Ҳамлаи Толибон, бомбаборони шаҳрҳо аз сӯи Амрико: 100 ҳазор гуреза - танҳо оғози кор

© AP / Rahmat GulБойцы "Талибана" в Провинции Нанганхар, архивное фото
Бойцы Талибана в Провинции Нанганхар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Обуна шудан
Вазъи сиёсии Афғонистон рӯз аз рӯз шиддат меёбад. Манфиатҳои гуногуни тарафҳо кишвар ва мардуми ин кишварро боз ҳам аз як дигар дур месозад
Нерӯҳои ҳавоии ИМА шаҳрҳои Афғонистонро бомбаборон мекунанд, Толибон* ба ҳамлаҳои худ идома додааст - ва ҳарду тараф ғайринизомиёнро мекушанд. Фирориёни афғон бакишварҳои Осиёи Марказӣ ру ба афзоиш аст. Тоҷикистон эълон доштааст, ки омода аст 100 ҳазор нафарро қабул кунад. Нерӯҳои Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Русия дар наздикии марзҳои Афғонистон барои як машқҳои бузурги низомӣ ҷамъ омадаанд.
Нерӯҳои ҳавоии Афғонистон рӯзи душанбе ба мавқеъҳои Толибон дар наздикии Толиқон, ки дар 46 километри дуртар аз марз бо Тоҷикистон ҷойгир аст, ҳамла карданд ва беш аз 20 ҷангҷӯи Толибон*-ро ба қатл расониданд. Дар бораи осбе дидани сокинон гузориш дода нашудааст, аммо бояд қайд кард, ки чунин амалиётҳо бидуни “талафот” ғайри имкон аст.
Ҳайати СММ (UNAMA) ахиран хабар дод, ки дар шаш моҳи соли равон шумори осебдидагони ғайринизомӣ дар Афғонистон ба 5183 нафар расид (1659 кушта ва 3254 маҷрӯҳ). Ин нисбат ба моҳҳои январ - июни соли 2020 47 дарсад зиёдтар аст. Ин дар ҳолест, ки 46 дарсади кушташудагон ва захмиён занону кӯдакон ва 25 дарсади он қурбониёни миёни нерӯҳои давлатӣ мебошанд.
Патруль военных в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Шойгу аз нокомии нерӯҳои ИМА дар Афғонистон гуфт
Нерӯҳои ҳавоии ИМА шумораи ҳамлаҳои ҳавоиро ба хотири ҳимояти артиши Афғонистон афзоиш додааст. Генерали амрикоӣ Кеннет Маккензи ваъда додааст, ки бомбгузориро дар ҳафтаҳои оянда идома хоҳад дод ва барои ҳукумати Афғонистон "озмоишҳои душвор" пешгӯӣ кардааст. Қаблан Пентагон хабар дода буд, ки рӯзҳои 21 ва 22 июл амрикоиҳо дар Афғонистон беш аз 4 ҳамлаи ҳавоӣ анҷом доданд.
Дар навбати худ, Толибон зарбаҳои нерӯҳои ҳавоии Амрикоро маҳкум карданд ва қайд карданд, ки дар натиҷаи бомбандозӣ дар Қандаҳор ва Ҳилманд на танҳо ҷангҷӯён, балки ғайринизомиён низ кушта шуданд. Толибон * ният доранд, ки дар сурати идома ёфтани ҷанг "устуворона қаламрави худро муҳофизат кунанд" ва ҳамлаҳои худро дар қаламрави кишвар идома диҳад.
Анҷоми ҷанг хуб нест. Дар вилоятҳо Нангарҳор, Пактика, Логар, Ғазнӣ, Қандаҳор, Ҳирот, Балх, Ҷаузҷон, Саманган, Сари-Пул, Ҳилманд, Бадахшон, Кундуз ва Бағлон ҷангҳои шиддатнок ба қайд гирифта шудаааст. Ҳукумати Афғонистон барои пешгирӣ аз пешравии ҷангҷӯён аз 34 вилоят дар 31 вилоят манъи рафту омадэълон кард.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2021
Шойгу: ДИИШ* ҳам ба Афғонистон роҳ ёфт
Дар ҳамин ҳол, низомиёни Покистон дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон, ки таҳти назорати Толибон* аст озодона рафту омад мекунанд. Яъне онҳо бо Толибон* ҳамкорӣ мекунанд. Волии музофоти шарқии Нангарҳор Зиёулҳақ Амирҳейл имрӯз гуфт, ки мини ҷангҷӯёни кушташуда ҷасади 39 нафар шаҳрвандони Покистон пайдо шудааст. Қаблан Sputnik дар бораи нақши махсуси Исломобод дар рушди ҷунбиши Толибон* хабар дода буд

