https://sputnik.tj/20210601/vkd-tarkish-suzishvori-jarohat-1039875745.html
ВКД таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Сони-С"-ро шарҳ дод: 9 нафар ҷароҳат бардошт
ВКД таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Сони-С"-ро шарҳ дод: 9 нафар ҷароҳат бардошт
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи таркиш ва оташгирии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ 9 нафар зарар дидааст 01.06.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-06-01T09:30+0500
2021-06-01T09:30+0500
2021-06-01T10:04+0500
вкд
абдураҳмони ҷомӣ
сӯхтор
нфс
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103037/94/1030379439_0:180:3005:1870_1920x0_80_0_0_a68448a43ada16663c49df51ceed8206.jpg
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон расман оташгирии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхиро шарҳ дод.Тибқи иттилои расмии ин ниҳод, рӯзи 31 майи соли 2021, тахминан соати 15:45 дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ "Сони-С", воқеъ дар деҳаи Зархези ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таркиш ба амал омада, боиси сар задани сӯхтор гардид.Ба иттилои манбаъ, дар зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишворӣ таркиш ба амал омада, масоҳати сӯхтор 40 метри мураббаъро дар бар гирифт.Ба гузориши ин ниҳод, бо истифода аз 7 адад нақлиёти оташнишонӣ ва дигар қувваю воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ хавфи паҳншавии сӯхтор ба дигар бинову иншоотҳои наздик пешгирӣ карда шуд.Аз рӯи таҳқиқи пешакии ҳодисаи сӯхтор маълум гардид, ки сабаби ба амал омадани таркиши зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишворӣ, ин корношоям гардидани механизми сарпӯши (клапани) ихроҷи ҳавои фишурдашудаи сӯзишвории дар зарф мавҷудбуда мебошад, шарҳ додааст ВКД.Санҷишҳои саросарӣ дар кишвар баъд аз таркиш дар НФС-и Душанбе: ВКД камбудиҳоро ошкор кардГуфта мешавад, маблағи зарари аз сӯхтор аз тарафи комиссияи салоҳиятдор ва мутахассисон муайян карда мешавад.Ёдрас мешавем, ки аввали моҳи гузашта низ дар маҳаллаи “Испечак-2”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сӯхтор сар зад, ки дар пайи он 29 нафар осеб дид ва як ҷавон пас аз чанд рӯзи табобат фавтид.
https://sputnik.tj/20210503/khf-shumori-osebdidagon-suhtor-nfs-dushanbe-29-nafar-ast-1039234071.html
абдураҳмони ҷомӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103037/94/1030379439_136:0:2867:2048_1920x0_80_0_0_ce02ae4bbb5a8c9df417dc081421e65a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд, абдураҳмони ҷомӣ, сӯхтор, нфс
вкд, абдураҳмони ҷомӣ, сӯхтор, нфс
ВКД таркиши нуқтаи фурӯши сӯзишвории "Сони-С"-ро шарҳ дод: 9 нафар ҷароҳат бардошт
09:30 01.06.2021 (Навсозишуда: 10:04 01.06.2021) Дар пайи таркиш ва оташгирии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ 9 нафар зарар дидааст
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон расман оташгирии нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхиро шарҳ дод.
Тибқи иттилои расмии ин ниҳод, рӯзи 31 майи соли 2021, тахминан соати 15:45 дақиқа дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҶДММ "Сони-С", воқеъ дар деҳаи Зархези ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон таркиш ба амал омада, боиси сар задани сӯхтор гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишворӣ таркиш ба амал омада, масоҳати сӯхтор 40 метри мураббаъро дар бар гирифт.
Ба гузориши ин ниҳод, бо истифода аз 7 адад нақлиёти оташнишонӣ ва дигар қувваю воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ хавфи паҳншавии сӯхтор ба дигар бинову иншоотҳои наздик пешгирӣ карда шуд.
"Дар натиҷаи сӯхтор 9 нафар шаҳрвандон ҷароҳати миёна ва сабуки сухтаи бадан бардошта, фавти шаҳрвандон ба қайд гирифта нашудааст", - афзудааст манбаъ.
Аз рӯи таҳқиқи пешакии ҳодисаи сӯхтор маълум гардид, ки сабаби ба амал омадани таркиши зарфҳои нигоҳдории маводи сӯзишворӣ, ин корношоям гардидани механизми сарпӯши (клапани) ихроҷи ҳавои фишурдашудаи сӯзишвории дар зарф мавҷудбуда мебошад, шарҳ додааст ВКД.
Гуфта мешавад, маблағи зарари аз сӯхтор аз тарафи комиссияи салоҳиятдор ва мутахассисон муайян карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки аввали моҳи гузашта низ
дар маҳаллаи “Испечак-2”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ сӯхтор сар зад, ки дар пайи он 29 нафар осеб дид ва як ҷавон пас аз чанд рӯзи табобат фавтид.