Пул ҳаст: аз муштариёни "Агроинвестбонк" хостанд, ки камеи дигар сабр кунанд

© SputnikАгроинвестбанк. Архивное фото
Агроинвестбанк. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Обуна шудан
Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ аз амонатдорони бонки барҳамхӯрдаи "Агроинвестбонк" хоҳиш кардааст, ки "босабр бошанд" ва ваъда додааст, ки рӯзҳои наздик пардохти ҷубронпулиро шурӯъ мекунанд
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ гуфтааст, ки бо назардошти зиёд будани шумораи пасандоздорони бонки ҶСК “Агроинвестбонк” (зиёда аз 27,0 ҳазор нафар), Хазина санҷиши ҳамаҷонибаи феҳристи омодашудаи пасандоздоронро ба анҷом расонида истода, барои гузаронидани корҳои омодагию техникӣ бо бонк-агент чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
"Бинобар ин, Хазина аз ҳамаи пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки босабр бошанд – санаи оғози пардохти ҷубронпулии суғурта ба пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” дар рӯзҳои наздик муайян ва эълон карда мешавад", - омадааст дар иттилоияи Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ.
Таъхири пардохт ба "Агроинвестбонк" дар ҳолест, ки додани ҷуброни суғурта ба пасандозгузорони "Тоҷиксодиротбонк" рӯзи чоршанбеи гузашта, 23 июн, дар шӯъбаҳои "Ориёнбонк" оғоз ёфт.
Ба иттилои манбаъ, барои пардохти ҷубронпулии суғурта ба ҳамаи пасандоздорони ҶСК “Агроинвестбонк” ва ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” маблағи 215,0 млн. сомонӣ зарур аст, ки он 67 фоизи маблағи умумии захираи Хазинаро барои пардохти ҷубронпулии суғурта ташкил медиҳад.
Аз ин рӯ, ба пасандоздорони бонкҳои барҳамдодашуда хотиррасон менамоем, ки дар Хазина маблағҳо кофӣ буда, ба бонк-агентҳо барои пардохти ҷубронпулии суғурта саривақт интиқол дода мешаванд, омадааст дар иттилоия.
Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистон, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Қарори Ҳукумат: бонки нави ССБ ба ҷои “Агроинвестбонк” омаду пулаш 2 баробар зиёд шуд
Гуфта мешавад, ҳангоми муроҷиати пасандоздор ва бо шарти пешниҳоди ҳамаи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ӯ ва мавҷудияти маълумот дар бораи ӯ дар феҳристи пасандоздорон барои пардохти ҷубронпулии суғурта, инчунин мавҷуд набудани ҳолатҳои баҳснок, бонк-агент дар рӯзи дархост маблағи ҷубронпулиро тарики нақдӣ ё ғайринақдӣ ба суратҳисоби нишондодаи пасандоздор мегузаронад (бо назардошти гузаронидани ҳамаи расмиёт ва санҷишҳо).
Ёдовар мешавем, 21 май БМТ аз бозхонди иҷозатномаҳои ду бонки бузурги - "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк" хабар дод.
Рӯзи 26 май бошад Фонди суғуртаи пасандозҳои Тоҷикистон ба амонатгузорони ин бонкҳо иттилоъ дод, ки пасандозҳои шахсони воқеӣ бо пули миллӣ то 30 ҳазор сомонӣ ва бо асъори хориҷӣ то 21 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Фонд пурра ҷуброн карда мешаванд.
Тибқи иттилои манбаъ, пардохти ҷуброн ба амонатгузорон аз ҷониби агент-бонк дар муддати 14 рӯз пас аз баровардани қарори суд дар бораи барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ сурат мегирад. Маблағи боқимондаи амонатҳои шахсони воқеӣ дар ҷараёни барҳамдиҳӣ аз ҷониби роҳбари махсус тибқи тартиби муқарраршуда пардохт карда мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Қарори Ҳукумат барои гирифтани миллиардҳояш аз “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”
“Тоҷиксодиротбонк” ва Агроинвестбонк” ду бонке мебошанд, ки аз соли 2015 ба ин сӯ ба гирдоби буҳрони густардае афтоданд ва ахиран барҳам дода шуданд.
“Тоҷиксодиротбонк”, бонке, ки дар миёни бонкҳои тиҷоратӣ қудратмандтарин ба ҳисоб мерафт, соли 2015, замони мувоҷеҳ шуданаш ба мушкилоти молӣ 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ дороӣ дошт.
Дар шарҳи барҳамдии бонкҳо, Бонки миллӣ гуфт, бо вуҷуди дастгирии ҳукумат онҳо натавонистанд аз варшикастагӣ раҳо ёбанд.
Лентаи хабарҳо
0