Зарба ба Осиёи Марказӣ

Толибон* минтақаҳои зери назорати худро васеъ мекунанд. Онҳо аҳолии маҳаллиро террори мекунанд, занон ва кӯдакони минтақаҳои навро ғулом мешуморанд. Шаҳрвандон аз қоидаҳои нав, ба монанди издивоҷи маҷбурӣ ва ҷалби ноболиғон ба "ҷиҳод" шадидан нигарон ҳастанд.
Ҷангҷӯён "хоинон" -ро, ки бо Иёлоти Муттаҳида ҳамкорӣ доштанд, меҷӯянд ва ба қатл мерасонанд. Қаблан дар вилояти Хуст Толибон тарҷумони 32-сола Суҳайл Пардисро бидуни мурофиа ва тафтишот ба қатл расониданд. Беҳуда нест, ки 20 ҳазор тарҷумони афғон барои гирифтани раводиди муҳоҷират ба ИМА муроҷиат кардаанд.
Военнослужащие НАТО осуществляют посадку в вертолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Амрикоиҳо: ҷанг дар Афғонистон иштибоҳ буд
Рӯзи 22 июл рӯзномаи The Wall Street Journal навиштааст, ки Вашингтон ният дорад 35 ҳазор шаҳрванди Афғонистонро (тарҷумонҳо ва ахзои оилаи онҳо) дар пойгоҳҳои Амрико дар Қатар ва Кувайт ҷойгир намояд.
Қаблан Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон гуфта буд, ки Толибон* бо Ал-Қоида *, бо гурӯҳҳои покистонии Ҷайш Муҳаммад *, Лашкари Тайба * робитаи наздик доранд ва онҳо ният доранд, ки кишварро ба паноҳгоҳи террористон табдил диҳанд. Вазорати корҳои хориҷии Русия низ ба ин мавқеъ ҳамфикр аст. Дар воқеъ, дар Афғонистон беш аз сиҳ гурӯҳҳои гуногуни террористӣ, аз ҷумла 10 ҳазор ҷангҷӯёни ДИИШ амал мекунанд. Ал-Қоида * дар 15 вилояти Афғонистон ҳузур дорад. Ин "омехтаи тарканда" ба аҳолии осоишта, новобаста аз ҳукумати Кобул мушкилоти зиёдеро дар пеш мегузорад. Терроризми байналмилалӣ дар Афғонистон аз байн нахоҳад рафт.
Эҳтимоли афзоиши гурезаҳо аз Афғонистон хеле зиёд аст. Хотиррасон мешавем, ки дар давраи "аморат" солҳои 1996-2001 гурезаҳо на танҳо дар вилояти Панҷшер тақрибан 500 ҳазор балки аз минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии кишвар низ буданд. Ин мардум амалан гуруснагӣ мекашиданд, ба онҳо ғизо ва об намерасид. Агар пагоҳ садҳо ҳазор афғониҳо, ки аз ҷониби "аморати исломӣ" аз ватани худ овора шуаванд ва худро дар Осиёи Марказӣ ҷой кунанд, кишварҳои ҳамсоя Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон метавонад ба бӯҳрон сар занад.
Министр иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
“Нигаронӣ дорем”: вазир гуфт, ки Тоҷикистон дар Афғонистон киро дастгирӣ мекунад
Эмомалӣ Иброҳимзода, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ахиран гуфт, ки ҷумҳурӣ омода аст дар майдони омӯзишии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор гурезаҳои афғонро қабул ва ҷойгир намояд. Ин рақам комилан воқеист, аммо ниҳоӣ нест ва то охири соли 2021 он метавонад даҳ маротиба афзоиш ёбад – ин раванд метавонад ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ зарба занад. Роҳҳои ҳалли чунин мушкилот бояд пешакӣ ва якҷоя ҳалл шавад.

Оташ бо об хомуш мешавад

Толибон ваъда доданд, ки марзҳои кишварҳои ҳамсояро вайрон нахоҳанд кард, аммо аҷанг дар шимоли Афғонистон тибқи қонунҳои худ ҷараён мегирад ва бо вуҷуди ин онҳо метавонанд ба қаламрави Осиёи Марказӣ "сайр" кунанд. Аз ин рӯ, Русия ва ҳшарикони он як қатор чораҳои зиддитеррористии низмоиро меандешанд. Толибон * мисли дигар гурӯҳҳои террористӣ забони оташу силоҳро беҳтар мефаҳманд.
Машқҳои низомии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия дар наздикии марзи Афғонистон як иқдоми пешгири кардани ҷанг мебошанд. Гурӯҳҳои вижаи артиши Русия дар моҳҳои август ва сентябр бо артиши Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон нӯҳ манёври муштарак анҷом медиҳанд. Сухан дар бораи даҳҳо ҳазор хизматчиён ва садҳо воҳиди техникаи ҳарбӣ меравад.
Нерӯҳои урдуи миллии Афғонистон вулусволии Калдорро озод карданд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ҷанг барои Шимол: як вулусволӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон озод шуд
Вазирони дифои Русия ва Тоҷикистон Сергей Шойгу ва Шералӣ Мирзо рӯзи 24 июл вазъи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва чораҳои муштарак барои пешгирӣ кардани таҳдидҳоро баррасӣ карданд. Аз 23 июл Тошканд мустақилона дар самти ҷануб бо ҷалби то 230 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ фаъолона машқҳо мегузаронад. Пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон вазифаҳои анҷом медиҳад.
Артиши Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон рӯзҳои 5-10 август дар тамрингоҳи Ҳарб-Майдон дар вилояти Хатлон амалиётҳо зидди террористиро тамрин мекунанд. Русияро сарбозони пойгоҳи низомии 201 (танҳо мутахассисони шартномавӣ) муаррифӣ мекунанд, ки бо мошинҳои нави зиреҳпӯш пурзур шудааст ва таҷрибаи ҷангӣ дар Сурия доранд.
* - ташкилоти террористие, ки дар қаламрави Русия манъ карда шудааст.
Лентаи хабарҳо
0