Маълум шуд, кай оилаҳои осебдида аз сел дар Тоҷикистон ба хонаҳои нав медароянд
18:15 26.05.2021 (Навсозишуда: 18:43 26.05.2021)
© КҲФБартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон
© КҲФ
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфт, кай хонаводаҳои аз сел осебдида ба манзилҳои навашон медароянд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Оилаҳои осебдида аз сел дар навоҳи Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Кӯлоб то охири фасли тобистон соҳиби манзилҳои нав мешаванд, гуфт Умеда Юсуфӣ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
Бино ба гузориши манбаъ, алъон корҳои барқарорсозӣ ва сохтмони манзилҳои нав дар Вахш ва дигар навоҳии зарардида аз сел идома дорад. Масалан дар ноҳияи Вахш кормандони КҲФ бо ҷалби 3 техника шабонарӯзи гузашта шаш хонаи офатрасидаро аз лойоба тоза намуданд.
Бояд гуфт, Ҳукумати Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар манотиқи аз обхезиҳо зарардида 128 манзили нав сохта мешавад, ки ҳар кадомаш 280 ҳазор сомонӣ арзиш дорад.
То кунун пойдевори 8 хонаи истиқоматӣ сохта шудааст.
"Бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сохтмони ин хонаҳо бояд то охири фасли тобистон пурра ба анҷом расонида шавад", - гуфт Умеда Юсуфӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Тибқи иттилои КҲФ, барои сохтани 20 хонаи истиқоматӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ корҳои кандани хандақҳо, рехтани пойдевор идома доранд ва сохтани девори ҳафт хона оғоз шудааст.
© КҲФБартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон
© КҲФ
Дар шаҳри Кӯлоб хизматчиёни ҳарбии КҲФ ва дигар сохторҳо бо ҷалби 17 техникаи гуногун кӯчаи ба номи Содиқов аз паёмадҳои офат тоза карданд, қаламрави маҳаллаҳои С.Даминзода, Корвонсарой, Хати роҳ, Тудакафш, ҳамчунин сойи Тебалай низ аз ҳар гуна селовардҳо поккорӣ шуданд.
"14 маҳалла, сойи Тебалай, Шураксой ва Девонасой бо истифода аз доруҳои зиддиуфунӣ пок шуданд", - омадааст дар хабари КҲФ.
Манбаъ афзуда, ки як пул дар маҳаллаи Фирдавсӣ барқарор карда шуд ва барои барқарор намудани пулҳои вайроншудаи дигар корҳо идома доранд, дар маҳаллаи НБТ аз лою лойқа 500 метр роҳ тоза карда шуд.
© КҲФБартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон
© КҲФ
Осебдидаҳои сел дар хаймаҳо чӣ ҳол доранд
Барои хонаводаҳои осебдида аз сел дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Вахш хаймаҳо гузошта шудааст. Сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Умеда Юсуфӣ мегӯяд барои ин оилаҳо дар хаймаҳо ҳамаи шароитҳо муҳайё ҳаст.
"Ба осебдидаҳо се маротиба дар як рӯз ғизои гарм дода мешавад. Хизматрасонии тиббӣ барояшон муҳайё аст. Ҳамчунин ба ин хонаводаҳо кумаки гуманитарӣ расонида мешавад", - гуфт Юсуфӣ.
Манбаъ афзуд, ки бештар барои хонаводаҳои зарардида масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, таҷҳизот барои ошхона, курпаю болишт ва дигар лавозимоти муҳим кумак расонида мешавад.
Умеда Юсуфӣ афзуд, ки дар баробари ин хаймаҳои хонаводаҳои осебдида дизенфексия карда мешавад.
© Мақомоти вилояти ХатлонХаймаҳо барои зарардидагони сел дар ноҳияи Вахш
Хаймаҳо барои зарардидагони сел дар ноҳияи Вахш
© Мақомоти вилояти Хатлон
Ҳукумати Тоҷикистон эълом карданд, боронгариҳои рӯзҳои 8 то 11 май, ки гуфта мешавад 9 қурбонӣ бар ҷой гузошт, зиндагии 14 ҳазору 500 нафарро дар вилояти Хатлон душвор кардааст.
Ин ҳодисаи нохуш ҷони одамонро дар ҳолатҳои гуногун гирифт. Ҳамин тавр, дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар фавтиданд, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷрои селоба пайдо карда шуд.
Дар баробари ин, дар шаҳри Ҳисор низ 1 нафар ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ба ҳалокат расид.
Дар ин вилоят 128 хона ба таври комил бар асари сел вайрон шуда ва 400 хонаи дигар ба тармиму бозсозӣ ниёз дорад.