт хоҳад шуд, ки дар бораи ҳаёти чор ронандаи таксӣ нақл мекунад.
Номбурда мегӯяд, чор ронандаи таксӣ, ки дар нақши марказии филм ҳастанд, рӯзона кирокашӣ ва шабона корҳоеро анҷом медиҳанд, ки барои дигарон муаммо аст.
Ҷайҳун Насимӣ “Уқоб ва бум” номгузорӣ шудани филмро шарҳ дода гуфтааст, ки уқоб рӯзона сайди худро ба даст меораду бум ё ҷуғз шабона ва ин ронандагони таксӣ низ айни ҳамин корро шабу рӯз мекунанд.
Ҷайҳун Насимӣ аз ҷавонони муваффақи тоҷик аст, ки соли 1986 дар ноҳияи Қубодиён ба дунё омада, дар ин ноҳия мактаби миёна ва литсейи туркиро хатм кардааст.
Ӯ забони туркию англисиро дар литсейи туркӣ аз худ карда, дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон забони русию олмониро омӯхтааст.
Ҷайҳун Насимӣ соли 2017 филми "
Шикастнопазир"-ро (Unfallen) пешкаши тамошобин гардонид.
Ин филм, ки бо ҳазинаи 650 ҳазор дулор сохта шуда, сарнавишти ду бародар — Рустам ва Суҳробро бозгӯ мекунад, ки дар хурдсолӣ дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳам ҷудо шуда ва ба амри тақдир дар майдони ҷанг дар Афғонистон рӯ ба рӯ мешаванд. Аммо яке аз онҳо ҷангҷӯи гурӯҳи "Толибон" шуда ва дигаре сарбози артиши Амрико
Пас аз чанд сол бародарон дар ҷанги Афғонистон бо ҳамдигар вомехӯранд. Ин вохӯрӣ барои онҳо як таконе гардида, онҳо мефаҳманд бо ҳам бародар ҳастанд. Пас аз ин бародарон бо ҳам якҷо шуда, корҳои толибон ва сарбозони Амрикоро фош мекунанд.
Ин нахусти филми Ҷайҳун Насимӣ дар Ҳолливуд буд ва дар он ҳунарпешаҳои машҳур Майкл Мэдсен ва Ҷеймс Ҳонг нақш офаридаанд, ки бо коргардони шинохта Квентин Тарантино ҳамкорӣ доштаанд. Дар ин филм ҳамчунин чаҳор ҳунарпешаи тоҷик низ нақш иҷро карда буданд.