Маош 65 ҳазор рубл: ширкати русӣ дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкРабочие во время строительства, архивное фото
Рабочие во время строительства, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2021
Обуна шудан
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон эълон кардааст, ки намояндагони ширкати сохтмонии “ПИК-Модул”-и Маскав дар Тоҷикистон коргар меҷӯянд. Ин ширкат номнависи муҳоҷиронро оғоз намудааст
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон хоҳишмандон – муҳоҷирони корӣ метавонанд то санаи 23 июн санадҳои худро ба ба Хадамоти муҳоҷират бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айни 121 барои таъмини кор супоранд.
Тибқи иттилои манбаъ, Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо ширкати сохтмонии “ПИК-Модул”-и шаҳри Москва номнавис ва бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳуриро оғоз намудааст.
Представители министерства труда и занятости населения РТ встретились с представителями компании ПИК-модуль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2021
Ширкати “ПИК-Модул”-и Русия мехоҳад муҳоҷирони тоҷикро бештар ба кор ҷалб намояд
Манбаъ қайд кардааст, ки муҳлати қабул танҳо се рӯз, аз 21 то 23 июни соли равон муайян шудааст.
“Музди меҳнати кормандон 55 -65 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон чипта ройгон буда, тамоми хароҷот аз ҷониби ширкати сохтмонии "ПИК Модул" пардохт карда мешавад. Рӯзи корӣ аз соати 8 субҳ то 8 бегоҳирӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шудааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Ҳамзамон зикр гардидааст, ки ширкати мазкур барои фаъолияти меҳнатӣ мардони то синни 43 соларо ба кор қабул мекунад.
Лентаи хабарҳо
0