https://sputnik.tj/20210610/pik-modul-rusiya-muhojironi-tojik-kor-jalb-1040132487.html
Ширкати “ПИК-Модул”-и Русия мехоҳад муҳоҷирони тоҷикро бештар ба кор ҷалб намояд
Ширкати “ПИК-Модул”-и Русия мехоҳад муҳоҷирони тоҷикро бештар ба кор ҷалб намояд
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини ширкати “ПИК-модул”-и Русия дар мулоқот бо кормандони Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон таъкид доштанд, ки омодаи тақвияти ҳамкорӣ дар самти муташакилона сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд
2021-06-10T14:05+0500
2021-06-10T14:05+0500
2021-08-10T14:45+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
ширкат
сохтмон
ҷалб
дар русия
муҳоҷирони корӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040132433_0:0:960:540_1920x0_80_0_0_3aed6af2aa97b6be9aaa73108a9a5855.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ахиран кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо муовини директори генералии ширкати сохтмонии “ПИК-модул” Ирина Морозова дидору гуфтугӯ карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст. Тибқи иттилои манбаъ, намояндагони вазорат дар Русия аз шароити кор ва буду боши муҳоҷирон – шаҳрвандони Тоҷикистон дидан намуда, масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар ширкати сохтмонии “ПИК-Модул”-ро баррасӣ намуданд. Манбаъ таъкид доштааст, ки зимни мулоқот муовини директори генералии ширкати сохтмонии “ПИК-Модул” аз фаъолияти пурсамар ва нишондиҳандаҳои хуби 200 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар ширкати мазкур изҳори қаноатмандӣ намудааст. Ирина Морозова, таъкид намудааст, ки ширкати “ПИК-модул” омодаи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муташакилона сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ мебошанд.Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия пеш аз пандемия ҳамагӣ 484 ҳазор муҳоҷири менатӣ кору зиндагӣ мекард. Аммо ҷониби Русия ин оморро қабул надорад ва мегуфт, ки дар қаламрави Русия беш аз 1,2 миллион, муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба ҳолати 1 майи соли 2021 шумори муҳоҷирони меҳнатӣ (мақсади вурудашонро ба Русия кор зикр кардаанд) 2,68 млн нафарро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 ба андозаи 35% камтар аст.
https://sputnik.tj/20210604/hushdori-hadamoti-muhjoriat-budu-boshi-rusiya-rasmiyat-1039984530.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/0a/1040132433_108:0:828:540_1920x0_80_0_0_e5f7ac0260c916d213a4253674304989.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, муҳоҷират, русия, ширкати сохтмонӣ, пик
тоҷикистон, муҳоҷират, русия, ширкати сохтмонӣ, пик
Ширкати “ПИК-Модул”-и Русия мехоҳад муҳоҷирони тоҷикро бештар ба кор ҷалб намояд
14:05 10.06.2021 (Навсозишуда: 14:45 10.08.2021) Масъулини ширкати “ПИК-модул”-и Русия дар мулоқот бо кормандони Намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон таъкид доштанд, ки омодаи тақвияти ҳамкорӣ дар самти муташакилона сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ мебошанд
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ахиран кормандони Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо муовини директори генералии ширкати сохтмонии “ПИК-модул” Ирина Морозова дидору гуфтугӯ карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, намояндагони вазорат дар Русия аз шароити кор ва буду боши муҳоҷирон – шаҳрвандони Тоҷикистон дидан намуда, масъалаи пардохти саривақтии музди меҳнат ва ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ дар ширкати сохтмонии “ПИК-Модул”-ро баррасӣ намуданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки зимни мулоқот муовини директори генералии ширкати сохтмонии “ПИК-Модул” аз фаъолияти пурсамар ва нишондиҳандаҳои хуби 200 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон дар ширкати мазкур изҳори қаноатмандӣ намудааст.
Ирина Морозова, таъкид намудааст, ки ширкати “ПИК-модул” омодаи тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муташакилона сафарбар намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатӣ мебошанд.
Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия пеш аз пандемия ҳамагӣ 484 ҳазор муҳоҷири менатӣ кору зиндагӣ мекард. Аммо ҷониби Русия ин оморро қабул надорад ва мегуфт, ки дар қаламрави Русия беш аз 1,2 миллион, муҳоҷири меҳнатӣ аз Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба ҳолати 1 майи соли 2021 шумори муҳоҷирони меҳнатӣ (мақсади вурудашонро ба Русия кор зикр кардаанд) 2,68 млн нафарро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2020 ба андозаи 35% камтар аст.