https://sputnik.tj/20210707/hukumat-navor-qabuli-gurezaho-afghon-nishon-video-1040734751.html
Ҳукумат навори қабули гурезаҳои афғонро нишон дод – видео
Ҳукумат навори қабули гурезаҳои афғонро нишон дод – видео
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки қисмати тӯлонии марз бо Афғонистон ба ин вилоят рост меояд, навори қабулу паноҳдиҳии гурезаҳои афғонро нашр... 07.07.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-07-07T20:31+0500
2021-07-07T20:31+0500
2021-07-07T20:49+0500
видео
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
афғонистон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040734705_0:162:1916:1240_1920x0_80_0_0_5a936bac4c80ca163cb388c54cd21431.jpg
Дар навори нашргардида таъкид шудааст, ки субҳи имрӯз зиёда аз 400 нафар паноҳандагони дигари афғон ба қаламрави Тоҷикистон роҳ дода шуданд. Дар маҷмуъ мақомоти ВМКБ теъдоди фирориёнро беш аз 1000 нафар арзёбӣ карданд, ки миёнашон дар баробари низомиён инчунин занону кӯдакон низ ҳастанд.Дар гузориши мақомот таъкид шудааст, ки тайи се рӯз фирориён дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ нигоҳдорӣ шуда, баъдан ба ҷои амни дигар интиқол ёфтанд.Абдумуталиб Валади Азиз, яке аз фирориён мегӯяд, дар ҳоле ба Тоҷикистон гурехт, ки аъзои Толибон* дар масофаи чандметрӣ қарор доштанд. Ӯ гуфт, тоҷикистониён аз гурезаҳо бо чеҳраи боз истиқбол карданду ҷой доданд.Дар миёни онҳое, ки фирориёнро пешвоз гирифтанд, раиси шаҳри Хоруғ, Алишер Мирзонабот ва дигар шахсони расмӣ қарор дошанд. Ахиран Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо намояндагони СММ ва Бунёди Оқохон масъалаи фирориён аз Афғонистонро баррасӣ кард. Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ваъда доданд, ки ба Тоҷикистон дар мавриди ҳалли мушкилоти марбут ба фирориён кумак хоҳанд кард.*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/07/1040734705_24:0:1892:1401_1920x0_80_0_0_f23bb66e4a6b19edc2d5263d42a4e5d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, афғонистон, марз, видео
видео, дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, афғонистон, марз, видео
Ҳукумат навори қабули гурезаҳои афғонро нишон дод – видео
20:31 07.07.2021 (Навсозишуда: 20:49 07.07.2021) Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки қисмати тӯлонии марз бо Афғонистон ба ин вилоят рост меояд, навори қабулу паноҳдиҳии гурезаҳои афғонро нашр кард
Дар навори нашргардида таъкид шудааст, ки субҳи имрӯз зиёда аз 400 нафар паноҳандагони дигари афғон ба қаламрави Тоҷикистон роҳ дода шуданд. Дар маҷмуъ мақомоти ВМКБ теъдоди фирориёнро беш аз 1000 нафар арзёбӣ карданд, ки миёнашон дар баробари низомиён инчунин занону кӯдакон низ ҳастанд.
Дар гузориши мақомот таъкид шудааст, ки тайи се рӯз фирориён дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ нигоҳдорӣ шуда, баъдан ба ҷои амни дигар интиқол ёфтанд.
Абдумуталиб Валади Азиз, яке аз фирориён мегӯяд, дар ҳоле ба Тоҷикистон гурехт, ки аъзои Толибон* дар масофаи чандметрӣ қарор доштанд. Ӯ гуфт, тоҷикистониён аз гурезаҳо бо чеҳраи боз истиқбол карданду ҷой доданд.
Дар миёни онҳое, ки фирориёнро пешвоз гирифтанд, раиси шаҳри Хоруғ, Алишер Мирзонабот ва дигар шахсони расмӣ қарор дошанд.
Ахиран Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо намояндагони СММ ва Бунёди Оқохон масъалаи фирориён аз Афғонистонро баррасӣ кард. Намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ваъда доданд, ки ба Тоҷикистон дар мавриди ҳалли мушкилоти марбут ба фирориён кумак хоҳанд кард.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия