https://sputnik.tj/20210709/daholat-nakuned-tashvishe-hitobi-tolibon-1040767848.html
“Дахолат накунед, агар ташвише доред, гӯед”: хитоби Толибон* ба ҳамсояҳо - видео
“Дахолат накунед, агар ташвише доред, гӯед”: хитоби Толибон* ба ҳамсояҳо - видео
Sputnik Тоҷикистон
Созмони мамнӯи Толибон*, ки минтақаҳои зиёди марзии Афғонистонро забт кардааст, аз кишварҳои ҳамсоя хостааст, ба корҳои ин кишвар дахолат накунанд
2021-07-09T12:47+0500
2021-07-09T12:47+0500
2021-07-09T16:11+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040733512_0:237:2798:1811_1920x0_80_0_0_3cff8accd11ed99420633abcd1c0da0f.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ҳаракати Толибон* барои гуфтушунид бо кишварҳои дигар омода аст, хабар дод РИА Новости бо такя ба намояндаи расмии идораи ин ҳаракат дар Қатар, Муҳаммад Наим.Ӯ таъкид намуд, ки кишварҳои ҳамсоя набояд аз сарҳадоташон хавотир шаванд, аммо дар баробари ин набояд ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат кунанд.Ин дар ҳолест, ки Толибон* қисми зиёди марзи Афғонистон бо кишварҳои ҳамсояро ғасб карда, низомиёни расмиро водор ба фирор ба кишварҳои ҳамсоя намудаанд. Ахиран дар қисмати гузаргоҳи марзӣ дар минтақаи Теми шаҳри Хоруғ, ки тариқи он садҳо фирорӣ ба Тоҷикистон гузаштанд, Толибон* парчами расмии Афғонистонро барканда, парчами худро насб намудаанд.Мақомоти ВМКБ, шумораи гурезагонро, ки ба қаламрави вилоят паноҳ бурдаанд, беш аз 1000 нафар арзёбӣ карданд, ки гуфта мешавад, миёнашон занону кӯдакон низ мебошанд.*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040733512_34:0:2765:2048_1920x0_80_0_0_19c373d8f1bc6142fcbeee43ed5522a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, толибон, афғонистон
тоҷикистон, толибон, афғонистон
“Дахолат накунед, агар ташвише доред, гӯед”: хитоби Толибон* ба ҳамсояҳо - видео
12:47 09.07.2021 (Навсозишуда: 16:11 09.07.2021) Созмони мамнӯи Толибон*, ки минтақаҳои зиёди марзии Афғонистонро забт кардааст, аз кишварҳои ҳамсоя хостааст, ба корҳои ин кишвар дахолат накунанд
ДУШАНБЕ, 9 июл - Sputnik. Ҳаракати Толибон* барои гуфтушунид бо кишварҳои дигар омода аст, хабар дод РИА Новости бо такя ба намояндаи расмии идораи ин ҳаракат дар Қатар, Муҳаммад Наим.
“Агар бархе кишварҳо дар муносибат бо Афғонистон мушкиле дошта бошанд, бигузор гӯянд, ки онҳоро чӣ ташвиш дода истодааст. Мо бо касе мушкил надорем ва агар душворие пайдо шавад, барои ҳамдигарфаҳмӣ омодаем, метавонем сари миз нишинему масоилро баррасӣ намоем. Дар ин масъала мушкиле нест”, - изҳор дошт Наим.
Ӯ таъкид намуд, ки кишварҳои ҳамсоя набояд аз сарҳадоташон хавотир шаванд, аммо дар баробари ин набояд ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат кунанд.
Ин дар ҳолест, ки Толибон* қисми зиёди марзи Афғонистон бо кишварҳои ҳамсояро ғасб карда, низомиёни расмиро водор ба фирор ба кишварҳои ҳамсоя намудаанд.
Ахиран дар қисмати гузаргоҳи марзӣ дар минтақаи Теми шаҳри Хоруғ, ки тариқи он садҳо фирорӣ ба Тоҷикистон гузаштанд, Толибон* парчами расмии Афғонистонро барканда, парчами худро насб намудаанд.
Мақомоти ВМКБ, шумораи гурезагонро, ки ба қаламрави вилоят паноҳ бурдаанд, беш аз 1000 нафар арзёбӣ карданд, ки гуфта мешавад, миёнашон занону кӯдакон низ мебошанд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва бархе кишварҳои дигар