https://sputnik.tj/20210709/siyosatshinosi-tolibon-afghoniston-osiyoi-markazi-1040769076.html
Фирӯз Рамазон: ҳадафи "Толибон"* на танҳо Афғонистон, балки Осиёи Марказӣ ҳам ҳаст
Фирӯз Рамазон: ҳадафи "Толибон"* на танҳо Афғонистон, балки Осиёи Марказӣ ҳам ҳаст
Sputnik Тоҷикистон
Фирӯз Рамазон корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи гурӯҳи радикалии "Толибон" танҳо забти Афғонистон нест
2021-07-09T13:40+0500
2021-07-09T13:40+0500
2021-07-09T13:55+0500
андеша
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040768977_0:0:1386:779_1920x0_80_0_0_5924c87ed5a44f9857e275ed624a19f6.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Фирӯз Рамазон дар изҳороте, ки дар саҳифааш дар Facebook нашр шудааст, мегӯяд, вазъи ҳозираи Афғонистон сенарияеро мемонад, ки дар он, ҳадаф натанҳо ин кишвар, балки ноором кардани авзои Осиёи Марказӣ аст.Дар ин росто, ба гуфти сиёсатшинос имрӯз хеле муҳим аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, СММ ва хусусан кишварҳои минтақа барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон пуштибони миллати афғон ва мададрасони ҳукумати қонунии ин кишвар бошанд. "Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият ҳамеша тарафдори сулҳи пойдор дар ҳамсоякишавари Афғонистон аст", - мегӯяд ӯ.Коршиноси тоҷик аз суханони Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овардааст, ки аз давлатҳои муқтадир даъват мекард, дар масъалаи Афғонистон аз "сиёсати дугона" даст кашанд. Ба андешаи ӯ агар чунин раванд идома ёбад, баъзе мушкилотро дар минтақа метавон интизор шуд. Аз ҷумла, раванди сулҳи байниафғонӣ ба дарозо кашида мешавад, ки ин боз ҳам дар ҳаёти мардуми Афғонистон таъсири манфӣ хоҳад расонд.Ӯ ҳамкориҳои ҳаракати толибон бо дигар гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар қаламрави Афғонистон ва таҳдиди густариш ва интиқоли чунин неруҳо ба кишварҳои Осиёи Марказиро аз эҳтимол дур намедонад.Мушкили дигар барои ҳамсоякишварҳоро коршинос гурезагони афғон медонад ки дар натиҷаи моҷароҳо ба қаламрави кишварҳои наздисарҳадӣ ҳиҷрат мекунанд. Ҳамин тавр, сиёсатшиноси тоҷик бовар дорад, ки дар ҳалли қазияи Афғонистон ва ба ин васила таъмини амнияти минтақавӣ нақши ҳамкориҳои кишварҳо дар доираи созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз қабили СММ, СҲШ, СААД ва Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле бузург аст.Бояд гуфт, ҳафтаҳои охир Толибон қисми зиёди марзи Афғонистон бо кишварҳои ҳамсояро ғасб карда, низомиёни расмиро водор ба фирор ба кишварҳои ҳамсоя намудаанд.Ахиран дар қисмати гузаргоҳи марзӣ дар минтақаи Теми шаҳри Хоруғ, ки тариқи он садҳо фирорӣ ба Тоҷикистон гузаштанд, Толибон* парчами расмии Афғонистонро барканда, парчами худро насб намудаанд.Мақомоти ВМКБ, шумораи гурезагонро, ки ба қаламрави вилоят паноҳ бурдаанд, беш аз 1000 нафар арзёбӣ карданд, ки гуфта мешавад, миёнашон занону кӯдакон низ мебошанд.*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210709/daholat-nakuned-tashvishe-hitobi-tolibon-1040767848.html
https://sputnik.tj/20210709/tolibon-marz-tojikiston-ubur-1040763614.html
https://sputnik.tj/20210707/hukumat-navor-qabuli-gurezaho-afghon-nishon-video-1040734751.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/09/1040768977_32:0:1312:960_1920x0_80_0_0_b40263069577891bb72921a16ea10179.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амният, афғонистон, тоҷикистон
амният, афғонистон, тоҷикистон
Фирӯз Рамазон: ҳадафи "Толибон"* на танҳо Афғонистон, балки Осиёи Марказӣ ҳам ҳаст
13:40 09.07.2021 (Навсозишуда: 13:55 09.07.2021) Фирӯз Рамазон корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҳадафи гурӯҳи радикалии "Толибон" танҳо забти Афғонистон нест
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Корманди Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Фирӯз Рамазон дар изҳороте, ки дар саҳифааш
дар Facebook нашр шудааст, мегӯяд, вазъи ҳозираи Афғонистон сенарияеро мемонад, ки дар он, ҳадаф натанҳо ин кишвар, балки ноором кардани авзои Осиёи Марказӣ аст.
Дар ин росто, ба гуфти сиёсатшинос имрӯз хеле муҳим аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, СММ ва хусусан кишварҳои минтақа барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон пуштибони миллати афғон ва мададрасони ҳукумати қонунии ин кишвар бошанд.
"Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали истиқлолият ҳамеша тарафдори сулҳи пойдор дар ҳамсоякишавари Афғонистон аст", - мегӯяд ӯ.
Коршиноси тоҷик аз суханони Эмомалӣ Раҳмон иқтибос овардааст, ки аз давлатҳои муқтадир даъват мекард, дар масъалаи Афғонистон аз "сиёсати дугона" даст кашанд.
"Мутаассифона ҳанӯз ҳам истифода аз “сиёсати дугона” аз ҷониби бозингарони геополитикӣ дар минтақа ба назар мерасад", - мегӯяд Фирӯз Рамазон.
Ба андешаи ӯ агар чунин раванд идома ёбад, баъзе мушкилотро дар минтақа метавон интизор шуд.
Аз ҷумла, раванди сулҳи байниафғонӣ ба дарозо кашида мешавад, ки ин боз ҳам дар ҳаёти мардуми Афғонистон таъсири манфӣ хоҳад расонд.
Ӯ ҳамкориҳои ҳаракати толибон бо дигар гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар қаламрави Афғонистон ва таҳдиди густариш ва интиқоли чунин неруҳо ба кишварҳои Осиёи Марказиро аз эҳтимол дур намедонад.
Мушкили дигар барои ҳамсоякишварҳоро коршинос гурезагони афғон медонад ки дар натиҷаи моҷароҳо ба қаламрави кишварҳои наздисарҳадӣ ҳиҷрат мекунанд.
Ҳамин тавр, сиёсатшиноси тоҷик бовар дорад, ки дар ҳалли қазияи Афғонистон ва ба ин васила таъмини амнияти минтақавӣ нақши ҳамкориҳои кишварҳо дар доираи созмонҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз қабили СММ, СҲШ, СААД ва Маркази зиддитеррористии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хеле бузург аст.
Бояд гуфт, ҳафтаҳои охир Толибон қисми зиёди марзи Афғонистон бо кишварҳои ҳамсояро ғасб карда, низомиёни расмиро водор ба фирор ба кишварҳои ҳамсоя намудаанд.
Ахиран дар қисмати гузаргоҳи марзӣ дар минтақаи Теми шаҳри Хоруғ, ки тариқи он садҳо фирорӣ ба Тоҷикистон гузаштанд, Толибон* парчами расмии Афғонистонро барканда, парчами худро насб намудаанд.
Мақомоти ВМКБ, шумораи гурезагонро, ки ба қаламрави вилоят паноҳ бурдаанд, беш аз 1000 нафар арзёбӣ карданд, ки гуфта мешавад, миёнашон занону кӯдакон низ мебошанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар