https://sputnik.tj/20210622/qarori-hukumat-bonki-nav-agroinvestbonk-pul-1040362866.html
Қарори Ҳукумат: бонки нави ССБ ба ҷои “Агроинвестбонк” омаду пулаш 2 баробар зиёд шуд
Қарори Ҳукумат: бонки нави ССБ ба ҷои “Агроинвестбонк” омаду пулаш 2 баробар зиёд шуд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат дафтари маркази бонки навтаъсиси “Саноатсодиротбонк” – ро дар бинои Саъдӣ Шерозӣ 21 муқаррар кард, ки қаблан дар он “Агроинвестбонк” ҷой гирифта буд
2021-06-22T15:00+0500
2021-06-22T15:00+0500
2021-06-22T15:55+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
бонк
тоҷиксодиротбонк
агроинвестбонк
пул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040362116_0:83:2048:1235_1920x0_80_0_0_412dd05ac6040b946a7ab88da94886cb.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Бар асоси қарори ҷадиди Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон имзо кард, сармояи оинномавии “Саноатсодиротбонк” низ қариб ду баробар - аз 200 миллион сомонии қаблӣ то ба 380 миллион сомонӣ расонда шуд. “Саноатсодиротбонк”, ки соли гузашта дар заминаи Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфту мақари асосиаш дар маркази Душанбе - кӯчаи Теҳрон 21 буд, ба хиёбони Саъдӣ Шерозӣ ба ҷои “Агроинвестбонк” кӯчидаст. Ҳукумати Тоҷикистон таъкид намудааст, ки раёсати бонки мазкур масъули муайянсозии самтҳои асосии фаъолияти он буда, татбиқи онро назорат мебарад. Раисиҷумҳур Бобозода Ҳокимшо Ҷурахонро раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии ҷумҳурӣ “Саноатсодиротбонк” таъйин карда буд, ки пеш аз ин Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукуматро роҳбарӣ мекард. Ғарибшозода Азизшо Қиматшо муовини якуми раис ва Шуҳрат Фаридун, муовини раиси “Саноатсодиротбонк” таъйин гардида буд. Ин бонк дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд, ки соли гузашта дар паёмаш ба парлумон гуфта буд, ки Ҳукумат барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ бонк таъсис диҳад.Кӯчондани дафтари асосии “Саноатсодиротбонк” ба бинои пешини “Агроинвестбонк” дар ҳолест, ки ахиран Бонки миллӣ иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” – ро бозхонд кард.
https://sputnik.tj/20210526/mablagh-mushtariyoni-agroinvestbonk-tojiksodirotbonk-pardoht-1039741041.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/16/1040362116_146:0:1903:1318_1920x0_80_0_0_5b4f464a5f133c5f15bc5b3d0676a266.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
агроинвестбонк, саноатсодиротбонк, пул, сармоя, зиёд
агроинвестбонк, саноатсодиротбонк, пул, сармоя, зиёд
Қарори Ҳукумат: бонки нави ССБ ба ҷои “Агроинвестбонк” омаду пулаш 2 баробар зиёд шуд
15:00 22.06.2021 (Навсозишуда: 15:55 22.06.2021) Эмомалӣ Раҳмон бо имзои қарори Ҳукумат дафтари марказии бонки навтаъсиси “Саноатсодиротбонк” – ССБ - ро дар бинои хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 21 муқаррар кард, ки қаблан дар он “Агроинвестбонк” ҷой гирифта буд
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Бар асоси қарори ҷадиди Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон моҳи равон имзо кард, сармояи оинномавии “Саноатсодиротбонк” низ қариб ду баробар - аз 200 миллион сомонии қаблӣ то ба 380 миллион сомонӣ расонда шуд.
“Саноатсодиротбонк”, ки соли гузашта дар заминаи Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис ёфту мақари асосиаш дар маркази Душанбе - кӯчаи Теҳрон 21 буд, ба хиёбони Саъдӣ Шерозӣ ба ҷои “Агроинвестбонк” кӯчидаст.
Ҳукумати Тоҷикистон таъкид намудааст, ки раёсати бонки мазкур масъули муайянсозии самтҳои асосии фаъолияти он буда, татбиқи онро назорат мебарад.
Раисиҷумҳур Бобозода Ҳокимшо Ҷурахонро раиси раёсати Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии ҷумҳурӣ “Саноатсодиротбонк” таъйин карда буд, ки пеш аз ин Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукуматро роҳбарӣ мекард. Ғарибшозода Азизшо Қиматшо муовини якуми раис ва Шуҳрат Фаридун, муовини раиси “Саноатсодиротбонк” таъйин гардида буд.
Ин бонк дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуд, ки соли гузашта дар паёмаш ба парлумон гуфта буд, ки Ҳукумат барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ бонк таъсис диҳад.
Кӯчондани дафтари асосии “Саноатсодиротбонк” ба бинои пешини “Агроинвестбонк” дар ҳолест, ки ахиран Бонки миллӣ иҷозатномаҳои “Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” – ро бозхонд кард.