https://sputnik.tj/20210503/khf-shumori-osebdidagon-suhtor-nfs-dushanbe-29-nafar-ast-1039234071.html
Дақиқ шуд: КҲФ шумори осебдидагон аз сӯхтор дар НФС-и Душанберо эълон кард
Дақиқ шуд: КҲФ шумори осебдидагон аз сӯхтор дар НФС-и Душанберо эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Миёни зарардидагон 3 зан ҳам ҳастанд, ки вазъи яке аз онҳоро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд
2021-05-03T12:40+0500
2021-05-03T12:40+0500
2021-07-07T18:30+0500
дар тоҷикистон
кҳф
таркиш
осебдидагон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/02/1039222734_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_490ad96600a6f0d62c236b04ce59ef87.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Бар асари сӯхтор ва таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и шаҳри Душанбе рӯзи 1 май 29 нафар осеб диданд.Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ҳамаи осебдидагон ба Маркази тиббии №3 ва Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд.Гуфта мешавад, 3 нафар аз зарардидагон занони аз 47 то 25-сола мебошанд, ки ҳоли яке аз ин занҳо вазнин гузориш шудааст.Ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба сокини Душанбе, Эҳсонҷон Розиқови 33-сола тааллуқ дорад.Ёдрас мешавем, ки соати тахминан 18:30 шоми 1 май дар маҳаллаи “Испечак-2”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сӯхтор сар зада, баъдан таркиш ба амал омад. КҲФ хабар медиҳад, ки барои бартараф кардани ҳодиса 31 дастаи Хадамоти оатшнишонӣ ва 9 мошини ёрии таъҷилӣ сафарбар шуда, танҳо соати 22:12 сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.Аз алангаи оташ ва таркиш як манзили истиқоматии назди нуқтаи фурӯш ва кӯдакистони хусусӣ қисман зарар диданд.
https://sputnik.tj/20210502/tafsiloti-tarkish-suhtori-ispechak-dushanbe-1039226180.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/02/1039222734_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_b36ebe38569a5003089e3eb1a6208b44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, таркиш, кҳф
Дақиқ шуд: КҲФ шумори осебдидагон аз сӯхтор дар НФС-и Душанберо эълон кард
12:40 03.05.2021 (Навсозишуда: 18:30 07.07.2021) Миёни зарардидагон 3 зан ҳам ҳастанд, ки вазъи яке аз онҳоро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Бар асари сӯхтор ва таркиш дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС)-и шаҳри Душанбе рӯзи 1 май 29 нафар осеб диданд.
Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, ҳамаи осебдидагон ба Маркази тиббии №3 ва Муассисаи давлатии Маркази миллиии Шифобахш (Қарияи Боло) интиқол дода шуданд.
“22 нафари ба бемористонҳо интиқолёфта, пас аз ёрии аввали тиббӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуда, боқимонда зери муоинаи табибон қарор доранд. 4 нафар ҷарроҳӣ шуда, вазъи 2 нафарро табибон вазнин арзёбӣ мекунанд”, - омаааст дар хабари маркази матбуоти Кумита.
Гуфта мешавад, 3 нафар аз зарардидагон занони аз 47 то 25-сола мебошанд, ки ҳоли яке аз ин занҳо вазнин гузориш шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Кумита, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба сокини Душанбе, Эҳсонҷон Розиқови 33-сола тааллуқ дорад.
Ёдрас мешавем, ки соати тахминан 18:30 шоми 1 май дар маҳаллаи “Испечак-2”-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сӯхтор сар зада, баъдан таркиш ба амал омад. КҲФ хабар медиҳад, ки барои бартараф кардани ҳодиса 31 дастаи Хадамоти оатшнишонӣ ва 9 мошини ёрии таъҷилӣ сафарбар шуда, танҳо соати 22:12 сӯхтор ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
Аз алангаи оташ ва таркиш як манзили истиқоматии назди нуқтаи фурӯш ва кӯдакистони хусусӣ қисман зарар диданд.