https://sputnik.tj/20210709/tolibon-marz-tojikiston-ubur-1040763614.html
"Толибон"* гуфтанд, оё ба Тоҷикистон "ҳамла" мекунанд ё не
"Толибон"* гуфтанд, оё ба Тоҷикистон "ҳамла" мекунанд ё не
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои хориҷии Русия натиҷаҳои музокирот бо Толибонро дар Маскав, эълон кард
2021-07-09T10:23+0500
2021-07-09T10:23+0500
2021-07-09T10:30+0500
марзи тоҷикистону афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
маскав
афғонистон
толибон
саад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102981/13/1029811340_0:48:2777:1610_1920x0_80_0_0_16a2fff5c8458d5355bc9711981aba36.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ҷангиёни ҷунбиши радикалии "Толибон", ки дар музокирот дар Маскав ҷамъ омада буданд, изҳор доштанд, ки марзҳои кишварҳои Осиёи Марказиро вайрон карданӣ нестанд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад. Қаблан як ҳайати дафтари сиёсии ҷунбиши "Толибон" барои баррасии вазъи шимоли Афғонистон ба Маскав омада буд. Гурӯҳро, ки аз чор намоянда иборат буд, шайх Шаҳобуддин Диловар роҳбарӣ мекард. Дар гуфтушунид намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба Афғонистон Замир Кабулов ширкат кард.Онҳо амнияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷиро дар қаламрави Афғонистон кафолат доданд. Ғайр аз ин, "Толибон" омодагии худро барои мубориза бо таҳдиди созмони террористии "Давлати исломӣ"*, инчунин барои нест кардани истеҳсоли маводи мухаддир дар кишвар пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ, изҳори омодагӣ карданд. Қаблан сардори Ситоди муштараки СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров изҳор дошт, ки Толибон тақрибан 100% манотиқи марзии Тоҷикистону Афғонистонро таҳти назорат гирифтаанд. Аммо, ба гуфти ӯ, зарурати ҷалби нерӯҳои дастаҷамъии СААД барои ҳифзи марз вуҷуд надорад. Вале дар сурати ноором шудани вазъ, созмон ба Тоҷикистон сари вақт кумак хоҳад кард.Ҷангҳои шадиди байни ҳукумат ва "Толибон" ҳафтаҳост, ки дар чаҳор минтақаи марзӣ идома дорад.Аз 28 вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон 18 ноҳия зери назорати ҷангиён гузашт.Дар маҷмӯъ, "Толибон" аз моҳи май то имрӯз беш аз 150 вулусволии Афғонистонро забт кардаанд.Беш аз 1000 сарбози афғон пас аз ҷанг бо "Толибон" ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
https://sputnik.tj/20210709/tolibon-marzi-tojikistonu-afghoniston-1040762179.html
https://sputnik.tj/20210708/talosh-nizomiyon-shimol-afghoniston-video-1040753986.html
https://sputnik.tj/20210708/saad-marz-tojikistonu-afghoniston-1040752277.html
маскав
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102981/13/1029811340_7:0:2738:2048_1920x0_80_0_0_882ea04575d30fe3841ebe71dc747679.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, убури марз, тоҷикистон, афғонистон
толибон, убури марз, тоҷикистон, афғонистон
"Толибон"* гуфтанд, оё ба Тоҷикистон "ҳамла" мекунанд ё не
10:23 09.07.2021 (Навсозишуда: 10:30 09.07.2021) Вазорати корҳои хориҷии Русия натиҷаҳои музокирот бо "Толибон" -ро, ки дирӯз дар Маскав баргузор шуд, эълон кард
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ҷангиёни ҷунбиши радикалии "Толибон", ки дар музокирот дар Маскав ҷамъ омада буданд, изҳор доштанд, ки марзҳои кишварҳои Осиёи Марказиро вайрон карданӣ нестанд.
Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад.
Қаблан як ҳайати дафтари сиёсии ҷунбиши "Толибон" барои баррасии вазъи шимоли Афғонистон ба Маскав омада буд. Гурӯҳро, ки аз чор намоянда иборат буд, шайх Шаҳобуддин Диловар роҳбарӣ мекард.
Дар гуфтушунид намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба Афғонистон Замир Кабулов ширкат кард.
"Толибон" ваъда карданд, ки марзи кишварҳои Осиёи Марказиро вайрон намекунанд", - таъкид кард Вазорати корҳои хориҷии Русия.
Онҳо амнияти намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии давлатҳои хориҷиро дар қаламрави Афғонистон кафолат доданд.
Ғайр аз ин, "Толибон" омодагии худро барои мубориза бо таҳдиди созмони террористии "Давлати исломӣ"*, инчунин барои нест кардани истеҳсоли маводи мухаддир дар кишвар пас аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ, изҳори омодагӣ карданд.
Қаблан сардори Ситоди муштараки СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров изҳор дошт, ки Толибон тақрибан 100% манотиқи марзии Тоҷикистону Афғонистонро таҳти назорат гирифтаанд.
Аммо, ба гуфти ӯ, зарурати ҷалби нерӯҳои дастаҷамъии СААД барои ҳифзи марз вуҷуд надорад. Вале дар сурати ноором шудани вазъ, созмон ба Тоҷикистон сари вақт кумак хоҳад кард.
Ҷангҳои шадиди байни ҳукумат ва "Толибон" ҳафтаҳост, ки дар чаҳор минтақаи марзӣ идома дорад.
Аз 28 вулусволии вилояти Бадахшони Афғонистон 18 ноҳия зери назорати ҷангиён гузашт.
Дар маҷмӯъ, "Толибон" аз моҳи май то имрӯз беш аз 150 вулусволии Афғонистонро забт кардаанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар