Қарори Ҳукумат барои гирифтани миллиардҳояш аз “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк”

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2021
Обуна шудан
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон, қарори Ҳукуматро муаррифӣ намуд, ки ба гирифтани пулҳои давлатӣ аз бонкҳои барҳамхӯрдаи “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” равона гардидааст
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон хотиррасон намуд, ки Ҳукумат моҳи декабри соли 2016 барои сармоякунонии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ҳудуди 3,3 миллиард сомонӣ дода буд.
Аз ҷумла бо мақсади сармоягузории “Тоҷиксодиротбонк” дар ҳаҷми 2,25 миллиард сомонӣ ва “Агроинвестбонк” ба андоозаи 1,07 миллиард сомонӣ, дар ҳаҷми 3,3 миллиард сомонӣ коғазҳои қиматноки давлатӣ ба муомилот бароварда шудааст.
Феълан, ки иҷозатномаи ин бонкҳо бозхонд шудаасту дар ҳоли барҳамхӯрӣ қарор доранд, Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули қарори ҷадид масъалаи баргардондани маблағҳоро бо парлумон ба миён гузошт.
Вазири молия ҳафтаи равон дар парлумон қарори Ҳукумати Тоҷикистон аз 20 майи соли 2021 – ро муаррифӣ намуда, мақсади онро танзими уҳдадориҳои молиявии байни Ҳукумат ва “Тоҷиксодиротбонк” – у “Агроинвестбонк” гуфт, ки ҳанӯз соли 2016 ташаккул ёфтаанд.
“Амалияи муқаррароти пешбинишуда тавассути ба тавозуни давлат қабул кардани дороиҳо ва молу мулки ҷамъиятҳои саҳомии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ва фурӯши онҳо анҷом дода мешавад”, - таъкид кард Қаҳҳорзода.
Ӯ тавзеҳ дод, ки бо мақсади таъмини уҳдадориҳо аз рӯи коғазҳои қиматноки давлатӣ, дороиҳои ҶСК “Тоҷиксодирот­бонк” ва ҶСК “Агроинвестбонк” тибқи рӯйхат ба Вазорати молия ҳамчун амволи гарав пешниҳод карда шуданд.
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин пешниҳодҳо барои баргардондани пули Ҳукуматро қабул кард.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Бонки миллӣ дар баробари бозхонди иҷозатнома, хабар дода буд, ки аз шумораи умумии пасандоздорони суғурташудаи ҶСК “Тоҷиксодиротбонк” 64 фоизи пасандоздорон, яъне 3,5 ҳазор нафар пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн мегиранд. Ин ниҳод афзуд, пасандози 36 фоизи дигарашон, яъне 2 ҳазор нафар аз ҳисоби Хазина қисман ҷуброн карда мешаванд ва қисми боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби ба фурӯш баровардани дороиҳои худи бонк аз ҷониби мудири махсус ба мизоҷон пардохт мегардад.
Ба ҳайси мудир дар "Тоҷиксодиротбонк" Ҷамшед Абдураҳмонов таъйин шудааст.
Муродали Алимардон. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2021
Маълум шуд, ки ба ҷои Муродалӣ Алимардон киро масъул гузоштанд
Бонки миллӣ дар мавриди “Агроинвестбонк” иттилоъ дод, ки аз шумораи умумии пасандоздорони суғурташудаи ҶСК “Агроинвестбонк” 86 фоизи пасандоздорон, яъне 23,7 ҳазор нафар пурра аз ҳисоби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ҷуброн мегиранд. Маблағи 14 фоизи дигар пасандоздорон, яъне 4 ҳазор нафар аз ҳисоби Хазина қисман ҷуброн карда мешаванд ва қисми боқимондаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳисоби ба фурӯши дороиҳо пардохт карда мешаванд.
Тибқи иттилои Бонки миллии Тоҷикистон, масъулияти ҳисоббаробаркунӣ бо созмонҳову муштариёни талабкори "Агроинвестбонк" бар дӯши Даврон Тухтаров гузошта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0