Амрикоиҳо: ҷанг дар Афғонистон иштибоҳ буд

© Flickr \ Official U.S. Navy PageВоеннослужащие НАТО осуществляют посадку в вертолет
Военнослужащие НАТО осуществляют посадку в вертолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2021
Обуна шудан
Натоиҷи як назарсанҷӣ нишон дод, ки шумори зиёде аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида ҷанги Амрико дар Афғонистонро иштибоҳ медонанд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Назарсанҷии ҷадид ташкилоти Голуп нишон дода, ки 47 дарсади амрикоиҳо бар онанд, ки даргир шудани ин кишвар дар ҷангдар Афғонистон як иштибоҳ буд. Ин дувумин бор дар таърихи Амрико аст, ки камтар аз ними амрикоиҳо муътақиданд, ки ин ҷанг иштибоҳ набудааст.
Натиҷаҳои назарсанҷӣ дар ҳолест, ки марҳилаи ниҳоии хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Афғонистон идома дорад. Артиши Амрико ахиран иттилоъ дода, ки то аввали моҳи равон беш аз 95 дарсади раванди хуруҷи нерӯҳо ба итмом расидааст.
Маркази назарсанҷии “Галуп” аз соли 2001 инҷониб аз амрикоиҳо ин суолро пурсидааст.
Место покушения на вице-президента Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2021
Покистон ба 46 низомии Афғонистон паноҳандагӣ дод
Ин бори аввал аст, ки теъдоди амрикоиҳои бештаре ҷанг дар Афғонистонро як иштибоҳ донистаанд.
Оро бар ҳасбу вобастагии ҳизбӣ мутафовит буд ва 56 дарсад аз демократҳо, 54 дарсад гурӯҳҳои мустақил ва 29 фоизи ҷумҳурихоҳон гуфтанд, ки ҷанги Амрико дар Афғонистон иштибоҳ буд.
Охирин боре ки демократҳо гуфтанд, ки ҷанги Амрикоиштибоҳ нест марбут ба моҳи май соли 2011буд, каме баъд аз он ки нерӯҳои амрикоӣ раҳбари Ал-Қоида Усома Бин Лодинро дар Покистон куштанд.
Лентаи хабарҳо
0